Рӯзи баргузории Иди Қурбон муайян гардид
ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум») Иди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дигар кишварҳои мусулмонӣ, мувофиқи ҳисоби тақвимӣ 15 октябри соли 2013 ҷашн гирифта мешавад. Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷаласаи он 9 октябри соли равон баргузор гардид, чунин қарор қабул кард. Замони баргузории намози Иди Қурбон дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар рӯзи сешанбе, соати 730-и субҳ муайян шудааст. Иди Қурбон яке аз ду ҷашни бузурги мардуми мусулмонон аст, ки рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрии қамарӣ, яъне пас аз ду моҳу даҳ рӯзи Иди саиди Фитр, ҷашн гирифта мешавад.
Ҷамъоварии пахта идома дорад
ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони 191 330 гектар кишти чигит гузаронида шудааст. Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта имсол дар ҷумҳурӣ 406 ҳазору 498 тоннаро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки то 7-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ 281 ҳазору 558 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 69,3 фоизи дурнамо мебошад. Зиёда аз 191 ҳазор нафар чинакчиён дар пахтазори ҷумҳурӣ машғули ҷамъоварии ҳосил мебошанд.
Хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯён
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар маркази вилояти Суғд хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯёне, ки тариқи квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қабул шудаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хобгоҳ барои 295 нафар донишҷӯдухтарон пешбинӣ гардидааст. Зикр бояд кард, ки донишгоҳ барои таъмиру тармими бинои хобгоҳи чаҳорошёна беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ва бобати азнавтаҷҳизонии он бо мебел ва лавозимоти дигар 300 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.
-Тавре мебинем, ба рушди соҳаи маориф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эътибори зиёд медиҳанд. Бо ин мақсад дар вилоят ҳам маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд, — гуфт раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар тантанаи ифтитоҳи хобгоҳ.
Марра наздик аст
СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Заркорони хоҷагии деҳқонии «Ҳосилот-2007»-и Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Сатторов дар майдони 20 гектар кишти пунбадона гузаронида, мақсади ба даст овардани 56 тонна дурри гаронбаҳо доранд. Бино ба гуфтаи раиси хоҷагӣ Дилмурод Маҳмадраҳимов, заркорони хоҷагӣ то имрӯз 48 тонна пахта ғундошта, ҳоло ба иҷрои нақша торафт наздик мешаванд. Хоҷагӣ нархи чиниши ҳар як кило пахтаро аз 30 дирам давра ба давра ба 50 дирам расонидааст.
-Мақсади асосии мо,- мегӯяд раиси хоҷагӣ,- нақшаи имсоларо барзиёд иҷро карда, дар бунёди хирмани бобаракати пахтаи Ватан саҳми муносиб гузоштан аст.
Ҳафтсад нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар корхонаи «Ресанда», ки баъди таваққуфи ҳафтсола аз нав дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба фаъолият оғоз намуд, то имрӯз шумораи коргарон ба 700 нафар расид. Дар ин коргоҳ барои коргарон шароити зарурии кор ва истироҳат фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла онҳо бо хӯроки гарм таъмин шудаанд. Барои сари вақт ба коргоҳ ҳозир шудани ресандагону дӯзандагон нақлиёти мусофиркаш ҷудо шудааст. Кормандони корхона асосан сокинони шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияҳои Бохтару Вахшу ба номи Ҷалолиддини Румӣ мебошанд.
Таҷҳизоти корхона баъди таъмиру тармими асосии бинои корхона аз хориҷи мамлакат оварда насб карда шудааст. Баробари истеҳсоли риштаҳои гуногун дар ин ҷо дӯхтани сару либоси мактабӣ низ роҳандозӣ гардид.
Бунёди бозори нав
ҶАББОР РАСУЛОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими ифтитоҳи бозори нав баргузор гардид. Иқдоми бунёди бозори замонавӣ аз тарафи аҳли ҷомеа ва соҳибкорони маҳаллӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, ки барои сохтмони он дар масоҳати 7,4 гектар замин ҷудо гардида буд, роҳандозӣ шудааст. Дар ин иншоот ба маблағи беш аз 25 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда бозор дорои 2237 ҷой, аз ҷумла 1500 нуқтаи савдо мебошад. Баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани бозор наздик ба чор ҳазор нафар сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷойи доимии корӣ таъмин мешаванд.
Корхонаи дӯзандагии Хоруғ яксола шуд
ХОРУҒ. ( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Аз он рӯзе, ки корхонаи дӯзандагии шаҳри Хоруғ ба фаъолият шуруъ намуд, расо як сол гузашт. Чеварон дар ин давра ба маблағи даҳҳо ҳазор сомонӣ либосу дигар маводро тайёр намуданд. Директори корхона Сусана Муродбекова мегӯяд, ки онҳо дар навбати аввал талабу дархости қисмҳои низомии дар қаламрави вилоят мустақарро оид ба дӯхти либоси низомӣ ва рахти хоб, инчунин беморхонаҳои вилоятиро иҷро мекунанд. Имсол корхона инчунин дархости макотиби шаҳри Хоруғро оид ба дӯхти либосҳои мактабӣ иҷро намуд.
Бояд хотирнишон намуд, ки корхона бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохта ва бо иштироки бевоситаашон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Айни замон дар ин ҷо беш аз шаст нафар занон кор мекунанд.
Духтарон касб меомӯзанд
НОРАК. (Ҳусейн МИРЗОЕВ) Дар шаҳри Норак бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр филиали Омӯзишгоҳи касбӣ- саноатии шаҳри Душанбе кушода шуд.
- Мақсад аз таъсиси филиали ин омӯзишгоҳ дар шаҳри барқчиёни тоҷик аз сатҳи камбизоатӣ баровардани занони шаҳр, эҳё ва аз байн нарафтани ҳунарҳои аҷдодӣ мебошад, — гуфт зимни суҳбат мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Латофат Қурбонова.
Дар филиали омӯзишгоҳ аз рӯйи шаш ихтисос ба ҷавонон ҳунарҳои миллӣ омӯхта мешавад.
Мулоқот бо ҷавонон
РОҒУН. ( Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун мулоқоти раиси шаҳр Шариф Шарипов бо ҷавонон баргузор гардид. Раиси шаҳр дар назди ҳозирин оид ба бурдубохти сокинони шаҳри Роғун дар даврони истиқлолият, чорабиниҳои Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ кард. Сипас, ҷавонон-намояндагони касбу кори гуногун суханронӣ карда, иброз доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳое, ки нисбати онҳо карда мешавад, дар атрофи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, донишҳои замонавиро аз бар менамоянд ва баҳри шукуфойии Ватан кору пайкор мекунанд. Дар ин робита, аҳли ҷамъомад ба ҷавонони кишвар муроҷиатнома қабул карданд.
Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА.
Бо мо дар тамос бошед. Телефон 238-58-91