Таронаҳои Роғун

№150 (3944) 18.12.2018

{fryfpfhҲақназар Ғоиб

                    КОХИ РОҒУН

Наслҳои ориёӣ! Вақти користон расид,

Вақти нерубахшии навдавлати Сомон расид.

Бо садои вақти Роғун – соати рӯзи мурод –

Тоҷикистонро садо аз вақти ҷовидон расид.

 

Тан ба тан бо кохи Роғун барфарозад кохи ҷон,

Кохи тоҷикии даврон, кохи бахту ормон.

Родмардон! Ақли модарзодро равшан кунед,

Ақли худро мо ба Роғун менамоем имтиҳон.

 

Барқро овозаи овози Роғун мекунем,

Тори дилро созбахши сози Роғун мекунем.

Пои худро дар раҳи бунёди Роғун мениҳем,

Дасти худро дасти дунёсози Роғун мекунем.

 

               ФАРИШТАИ НАҶОТ

Ҳаёти мо, мамоти мо зи Роғун аст баъд аз ин,

Фариштаи наҷоти мо зи Роғун аст баъд аз ин.

Ба по шав, ай азизи ҷон, Худо туро нигоҳбон,

Ки хонаи нишоти мо зи Роғун аст баъд аз ин.

 

Мададгаре маҷӯ дигар, мададгаре ба худ бишав,

Бародаре маҷӯ дигар, бародаре ба худ бишав.

Ба чокарӣ туро барад паноҳ ҷустанат зи ғайр,

Ба сарварии сарварат ту сарваре ба худ бишав.

 

Зи хеш ҷӯй сарпаноҳ, ки сад ҷаҳон ҷаҳони мост,

Замини Меҳани азиз баланд осмони мост.

Ҳазор Роғуни дигар зи дасти мо бино шавад,

Чароғи дидаҳои ту ситоразори ҷони мост.

 

Ҳаёти мо, мамоти мо зи Роғун аст баъд аз ин,

Фариштаи наҷоти мо зи Роғун аст баъд аз ин.

Ба по шав, ай азизи ҷон, Худо туро нигоҳбон,

Ки хонаи нишоти мо зи Роғун аст баъд аз ин.

 

СОЗЕМ РОҒУНРО ЗИ МЕҲР

                 Суруд

Фарҳодҳои асри нав,

Фарзонамардони диёр,

Дар Роғуни овозадор

Номусу нанг ояд ба кор.

 

Бозуятон дар маҳкамӣ

Чун бозуи Исфандиёр,

Дар Роғуни тақдирсоз

Номусу нанг ояд ба кор.

 

Эй ҳамватан, эй ҳамдиёр,

Эй машъалони корзор!

Созем нуристон Ватан

Бо меҳри дил, бо нангу ор.

 

Бахшед нури ақлатон,

Роғун бигардад нурбор…

Фарҳодҳои асри нав!

Номусу нанг ояд ба кор.