«Ман ҳеҷ гоҳ тағйир наёфтаам, дигаргун нашудаам, ман ҳамеша ҳақиқатҷӯ ва ҳақиқатгӯ будам. Ҳамеша ба асл муроҷиат менамудам ва он ба ман ҳалли ҳаматарафаю дурусти масъаларо дар ҳаёт роҳнамоӣ мекард. Дар илм ҳама чизро омӯхтан мумкин аст, ғайр аз санъати асарҳои таркибӣ (композитсия) ва санъати тасвирӣ. Ин санъатро пурра омӯхтан мумкин нест, онҳо аз умқи дил ва ҳиссиёти шахсӣ зуҳур мекунанд. Ана, барои ҳамин ҳар як расми ман ҳолати рӯҳии ман дар ҳамон замон, дар ҳамон лаҳза мебошад».
Ин суханон ба яке аз ситораҳои дурахшони санъати тасвирии тоҷик Зуҳур Ҳабибуллоев тааллуқ доранд. Ӯ соли 1932 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1959 Омӯзишгоҳи олии бадеӣ — саноатии шаҳри Санкт — Петербург (собиқ шаҳри Ленинград) — ро хатм карда, аз аввали солҳои 60-уми асри ХХ ба ҷодаи санъат ҳамчун рассом ворид мегардад. Дар муддати кӯтоҳ миёни рассомон мавқеи устувор меёбад ва чун устоди касб бо асарҳои ҷолибу нотакрор миёни аҳли санъат баҳс меангезаду аз ҳунар ва истеъдоди фитрӣ дарак медиҳад.
Эҷодиёти ӯ диққати аҳли эҷодро бо рангорангӣ ва гуногунмазмунӣ мунтазам ҷалб менамояд. Вай ҳаётро хеле дӯст медорад ва онро бо диди нав дар лаҳзаҳои гуногун тасвир менамояд.
Мутахассисони соҳа ва аҳли фарҳанг Зуҳур Ҳабибуллоевро ҳамчун яке аз рассомони ҷолиб ва дорои тахайюли бой дар замони муосир, ки эҷодиёташ касро бетараф гузошта наметавонад, медонанд ва эътироф мекунанд. Ҳар як асари ӯ барои тамошобин ҷолиб ва дилкаш аст. Дар тамоми навоварӣ ва дигаргуниҳои санъати тасвирии кишвар хизмати Зуҳур Ҳабибуллоев чашмрас мебошад. Овардани ҳамин мисол кофист, ки соли 1992 аз миёни 200 тарҳи нишону парчам, ки ба комиссияи ҳукуматӣ пешниҳод гардид, тарҳи нишон ва парчаме, ки сарварии гурӯҳи кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ба дӯш дошт, сазовори ҷойи аввал гардид, Ҳамон тарҳи Нишон ва Парчам 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои асосии давлати тозаистиқлоли тоҷикон тасдиқ гардиданд.
Вай яке аз аввалинҳое буд, ки барои дигаргун намудани чорчӯбаи муқаррарнамудаи санъати шӯравӣ даст зад ва санъати тасвириро бо ранги нав ба тамошобин пешкаш намуд. Ба санъат забони дигар, ҷилои нав, тасвири тозаро дохил намуд. Мутахассисони соҳа якдилона тасдиқ намуданд, ки бори аввал бо қалами Зуҳур Ҳабибуллоев санъати тасвирии тоҷик «ба сухан» даромад. Вай тавонист рангҳоро ба дараҷае тасвир ва ҷо ба ҷо намояд, ки «ба сухан» дароянд.
Зуҳур Нурҷонович фаъолиятро ҳамчун рассом аз охири солҳои 50 ва аввали солҳои 60-уми асри гузашта оғоз намуда, дар як муддати кӯтоҳ иштирокчии намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ гардид. Тасвирҳои аввалини вай бо ҷилои равшани ранг фарқ мекарданд ва муносибати ҷиддию реалистонаи муаллифро ба ҳаёт нишон медоданд.
