Ҳаёти инсон маҷрои рост надорад. Ба чапу рост мекашаду пойину боло. Аз худи ӯ вобаста аст, ки хаму фарозро чӣ навъ пушти сар мекунад. Фарқ надорад оқил аст ё нодон, доро ё фақир, шоҳ ё гадо. На ҳама соҳибақл қобил аст роҳи дурустро ихтиёр кунад. Вале маҳз ҳамин роҳи баргузида якеро доғ, дигареро боғ ва саввумиро чароғи ҷамъият месозад. Аввалӣ ранҷу мушкилиро бар сари мардум меорад, дуюмӣ ободию саодат ва сеюмӣ роҳнамою роҳкушойи онҳо дар ҳаёт мегардад. Зиёданд афроде, ки аз роҳи доғ ба молу ҷоҳ мерасанд, бо истифодаи сарват худро боғ нишон медиҳанд, ба имиҷсозӣ мепардозанд ва талош мекунанд, ки худро чароғ вонамуд кардаю рисолати равшаниафкании ҷодаи мардумро ба даст гиранд, ҳарчанд дар умри хеш дасти касеро нагирифтаю манзилеро обод накардаанд. Вале ҳатман мерасад рӯзе, ки ин гуна мардум сирашон фошу ниҳонашон аён мегардад. Чун панҷаи муқтадири тақдир дар симои ҳомиёни қонун аз гиребонашон мегирад, ба ҷонканӣ медароянд, тамоми роҳҳоро меҷӯянд, то дигаронро бар бегуноҳии худ муътақид созанд.
Моҳҳои охир гирди ному амалҳои Зайд Саидов ончунон ҳангомаҳо зиёд буданд, ки такрораш фақат мағзҳоро хаста мекунаду бас. Бо ҳама роҳ мехоҳанд дар симояш тоҷири муваффақро намоиш додаву ба қурбонии бозиҳои сиёсӣ табдил диҳанд. Ниҳодҳое ҳам сохтаанд, мисли Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов. Овозаҳо ҳам паҳн мекунанд, ки барояш вакилони дифоъ аз Аврупо меоянд. Маводи зиёди таблиғотӣ ҳам навиштанд то дар дидаи мардум як зиёии фурӯтан, фарди бомаърифат, тоҷири ҳалолкору ҳалолёбу ҳалолхӯраш муаррифӣ кунанд. Гӯё ҳар қадамаш ҳалол будааст. Чист «ҳалол» – раво, ҷойиз, шоиста, он чи ки амал ба он ё хӯрдан ва нӯшидани он тибқи аҳкоми шаръ раво бошад.
Вале ҳақиқатро магар метавон бо дурӯғ рӯйпӯш кард? Ҳаргиз, ҳар касе он даравад, оқибати кор, ки кишт. Ҳамин, ки ин соҳибкори «муваффақ» дар муқобили қонун қарор гирифт, ончунон далелҳо рӯйи об омаданду баромадан доранд, ки дигар шак намонда. Дар рӯзгораш пайдо кардани «ҳалол» ҷустани сӯзанро дар ғарами алаф мемонад. Далелҳо ҳокии онанд, ки ҳар як гоми бардоштаю гузоштаи Зайд Саидов пайваста бо ҳаромкористу ҳаромёбию ҳаромхӯрӣ.
Гузаштаи Зайд Саидовро ҳамчун як пешвои мухолифини тоҷик, дастдориашро дар ҷанги нангини бародаркуш канор мегузорем. Роҳбарияти ҷумҳурӣ ӯро ҳамчун мутахассиси соҳаи иқтисодиёт замоне тариқи квотаи 30-фоиза сараввал ба симати раиси Кумитаи саноат ва минбаъд ба вазифаи вазири саноати кишвар пазируфт. Солиёни зиёде роҳбарии вазорати мазкурро бовараш карданд. Ба назар роҳбари корчаллону уҳдабарое мерасид, аммо воқеият нишон дод, ки корчаллониҳо ҳама ба манфиати шахсӣ будааст. Вазорати саноатро ба макони тиҷоратгоҳи сиёҳ табдил додаву пушти ҳар як имзои вазири «муваффақ» маблағи мушаххас меистодааст. Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯз мақомоти салоҳиятдор Зайд Саидовро дар ришваситонӣ айбдор мекунанд. Далел ҳаст? Ҳаст! Аз мансаб сӯистифода кардааст? Кардааст! Саду панҷсад ҳазорҳоро ёдрас намешавем, зеро ба назар ҳеҷ мерасанд. Гап дар бораи яку ним миллион доллари аз шаҳрванди Қазоқистон Серикбол Окушев дар соли 2005 ва як миллиону ҳафтод ҳазор доллари аз шаҳрванди Украина Иван Коретский дар соли 2011 ситонидааш меравад. Ришваситонӣ дар ислом аз гуноҳҳои кабира асту ҳаром. «Ҳаром», яъне нораво, коре ки Ислом онро манъ карда ва иртикоби он гуноҳ бошад, он чи ки хӯрдан ва нӯшиданаш шаръан мамнуъ аст. Пас Зайд Саидов аз нигоҳи ислом кист? Ҳалолхӯр ё ҳаромхӯр?
Вакилони мудофеъ ва наздикони Зайд Саидов мегӯянд, ки ӯ ҳар ду иттиҳоми нави алайҳаш эълоншударо рад кардааст. Аҷабо! Кадом ришваситонеро дар рӯйи дунё шунидаед, ки аз гирифтани порае ба ин бузургӣ қоил шуда бошад? Ҳатто тифли хурдсол тухми аз ҳамсоя дуздидаашро бар дӯш намегирад. Зайд Саидов бошад, барои ҷинояти содиркардааш бояд ҷавоб гӯяд: барои гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақомоти хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (кисми 4 моддаи 247), сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зайд Саидов маблағи бо ҳаромёбӣ ғундоштаашро хеле айёрона ва бо мақсади нопоктаре, моликшавӣ бар моли мардум истифода кардааст. Корхонаи дӯзандагии «Гулистон», фурӯшгоҳи «Тоҷик- кристалл», ширкати «Тоҷик мармар», маҷмааи тиҷоратӣ-истиқоматии «Пойтахт», корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ, бинои ба иҷора додашудаи ошхонаи «Формулаи 1», даҳҳо дӯкону мағозаҳои тиҷоратӣ ва биноҳои истиқоматиро, ки бо пулу заҳмати умум сохта шудаанд, бо имзои Зайд Саидови вазир, моликияти хусусии Зайд Саидови тоҷир гардонидааст. Акнун қазоват кунед, ки ҳалолёб аст ё ҳаромёб?
Зайд Саидов бо ҳама ёфтаҳо қаноат накардааст. Минбаъда ба соҳаи сердаромад, сохтмон рӯ меорад ва тақаллуб дар бинои иншоотҳо ҷузъи дигари фаъолияти ҷиноии ӯ мегардад. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуд, ки ширкати мутааллиқи Зайд Саидов «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал», ҳангоми сохтани бинои «Душанбе — Плаза» ба изофанависӣ даст зада, маблағи қариб ду миллион сомонӣ (беш аз 400 ҳазор доллари ИМА)-ро аз худ кардааст. Магар ин ҳаромхӯрӣ нест?
Амали ҳаромро ҳамеша ҳаромиҳои навбатӣ дар паянд. Собиқ вазири кишвари демократӣ, тоҷири «муваффақ»-ро миллионҳои муфтёфта ончунон маст месозанд, ки дигар наметавонад ҳаёти омиёна дошта бошад. Зеро худро хос мебинад ва дар асри XXI, дар шароити шаҳри Душанбеи дунявӣ, барои хеш ҳарами асримиёнагиро асос мегузорад. Барояш моддаи 170-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё вуҷуд надошт. Якбора бо чор ҳамсар зиндагӣ ташкил мекунад. Ғурури сарват қонунгузории кишвар, рукнҳои ойину мазҳабӣ ва меъёрҳои умумибашарии тамаддунро назди кисаи ғафсаш ночиз нишон медоданд. Шахсияти аз шеъру шоирӣ огоҳ фаромӯш кард панди бузургонро, ки:
Эй бародар, симу зар ёбӣ агар, аз худ марав,
Ин ҳама беҳудагӣ бар ҷони одам душман аст.
Ҳатто ҳарами иборат аз чор хонуми нозанин натавонистааст оташи пуртуғёни хостаҳои шаҳвонии Зайд Саидовро қонеъ созад, ки даст ба ҷинояти навбатӣ ва вазнинтар мезанад. Оне, ки бисёриҳо аз тоҷири ҳалолхӯр, зиёии фурӯтан, фарди бомаърифат, мусулмони ботақвою поксиришт, падари мушфиқу ғамхор буданаш фасонаҳо мебофанд, даст ба таҷовузи духтари ноболиғ мезанад, духтари 12-сола. Ва акнун дар баробари моддаи 170, бояд мутобиқи моддаҳои 131 ва 138-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавоб гӯяд. Агар чунин амале ҳаромкорӣ нест, пас онро чӣ метавон номид?
Банда дар ин матлаб дар бораи гаройиши Зайд Саидов ба сиёсат, кӯшиши ҳизбсозиҳояш бо номи «Тоҷикистони нав», қасдан ишорае накардам, зеро таҷрибаи ҷаҳонист, ки ҳар нафари сарватманд ҳатман мекӯшад ҳизби «кисагии» худро созмон додаву тавассути он ҳам миллионҳои дуздидаашро ҳифз кунад, ҳам ба қабули қонунҳои «лоббӣ»-шуда мусоидат карда, нақшаҳои минбаъдаашро пиёда созад. Ширкатҳои бешуморе чун ҶСП «Гулистон», ҶДММ «Рос Азия Инвест», ҶСП ҶМ «Тоҷик Азот», ҶСП «Абрешим», ҶСП «Маркази таълимӣ-истеҳсолии Заргарӣ», ҶСП «Алмаз Азия», ҶДММ «Тоҷ-Рус-Ҳамкор», ҶДММ «Гулистон Тур», ҶСП «Табаррук», ҶСП «Меҳробод», ҶДММ «Шерзод-2013», ҶДММ «Тоҷик Мармар» ва ғайра, ки ҳама моли (зикри ҳалолу ҳаромаш рафт) Зайд Саидов мебошанд, ҳатман ба ҳимоят дар пояҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла парлумон, муҳтоҷанд. Вале воқеияте, ки Зайд Саидов натавонист ин нияташро амалӣ созад ва айни ҳизбсозӣ ҷилои шамшери адлу инсоф болои сараш дурахшон шуд, қурбонии сиёсӣ шудани ӯ нест. Тақозои тақдир асту ногузирии посух дар назди имону виҷдон. Барои ҳаромкориҳо, ҳаромёбиҳо, ҳаромхӯриҳое, ки зикрашон рафт.
Искандари Ғайрат, сокини шаҳри Кӯлоб