Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:
Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 25 декабри соли 2018, соати 900 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 декабри соли 2018, № 22
Иттилоия
Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва қонунҳои дигари қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.