Дуюми октябри соли равон бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори «Кадбону» форуми ҷумҳуриявии занони соҳибкор таҳти унвони «Бонувони соҳибкори Тоҷикистон. Таҷриба, мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева, намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив, намояндаи ЮНИСЕФ Лайло Моширӣ ва дигарон иштироку суханронӣ намуданд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова зимни суханрониаш аз дастовардҳои кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, зикр намуд, ки занҳо низ дар қатори мардон барои шукуфойии Ватан заҳмат мекашанд. Номбурда аз қарор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба хотири баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа қабул шудааст, ёдовар шуда, гуфт, ки имрӯз занҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона меҳнат карда истодаанд. Бино ба гуфти мавсуф, «сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан мебошад». Руқия Қурбонова ҳамчунин аз шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ сухан карда, минҷумла гуфт, ки имрӯз ҳеҷ монеае барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вуҷуд надорад.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдуллоева зимни суханрониаш зикр кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон 160 ҳазор нафар занон ба соҳибкорӣ машғуланд. Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив, намояндаи ЮНИСЕФ Лайло Моширӣ, раиси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» Сабоҳат Қаюмзода ва дигарон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ барои фаъолияти озоди соҳибкории занон, грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор, ёрии беруна барои дастгирии занони деҳот, ташкили марказҳои дастгирӣ ва ғайра сухан карданд. Аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 лоиҳа ва барномаҳои гуногун барои омӯзиши тиҷорати хурду миёна амалӣ ва 200 ташкилоти ҷамъиятӣ оид ба дастгирии занони соҳибкор фаъолият мекунанд.
Дар доираи кори форум 16 нафар занони соҳибкор бо Ифтихорномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳои тиҷоратӣ ва саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон сарфароз шуданд.
Дар анҷоми форум бонувони соҳибкори Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона муроҷиатнома қабул карданд, ки матни он аз ҷониби ҷавонтарин соҳибкорзани иштирокчӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа Насиба Алишерова қироат шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»