Гурӯҳҳои аввали онҳое, ки аз кишвари мо нияти зиёрати Хонаи Худо кардаанд, ба сафар баромаданд. Соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 6000 нафар шарафёби адои яке аз рукнҳои дини мубини Ислом шуданд. Барои ташкили сафари хуби зоирин, будубош дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара кори зиёд анҷом дода шуд. Барои интиқоли ҳоҷиён ба Арабистони Саъудӣ тавассути ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд 33 парвоз анҷом дода мешавад. Имсол бори нахуст чор нафар ошпазҳои бомаҳорат низ ҳоҷиёни тоҷикро ҳамроҳӣ менамоянд. Дар ин бора аз Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»