Тавофи каъбаи дил гар муяссарат гардад

№126 (3111) 08.10.2013

Алҳол айёми зиёрати Хонаи Худо мебошад ва аз кишвари мо низ ҳудуди 6000 нафар ба ин сафари муборак баромаданд ва баъди зиёрати маконҳои муқаддаси Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара чун ҳоҷӣ ба Тоҷикистон бармегарданд.

Ҳаҷ яке аз рукнҳои асосии панҷгонаи исломӣ буда, маънои қасдро дорад, яъне қасди зиёрати Хонаи Худо ва адои маносики он. Барои ҳар фарди мусулмони болиғ, оқил, солим, соҳиби нисоби закот ва дорои дигар имкониятҳои адои ҳаҷ фарз аст то як маротиба дар ҳаёти худ Хонаи Худоро зиёрат намояд. «Ва барои  Худованд, ҳаҷи он хона бар мардум фарз аст, ба ҳар касе, ки тавоноӣ ёфта ва ба он роҳ ёбад…» (Қуръон. Сураи Оли Имрон, ояти 97). Аммо агар тавоноӣ дошта бошад  ва чанд маротиба ҳаҷ кунад, ҳаҷи баъдии ӯ нофила маҳсуб гашта, сабаби кафорати гуноҳон мегардад. Ҳоҷӣ бояд, ки  пеш аз сафари ҳаҷ аз гуноҳ ва амалҳои бади худ пушаймон гашта, тавбаву истиғфор  намояд. Агар бар касе зулму ситам ё ноҳақию беадолатӣ карда бошад,   узру бахшиш хоста, ӯро аз худ розӣ  гардонад. Агар дар дили худ  бар касе бадбинӣ ё кинаву адоват дошта бошад, саъй намояд то қалби худро пок созад ва авфу бахшишро дареғ надорад, зеро дар ҳадисе омадааст, ки Худованд бахшанда аст ва бахшояндагонро дӯст медорад. Масрафи ҳаҷро бояд аз касб ва моли ҳалол омода созад, то ибодаташ  бе нуқсон ба даргоҳи Худо қабул гардад, зеро пайғамбари Худо дар ҳадисе фармудаанд: «Худо пок аст ба ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад». Инчунин Абуҳурайра (рз) нақл мекунад, ки расули Худо фармуданд: «Ҳар гоҳ  касе барои ҳаҷ бо моли поку ҳалол  хориҷ  шавад ва пои худро дар рикоб гузорад ва  фарёд кунад, ки «Лаббайка аллоҳумма лаббайк», аз осмон ӯро нидо диҳанд, ки: «Лаббайка ва сайдайка», тӯшаи ту ҳалол, василаи сафари ту низ  ҳалол аст ва ҳаҷат низ нек ва бегуноҳ аст. Яъне, мақбул аст. Чун шахсе бо моли ҳаром барои ҳаҷ хориҷ  шавад ва пойи худро бар рикоб ниҳад ва гӯяд: «Лаббайка аллоҳумма лаббайк», аз осмон ӯро нидо диҳанд, ки: «Ло лаббайка ва ло садайка», тӯшаи ту ҳаром ва нафақаи ҳаром аст ва ҳаҷи ту пур аз гуноҳ ва номақбул аст».

Ҳоҷӣ бояд дар вақти адои ҳаҷ ризоияти Худо ва талаби охиратро қасд намояд ва худро ба он аъмоле ороста созад, ки дар он ризои Худо ва ҳосил шудани савоб бошад, аз дунёпарастӣ, риёву шуҳрат, суханҳои беҳуда, дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ ва тамасхури дигарон худдорӣ намояд. Чунки ин гуна аъмол зишту номақбул буда, боиси зоеъ шудани амали нек ва сабаби қабул нагаштани он мешавад. «Ҳаҷ моҳҳои муайян аст ва ҳар кӣ дар ин моҳҳо ҳаҷро воҷиб кунад, пас дар ҳаҷ ҳамбистарии занон ва бадкорӣ ва бо ҳам муноқиша кардан раво нест ва ҳар чӣ аз некӣ мекунед Худованд онро медонад ва тӯша ҳамроҳ гиред ҳамоно беҳтарини тӯша парҳезгорӣ аст ва эй соҳибхирадон аз ман битарсед».(Қуръони Карим, асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ, Душанбе, Ирфон, 2007).

