Дар иҷлосияи ХIХ Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан (даъвати чорум) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯйи ин масъала муовини раиси шаҳр, вакил аз ҳавзаи интихоботии №31 «Ниҳонӣ» Фозилова Хосият маърӯза кард. Чанд тан аз вакилони халқ пиромуни татбиқи қонуни мазкур андешаву пешниҳодоти худро баён намуданд. Пас аз анҷоми кори иҷлосия суҳбате доштем бо Хосият Фозилова.
- Хосият Ҳайдаровна, лутфан бигӯед, ки муҷиби мавриди баррасии махсус қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» дар чист?
- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки шакли хеле муҳим ва яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ-худидоракунии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳё гардад.
Ин замина ҳанӯз дар Паёми Президенти мамлакат 16 апрели соли 2005 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, дар ин раванд бо Фармони Сарвари давлат соли 2006 «Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2015» қабул гардид. Ҷиҳати таъмини иҷрои татбиқи стратегияи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» аз 5 январи соли 2008 таҳти №347 ба тасвиб расид. Мутобиқи қонуни зикршуда мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрии бе узвияти шаҳрвандон буда, мақсади он ҳал намудани масъалаҳои гуногуни иҷтимоист, ки дар маҳалли зисти шаҳрвандон пайдо мешаванд. Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки мақомоти давлатӣ барои ташкилу фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ шароити зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва дигарҳоро муҳайё ва барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои аҳолӣ мусоидат менамояд.
- Кумитаҳои маҳалла, ки талаботи қонуни мазкурро иҷро мекарданд, пештар ҳам дар шаҳри Истаравшан мавҷуд буданд. Дар ин хусус чӣ андеша доред?.
- Бале, бояд зикр намуд, ки ҳанӯз дар солҳои 50-уми асри гузашта дар шаҳри Истаравшан аввалин кумитаҳои маҳаллаҳо ба қайд гирифта шудаанд ва онҳо фаъолияти хуб ҳам мекарданд.
Ин замина барои сарҷамъии мардум мусоидат намуда, раванди ободкорӣ вусъат меёфт. Акнун, баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» кору фаъолияти мақомоти худидораи ҷамъиятӣ мутобиқи қонун ба пеш бурда мешаванд. Алҳол дар шаҳру деҳаҳои Истаравшан 69 кумитаи деҳа ва се шаҳрак дар ҷамоатҳо ва 22 кумитаи маҳаллаҳо дар шаҳр фаъолият доранд, ки дар маҷмуъ 94 ададро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 35 кумитаи маҳаллаҳо дар асоси Оиннома, 81 адад дорои утоқи корӣ, 25 адад дорои муҳр мебошанд. Масалан, кумитаҳои маҳаллаҳои деҳоти «Сӯфи Ориф», «Қӯрғонча» ва «Лакат» ба ин мисол шуда метавонанд.
Мутаассифона, 25 кумитаи маҳаллаҳо дорои муҳр бошанд ҳам, то ба ҳол суратҳисоби бонкӣ надоранд. Дар моддаи 3-и қонуни номбурда оварда шудааст, ки мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ метавонад суратҳисоби бонкӣ кушода, муҳр ва бланкаҳои худро дошта бошад. Тибқи моддаи 17 пешбинӣ гардидааст, ки мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар моликияташ биноҳо, иморатҳо, таҷҳизот, асбобу анҷом, маблағ ва дигар молу мулк дошта метавонад, ки барои таъминоти моддии фаъолияти оинномавии ин мақомот заруранд.
Бояд зикр намуд, ки 22 кумитаи маҳаллаи дар ҳудуди шаҳр амалкунанда дорои талаботи зикргардида — утоқи корӣ, мизу курсӣ, маводҳои конселярӣ, китобҳои воридотиву содиротӣ, қайди шаҳрвандон, китоби қайди танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мебошанд.
Дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо раиси кумита шӯроҳои собиқадорони меҳнат, занон, ҷавонон амал мекунанд.
Дигар ин ки дар ин кумитаҳои маҳаллаҳо маҷлисҳои умумӣ чун мақоми олии фаъолият ба шумор рафта, дар асоси ҷадвали тасдиқкардаи раиси шаҳр ҳар нимсола ва солона бо иштироки аҳолӣ ва намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор мегардад. Дар он асосан ҳисоботи раиси кумитаи маҳалла, раванди бунёдкорӣ дар он ва нақшаҳои минбаъда дар ҳамбастагӣ бо аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Сокинон ва фаъолони маҳаллаҳо доир ба сиёсати созандагӣ ва беҳтар намудани некуаҳволии мардум таклифу пешниҳодҳои худро озодона баён менамоянд.
