-Хоҷагии кооперативию истеҳсолии «Гулистони кишоварз»- и ноҳияи Ғончӣ наздики 100 гектар майдони ғалла дорад,- гуфт зимни суҳбат корманди масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Эгамназари Соҳибназар ва суханашро идома дод: — Деҳқонон аз ин қитъаҳо 50 сентнерӣ ва аз ин ҳам зиёдтар ҳосил мерӯёнанд. Сабабаш дар он аст, ки роҳбарияти хоҷагӣ ду сол пеш дар ҳамкорӣ бо деҳқонони шаҳри Исфара як миқдор тухмии серҳосили навъи «Крошка»- ро оварда, ба ду гектар замин кишт карда буданд. Чун ҳосили дилхоҳ ба даст омад, майдони онро минбаъд ба 30 гектар расониданд. Имсол низ дар аксари майдонҳо кишти ҳамин навъи гандумро ба роҳ мондаанд ва деҳқонон умед доранд, ки ҳосилнокии ҳар гектарро ба 50-55 сентнерӣ мерасонанд.
Дар минтақаи поёнии ноҳия аллакай дарави ғалладона анҷом ёфта бошад ҳам, дар доманакӯҳҳо, аз ҷумла хоҷагии «Гулистони кишоварз» ғунучини ҳосил идома дорад. Бино ба гуфтаи раиси хоҷагӣ Миршароб Абдуллоев, дар ин хоҷагӣ баробари рушди ғаллакорӣ ба картошкапарварию боғдорӣ низ эътибори калон дода мешавад. Деҳқонони хоҷагӣ дар майдони 30 гектар картошка кишт кардаанд ва бовар доранд, ки аз ҳар гектари он 300- 350 сентнерӣ ҳосил мебардоранд. Соли равон деҳқонони хоҷагии мазкур ҳамчунин дар ҳафт гектар боғи нав бунёд карда, майдони умумии боғотро ба 18 гектар расониданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»