Ҳаҷ аз ҷумлаи он ибодот ва муносиботест, ки бандагон аз ҳар гушаву канори олам дар як мавзеъ ҷамъ меоянд ва Худованд бандагони худро зери сояи раҳмати худ қарор дода, онҳоро ба тоату тақво парвариш медиҳад, дар натиҷа миёни банда ва Офаридгор робитаи қавию мустаҳкам барқарор мешавад. Инчунин ҳаҷ  аломати итоати банда ба амри Худо ва мактаби тарбиятиест, ки ҳоҷӣ дар он аввалан худро ба Худованд таслим карда, аз он дарсҳои гуногун ва судманди ҳаётиро меомӯзад. Пайғамбари Худо (с) дорои олитарин одобу ахлоқи инсонӣ буда, дар ҳама ҳол, аз ҷумла дар вақти адои  ҳаҷ ҳоҷиёнро ба тоату ибодат, зуҳду тақво, зикру дуо, тавозуъу шикастагӣ, сабру таҳаммул, саховату ҷавонмардӣ,  хайру некӣ ва дигар  аъмоли нек дастур дода, аз ҳаром ва ҳар гуна аъмоли ношоиста барҳазар медоштанд.

Дар вокеъ ҳоҷӣ касест, ки барои адои фарзи Худо  сафар карда, ибодати худро мутобиқи қонуну талаботи  он ба ҷой овардааст ва аз гуноҳони худ тавба карда, хешро бо ахлоқи неку ва сифатҳои ҳамида ороста, аз фазилати ҳаҷ бархӯрдор гашта, бо қалби орому рӯҳи болида ба Ватан баргаштааст. Аммо агар мақсади ҳоҷӣ фақат  гирифтани ном ё унвони ҳоҷигӣ бошад, ё ин ки баъд аз тавба кардану баргаштанаш ба Ватан  ба дурӯғу фиреб, дилозорӣ ва дигар амалҳои зишт машғул шавад, пас ӯро аз ибодати кардааш ҳеҷ нафъу баҳрае намерасад. Бузурге дар мавриди дилозорӣ ба мардум  чунин гуфтааст:

Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули ҳақ нашавад, гар диле биозорӣ.

Ё

Ба ҷон мулозими ин остон бош, эй дил,

Ки бори тан ба дари Каъба бурдан осон аст.

Тавофи каъбаи дил гар муяссарат гардад,

Бидон, ки ҳаҷи пазируфта дар ҷаҳон он аст.

Албатта, дар фазилати ҳаҷ пайғамбари Худо (с) ҳадисҳои зиёде доранд. Фазилати ҳоҷӣ то ҷое баланд аст, ки расули Худо (с) дар ҳаққи эшон чунин дуо намуданд: «Худоё, ҳоҷӣ ва касеро, ки ҳоҷӣ дар ҳаққи ӯ дуо мекунад, биомурз». Аз ин ҳадис чунин бармеояд, ки ҳоҷиёни азиз бояд дар ҳаққи дигарон низ дуои хайри худро дареғ надоранд. Дар ривояте ҳазрати Умар (рз) чунин гуфтаанд: Вақте ки ман нияти ҳаҷ кардам, ба назди Паёмбари акрам (с) рафта, аз Ӯ дуо хостам. Эшон аз лаҷоми аспи ман дошта, чунин фармуданд: Эй Умар, дар он маконҳои муқаддас барои ман низ дуо бикун. Аксари бузургон дар шарҳи ин ҳадис гуфтаанд, ки бояд ҳоҷиён дар он маконҳои муқаддас на танҳо дар ҳаққи худ дуо кунанд, балки барои дигарон ва ободии дину диёр ва халқу кишвари худ дуои хайр намоянд. Ҳамчунин Расули акрам (с) дар фазилати ҳоҷӣ чунин фармудаанд: «Ҳар кӣ ҳаҷ кунад ва дар он фаҳш нагуфтаву фисқ нанамояд, бармегардад монанди рӯзе, ки модараш ӯро таваллуд кардааст (яъне аз гуноҳон пок мегардад)».(Саҳеҳи Бухорӣ, 1521, 1819,1820).

Вақте ки ҳоҷиёни муҳтарам ин фазилату мартабаро соҳиб мешаванд, пас бикӯшанд то онро дар шахсияти худ нигоҳ доранд ва аз тамоми аъмоли ношоиста барканор буда, дар ҷомеа  намунаву ибрати дигарон  ва ҳамчун  шахси боэътимоду боэҳтиром шинохта шаванд.

Сироҷиддин Пиров,

устоди бахши «Улуми қуръонӣ»-и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа