Тибки қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 19 сентябри соли 2013 таҳти №55) комиссияи ҳавзаи интихоботии Шаҳритус № 67 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (марказаш воқеъ дар бинои қасри фарҳанги ноҳия) ташкил ёфт. Ба ҳайати комиссияи мазкур 7 нафар шахсони касбу кори гуногуни ноҳияи Шаҳритус шомил шудаанд. Шумораи интихобкунандагон дар ҳавзаи мазкур 50674 нафарро дар бар мегирад.
Ҳайати комиссия барои дар сатҳи зарурӣ, шаффоф ва одилона гузаронидани ин чорабинии сиёсӣ нақшаи корӣ тартиб додааст. Дар асоси талаботи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарорҳои комиссияи ҳавзаи интихоботии Шаҳритус №67 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон участкаҳои интихоботӣ ва комиссияи участкаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дарҷу чопи ин қарорҳо дар рўзномаи ноҳиявии «Субҳи Шаҳритус» имконият фароҳам овард, ки интихобкунандагон участкаҳои интихоботии худ, мавқеи ҷойгиршавии он, ҳудуди участкаҳои интихоботӣ ва шумораи интихобкунандагону ҳайати комиссияи участкаашонро дақиқ донанд.
Комиссияи ҳавзавӣ бо масъулони комиссияҳои участкавии интихоботии ҳудуди ноҳия семинарҳои машваратӣ гузаронид.
Бо раҳнамоию кўмаки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо имкон пайдо намудем, ки фаъолияти ҳавзаю участкаҳои интихоботиро ҳамоҳангу самарабахш созем. Алҳол тамоми 40 участкаи интихоботӣ тавассути масъулони он бо ҳама маводи зарурӣ барои ташкил намудану гузаронидани интихобот, ҳамчунин адабиёти зарурӣ, Қонуни конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, саволу ҷавобҳо вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастурамалҳо таъмин гардидаанд.
Ҳомидҷон ШАРОПОВ, раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Шаҳритус № 67 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон