Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо сокинони деҳоти «Аличур», «Куҳнақурған», «Тохтамиш» ва маркази ноҳияи Мурғоб мулоқотҳо анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрию мулоқотҳо раиси вилоят аз боби дастовардҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Мурғоб ба амал омадаанд, стратегияи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар ояндаи наздик, ҷараёни омодагӣ ба интихоботи Президенти кишвар, раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти мамлакат ҳарф зад. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба амалисозии се ҳадафи стратегии давлат – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ дар қаламрави вилоят қадамҳои устувор гузошта шуданд. Имрӯз, — гуфт раиси вилоят, — барои таъмини аҳолии ноҳияи Мурғоб бо неруи барқ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мешаванд. Дар асоси барномаи махсус навсозии неругоҳи барқи обии «Оқсу» ва бунёди неругоҳи нави барқӣ дар ин ҷо шуруъ мешавад ва ин кор то охири соли оянда бояд анҷом дода шавад. Инчунин кашидани хатти баландшиддат ба деҳоти дурдаст шуруъ мешавад. Раиси вилоят ба саволҳои сокинони деҳот дар алоқамандӣ ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҷавоб гуфт.
Дар ин сафари корӣ раиси вилоятро роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои вилоятӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»