«Ғиҷҷак» ном дорад нахусттасвири ӯ, ки дар намоишгоҳҳо аз тарафи мутахассисон ва тамошобинон хеле хуб қабул гардид. Он махсусияти фардии рассомро алоҳида таъкид менамуд ва гувоҳи он гардид, ки рассом ба масъалаи тасвири ҳаёт дар муқоиса бо анъанаҳои муқаррарӣ муносибати тамоман дигар дорад ва ҳисси инсониро бо рангҳои хос ифода менамояд. Ин тарзи муносибат дар тасвирҳои минбаъдаи ӯ низ инъикос гардида, қимати бадеии асарҳояшро муайян мекунанд. Масалан, дар тасвирҳои «Хиштзан», «Норак», «Меҳмонхона», «Расми артист Ҳ. Гадоев», «Дар роҳи Помир», ки ҳанӯз дар аввалҳои солҳои 60-ум эҷод шуда буданд, тасвири рангҳо хеле равшан ва ҷолибанд.
Дар эҷодиёти устод услубҳои саҳнавие, ки дар онҳо тарафҳои гуногуни ҳаёти мардум инъикос ёфтааст, хеле аҷибанд. Дар тасвирҳои «Вакил», «Геологҳо» ва «Баҳор» муносибати одам ва табиат барҷаста тасвир ёфтааст.
Солҳои 70-80-и асри гузашта дар эҷодиёти Зуҳур Ҳабибуллоев тағйироти куллӣ мушоҳида мешавад. Тасвирҳо ба ҳаёти воқеӣ умумияти бештар пайдо намуда, дорои оммавияти бештар мегарданд. Худи рассом дар ин давра дорои таҷрибаи бойи зиндагист. Асарҳое ба мисли «Қубодиён», «Тутшинонӣ», «Аз чарогоҳ ба чарогоҳ», «Оромӣ». «Дӯстони ман аз Қабодиён» ва махсусан «Расми модар» тасдиқгари ин гуфтаҳоянд.
Ҳамчун рассом Зуҳур Ҳабибуллоев наметавонист ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро дар ҷумҳурӣ аз мадди назар дур андозад. Дар расмҳои «Муҳоҷирон» ва «Бозгашти муҳоҷирон» ҳолати вазнини рӯҳии муаллиф аз ҳодисаҳои нохуши баамаломада хеле равшану барҷаста таҷассум ёфтааст. Интихоби мавзӯъ ва тарзи тасвир ҳар як бинандаро ба ҳаяҷон меорад. Ҳамин тавр, дар ҳар як тасвир Зуҳур Ҳабибуллоев муносибати гарми инсондӯстиро нигоҳ медорад.
Кас бояд чӣ қадар оқилу донишманд, бохираду сарсупурдаи касб ва меҳнатдӯст бошад, ки дар тӯли беш аз 50 сол унвони беҳтарин устодро дар байни аҳли санъат нигоҳ дошта, ҳамчун рассоми сатҳи аввал шинохта шавад. Ҳамин аст, ки Зуҳур Ҳабибуллоев фаъолияти рассомиро ба кори омӯзгорӣ якҷоя карда, шогирдони зиёдро тарбия намуда, ба камол расонидааст. Имрӯз шахсони зиёди соҳаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ боифтихор худро шогирдони Зуҳур Ҳабибуллоев медонанд. Асарҳои вай дар осорхонаҳою намоишгоҳҳо ва бойгонии шахсони санъатдӯст дар Аврупо, Амрико ва мамолики Шарқ нигоҳ дошта мешаванд.
Хотира ва эҳтироми Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, Рассоми халқии Тоҷикистон, академики Академияи бадеии Тоҷикистон, профессор Зуҳур Ҳабибуллоев як умр дар хотири шогирдон хоҳад монд.
Ҷамшед Ғанизода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои меъморӣ, дотсент