27 декабри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» маросими ҷоизасупории намояндагони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид.
Онҳоеро, ки ба дастовардҳо ноил гардиданд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Президенти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода табрик гуфтанд.
Азим Иброҳим изҳор дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол то сол рушд мекунад ва бо амри Президенти кишвар аз 25 декабри соли 2018 76 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба гирифтани Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Бо ин мақсад аз Фонди захиравии Президенти мамлакат 931250 сомонӣ ҷудо шуд.
Соли равон 649 варзишгари тоҷик (аз ин 66 нафар бону) бо маблағи умумии 2794754 сомонӣ ба 146 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардиданд, ки дар натиҷа, ба хазинаи варзиши кишвар 467 медал, аз ҷумла 151 медали тилло ворид намуданд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии медалҳо 132 ададаш аз рӯи намудҳои олимпӣ ба даст омадааст.
Баромади бомуваффақияти дастаи футболи наврасони то 16 — солаи кишвар дар Чемпионати Осиё-2018, дастовардҳои дигар варзишгарон дар Бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ боиси ифтихори бузург мебошад.
Зикр гардид, ки агар дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, бо шарофати соҳибистиқлолӣ ин рақам дар 27 сол ба 4602 расидааст.
Барои машқу тамрини варзишгарон феълан дар ҷумҳурӣ 10000 иншооти варзишӣ фаъолият мекунад. Танҳо дар ду соли охир сохта ба истифода додани зиёда аз 200 иншооти варзишӣ дар пойтахти бозгӯйи олии мавриди таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати кишвар қарор доштани ҷавонону варзишгарон мебошад.
Ҳамин тариқ, Ҷоизаи Президент соли 2018, насиби ҷоизадорони Бозиҳои Осиё – Дилшод Назаров, Шаҳриёр Даминов, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё – Моҳру Ҳалимова, Идимоҳ Холова, Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Хайёмиддин Ҷабборов, Давлаталӣ Назаралиев, Ғаниҷон Ғаниев, Эмомризо Қурбонов, Азмуддин Ваҳҳобов, Бахтовар Ҳасанов, Ҳабибҷон Зуҳуров, Фирӯз Мирзораҷабов, Асламҷон Азизов, Раҳмонҷон Маҳмадбеков, Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Сорбон Латифов, тими футболи наврасони кишвар ва дигарон гардид.
Ҳамчунин, аз рӯи 13 номинатсия беҳтарин варзишгари сол (намудҳои олимпӣ) — Дилшод Назаров (ҷойи дуюм дар Бозиҳои Осиё, ҷойи якум дар ҷоми қораҳои IAAF, ҷойи якум дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук дар Бразилия, ҷойи сеюм дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Полша), беҳтарин варзишгари сол (намудҳои ғайриолимпӣ) — Хушқадам Хусравов (қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар Бухарести Руминия), беҳтарин варзишгари сол миёни ҷавонон — Шаҳриёр Даминов (ҷойи дуюм дар Бозиҳои Осиё, ду медали тиллои Чемпионати Осиё миёни ҷавонон, ду медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар ҳайати даставӣ оид ба қаиқронӣ), беҳтарин варзишгарбонуи сол — Идимоҳ Холова (ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон), беҳтарин дастаи мунтахаби сол — Тими футболи наврасон (U-16) (ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё), беҳтарин мураббии сол — Зайниддин Раҳимов (зери роҳбарии ӯ дастаи футболи наврасони кишвар медалҳои нуқраи Чемпионати Осиёро сазовор гардида, ба Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу роҳхат гирифт), беҳтарин федератсияи варзишии сол (намудҳои олимпӣ) — Федератсияи футболи Тоҷикистон, беҳтарин федератсияи варзишии сол (намудҳои ғайриолимпӣ) — Федератсияи самбои Тоҷикистон, беҳтарин шаҳр — ноҳияи варзишӣ — Душанбе, беҳтарин расонаи хабарии варзишӣ- ТВ «Варзиш», беҳтарин шореҳи варзиши сол — Алӣ Шариф (ТВ «Варзиш»), беҳтарин иншооти варзишии сол — Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара, беҳтарин муассисаи варзишии сол — МД «Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб» дониста шуданд.
Инчунин, 23 нафар мураббӣ ва варзишгаре, ки меъёрҳои «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон», «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон» ва «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро иҷро намудаанд, бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардиданд.
Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»