Шашуми декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
6 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуданд.
Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақшаҳои кории минбаъда вобаста ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими амнияту бехатарӣ дар ИДМ табодули афкор намуданд.
Дар ҷаласа, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла, муборизаи дастаҷамъона ба муқобили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ доранд, баррасӣ гардиданд.
Шоми ҳамон рӯз, бо даъвати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар театри Мариинскийи шаҳри Санкт — Петербург балети «Щелкунчик»-ро тамошо карданд.
www.president.tj