Мушоҳида мешавад, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ симчӯбҳое ҳастанд, ки солҳои 50-60-уми асри гузашта насб гардида, дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Мавҷудияти онҳо ҳусни диёри зебоманзарамонро халалдор менамоянд. Ҳоло дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахти мамлакат низ чунин симчӯбҳоро вохӯрдан мумкин аст. Ҳол он ки бо харҷи кам метавон онҳоро ба симчӯбҳои оҳанубетонии замонавӣ иваз намуд. Барои сохтани як симчӯби оҳанубетонӣ се халта сементу чор дона арматура сарф мегардад. Ман дар оилаи энергетик бузург гашта, аз рӯи конструксияи олмонӣ тарзи замонавии сохтани симчӯбҳои оҳанубетониро хуб омӯхтаам. Агар истеҳсоли пайвандакҳои болои симчӯбҳо, ки аз булӯр сохта мешаванд, дар дохили кишвар роҳандозӣ мешуданд, беҳтар мебуд. Хитоиҳо аз истеҳсолоти густурда ифтихор мекунанд. Моро низ мебояд ибрат гирифта, истеҳсоли ватаниро дар ҳама соҳа ба роҳ монем. Умед дорам, масъулин пешниҳодро дастгирӣ намуда, дар ин самт иқдом хоҳанд кард.
Раҳмат Шералиев, омӯзгор, ноҳияи Восеъ