Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» озод намудани Раҳмон И. Х.

№143 (3937) 27.11.2018

аз 23 ноябри соли 2018, №552, ш. Душанбе

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» озод карда шавад.

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН