Луқма

Дар хона ҳафт бону, хок то зону

№148 (3942) 11.12.2018

DSC_0005Сокини кӯчаи Асадулло Ғуломов, маҳаллаи 103-и шаҳри Душанбе Хуршед Вализода баландии нархи меваю сабзавотро дар бозорчаи маҳалла шӯхиомез чунин шарҳ дод: — Ҳар гоҳе хешу табор ба хонаи ман оянд, аз ин бозорча харид мекунанд. Вақте вориди хона мешаванд, «уф»-и чуқур мекашанд. «Ин «уф» аз сӯзи қиматӣ аст, на аз вазнинии бор», — ҷавоб медиҳанд онҳо.

Ин бозорча ба меъёру талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯ нест. Вобаста ба баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 2017) чунин иброз дошта буданд: — «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт вазифадоранд, ки фаъолияти бозорҳои мансуб ба моликияти давлатӣ, бозорҳои хусусӣ ва марказҳои савдои замонавиро дар самти таъмини аҳолии шаҳр ба маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ… инчунин тартибу низом, нарху наво, одоби муоширати фурӯшандаҳо, қатъӣ назорат намоянд».

Дар ин бозор нархҳо «осмонӣ» буда, барои мисол як килограмм турб 5 сомонӣ, карам ва сабзӣ 4 сомонӣ мебошад. Ба ибораи дигар, дар ин ҷо фурӯшанда медонаду дави аспаш.

Моҳиятан вазъияти мазкур мақоли халқӣ – «дар хона ҳафт бону, хок то зону»-ро мемонад. Фурӯшандаҳо  баландии нархи маҳсулотро дар гаронии иҷора ва чекпулӣ шарҳ дода, меафзоянд: — Мо маҳсулотро аз маҳаллаи Гипрозем меорем. Деҳқон маҳсулоташро арзон намедиҳад.

Ҷои таассуф аст, ки фурӯшандагон деҳқони ризқофаринро туҳмат мезананд, чӣ қадаре тавон доранд, дурӯғ мегӯянд. Ин дар ҳолест, ки дар бозори «Балеҷувон», ки чандон дур нест, нархҳо хеле пастанд.

Бо сабаби гаронии нарх дар бозорча ҳатто ошпазҳои маҳалла рафта, аз бозори «Балеҷувон» харидорӣ карданро авло медонанд. Аз ин ҷо аслан мусофирон харидорӣ мекунанд.

Аз бебаракатии кор дар бозорчаи маҳаллаи 103-юм тиҷорат ривоҷ надорад. Фурӯшандаҳо меваҷоти вайроншуда ва пажмурдаро бурда, ба партовгоҳ мепартоянду арзон намекунанд.

Ин аст ҳосили зиёдаравии онҳо. Муътақидем, ки агар бозор роҳбари масъулиятшинос медошт, он на боиси накӯҳиш, балки мавриди ситоиш қарор мегирифт.

Абдухолиқ Мирзозода, «Садои мардум»