Ихтирои компютер ва ба роҳ мондани шабакаи ҷаҳонии Интернет аз умдатарин дастовардҳои асри XX ба шумор меравад. Дар баробари рушди илму техника оғози асри XXI раванди электронигардонӣ низ суръат гирифт ва ба ҳаёти рӯзмарра амиқтар ворид гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тараққӣ додан ва рушди ин соҳаи муҳим тадбирҳои зиёд андешида истодааст, зеро барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, шаҳрвандон истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро мувофиқи мақсад медонад.
Тадбири мазкур, ки дар доираи татбиқи Барномаи электронии «Сабт»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад, дастрасӣ ба иттилоот, расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагонро бе истифодаи коғаз таъмин менамояд.
Барномаи электронии «Сабт» минбаъд дар бахши «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳру ноҳияҳо васеъ ба роҳ монда мешавад ва кормандону мутахассисони ин ниҳод метавонанд аз он истифода баранд.
Баъди қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» гузаштан ба системаи ягонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳо (аз 2 январи соли 2018) эълон гардид.
Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда (18 апрели соли 2018) баҳри ҷорӣ намудани ин система иқдом кард. Акнун, сокинони ноҳия тибқи барномаи махсуси сабти электронӣ, ки ҳуҷҷатҳо дар он ҳифз карда мешаванд, метавонанд бе ягон душворӣ аз хизматрасонии ин шабака истифода намоянд.
- Мақсади асосии ташкил ва ҷорӣ намудани системаи сабти электронӣ шаффоф ва дар муҳлати кӯтоҳ ба қайд гирифтани молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Тавассути он Корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Рӯдакӣ амалиёти бақайдгириро тибқи моддаи 35-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» дар муҳлати ҳафт рӯзи корӣ анҷом медиҳад. Кормандону мутахассисони корхона аз ҷорӣ шудани сабти электронӣ ниҳоят хурсанданд. Онҳо имкон доранд, ки хизматрасониро ба мизоҷон на танҳо дар ҳафт рӯз, балки дар як рӯз, ҳатто дар 2-3 соат низ ба анҷом расонанд. Агар аз ҷониби бақайдгиранда дар вақти сабти ҳуҷҷатгузорӣ ба хато роҳ дода шавад, барнома нишон медиҳад, ки иштибоҳ аз куҷо сар задааст ва шахси масъулро зарур аст оид ба ислоҳи он ба муроҷиаткунанда маълумоти дақиқ пешниҳод намояд, — мегӯяд директори корхона Тӯйчӣ Эргашзода.
Қайд кардан бамаврид аст, ки айни ҳол дар бойгонии Корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия 82 ҳазору 147 шиносномаи техникӣ ва парвандаи заминсозӣ нигоҳдорӣ мешавад, ки 18 ҳазору 800 адади он ба тариқи нусхабардорӣ ба барномаи электронӣ ворид карда шудааст. Аз шумораи ҳуҷҷатҳои нусхабардоришуда аризаи муроҷиатии беш аз 3 ҳазору 500 шаҳрванд ба барномаи электронӣ ворид гардидааст.
- Фаромӯш набояд кард, ки дар вақти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул хато аз ҳар ду ҷониб сар заданаш мумкин аст, — шарҳ медиҳад ҳамсуҳбати мо. Агар хато аз ҷониби корманди Корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» рух дода бошад, тавре дар боло ишора кардем, Барномаи электронии «Сабт» онро муайян месозад. Дар ин маврид хато бештар дар санад, саҳифа, ному насаб, рақами мушаххаси андозсупоранда ё дигар ҳуҷҷату маълумоте, ки аз ҷониби корхона омода ва ба барнома ворид карда мешавад, рух медиҳад ва шахси мутасаддӣ дарҳол онҳоро ислоҳ менамояд. Хатоҳоеро, ки ба парванда то бақайдгирии молу мулки ғайриманқул аз ҷониби муроҷиаткунанда зимни пешниҳоди аризааш ба корхона содир шудааст, барнома муайян месозад. Чунин хатоҳо дар қарори раиси ноҳия, интихоби қитъаи замин, муоинаи харитаи заминистифодабаранда бештар ба назар мерасанд. Дар ин ҳолат аз ҷониби бақайдгиранда хато омӯхта, муҳлати ислоҳи он муайян карда мешавад.
- Агарчӣ, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» муҳлати амалиёти бақайдгирӣ дар ҳафт рӯзи корӣ муайян шуда бошад ҳам, дар ҳолати истиноӣ, ба шарте ки ислоҳи хатоҳо дар ҳафт рӯз имконнопазир гардад, мо метавонем онро то 14 рӯз тамдид намоем. Агар ҳуҷҷатҳо дар ин давра ислоҳ нашаванд, пас ин раванд то як моҳ тӯл мекашад. Баъди ислоҳ амалиёти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул идома меёбад, — гуфт дар идомаи суҳбат Т. Эргашзода.
Манфиати асосӣ ва мусбати Барномаи электронии «Сабт» дар он аст, ки муҳлати муроҷиати шаҳрвандон кӯтоҳ, амалиёт шаффофу беғараз иҷро гардида, омилҳои коррупсионӣ аз байн бардошта мешавад.
Барномаи электронии «Сабт» баъди омӯзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаҳои фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳру ноҳияҳо татбиқ мегардад.
Дар асоси барномаи мазкур, минбаъд хизматрасонӣ ба аҳолӣ бе ягон иштибоҳ сурат мегирад, фаъолияти корхонаҳо аз ҷониби Корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳру ноҳияҳо пурра зери назорат гирифта мешавад. Тибқи нақша, барнома дар оянда бояд дар ҳама шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила татбиқ гардад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»