-Таклифу пешниҳод, пешбарӣ кардан кори хуб аст, вале хубтар мебуд, ки худи мардум дар ривоҷи корҳои ободониву созандагӣ ташаббускор мешуданд.
- Ва ташаббускор ҳам ҳастанд. Аз қадимулайём мардуми сарбаланди тоҷик дорои неруи созандаву ободкор буданд. Ҷиҳати ободонии маҳалли худ, сохта ба истифода додани иншооти ҳаётан муҳим бо роҳи ҳашар, бо ҷалби сармояи саховатпешагон, ба танзим овардани кору фаъолияти сокинони ҳамон маҳал ва ғайра аз мисолҳои ташаббускорӣ ва тарзи дастаҷамъонаи ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардумони мо маҳсуб мешаванд.
Дар се соли охир дар миқёси шаҳру деҳоти «Истаравшан» ба таври ҳашар 63 синфхонаи иловагӣ барои 1570 нафар хонанда сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар самти корҳои ободонӣ бошад, зикр кардан бамаврид аст, ки мактабҳои нав дар деҳаи Наймани деҳоти «Чорбоғ», бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сӯфи Орифи деҳоти «Зарҳалол» ва деҳаи Сепулаи деҳоти «Пошкент» бо иштироки мардум тариқи ҳашар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки бо иқдоми соҳибкор Абдухолиқ Муъминов дар деҳаи Сахсиёни деҳоти «Гули Сурх» мактаби нави дорои ҳашт синфхона барои 270 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки аз ҷониби соҳибкор Назир Юлдошев сохта ба истифода додани бинои ҳаммом, тӯйхона ва нуқтаи савдо дар деҳаи Сӯфи Ориф, аз тарафи Муборак Маъмурова боғи истироҳатӣ-фароғатии «Муборак» дар деҳаи Қалъачаи Араб, аз тарафи соҳибкор Шӯҳрат Қутбиддинов бинои маҷмааи варзишии «Далерон» дар деҳаи Қалъачаи Араб ва дигар иншооти хизматрасон сохта ба истифода дода шуданд.
Гузашта аз ин, чунин падидаҳои нек дар кумитаҳои маҳаллаҳо низ ба назар мерасанд. Масалан, дар кумитаи маҳаллаи «Навобод», ки маҳалли зисти навбунёд мебошад, бо сарварии Абдуқаҳҳор Абдуллоев, корҳои зиёди ободонӣ, аз қабили мумфарш кардани роҳҳо ба масофаи 7,2 км, қумпӯш намудани роҳҳо ба масофаи 6,4 км, таъмиру аз нав барқарор намудани бинои маъмурии кумита, чойхона, сохтмони ду синфхона барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар корҳои ободкорӣ ба анҷом расонида шудаанд. Чунин тарзи корбарӣ ба кумитаҳои маҳаллаҳои Курушкада, Зафар, Боғот, Уротеппа, Ваҳдат, Лоҳутӣ, Дилшоди Барно, Навойӣ ва Рустамбек низ хос аст.
- Аз гуфтаҳои Шумо маълум мешавад, ки амалишавии ин қонун ҳоло ҳам ба тарғибу ташвиқ ниёз дорад. Дар ин маврид, ки як самти кори бахши идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аст, чӣ гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом мерасанд?
- Ба хотири вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати иҷрои ин қонун, бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу харакатҳои хусусияти террористидошта, дар байни аҳолӣ кумитаҳои маҳалаҳо ҳамчун сохтори бонуфузи ҷамъиятӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бо сохторҳои маҳаллии хокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳамкориҳои зич доранд.
- Дар замони Шӯравӣ маркази ҷамъшавии мардум чойхона буд. Оё эҳёи чойхонаҳо барои ҷамъ кардани мардуму дар байнашон бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба татбиқшавии ҳамин қонун мусоидат наменамояд?
- Яке аз унсурҳои ибтидоии таъсисёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ ин фаъолияти чойхонаҳо дар маҳалли зист мебошад. Чойхонаҳо мавзеи ҷамъшавии мардум буда, баҳри ҳалли мушкилоти иҷтимоии истиқоматкунандагон мавқеи хос доранд. Дар шаҳру деҳоти Истаравшан дар маҳаллаҳои зист 162 чойхона фаъолият мекунад, ки аз он 83 ададаш дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, боқимонда ба таъмиру барқарорсозӣ ниёз доранд.
Аз ин хотир зарур аст, ки бо ҷалби шаҳрвандон, якҷоя бо вакилони халқи маҳаллӣ ва мақомоти дахлдор, фаъолияти чойхонаҳоро аз нав эҳё намоем.
Суҳбаторо Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»