Кӯҳсорони кишвар қиссаҳои талху ширин доранд ва шоҳиди рӯзгори мардуми печидафарёд аст. Дар оғӯши онҳо сарбаланд олимоне, шоироне, орифоне, ҳунармандоне, диловарону таҳамтаноне… зиндагӣ кардаанду мекунанд, ки номеву осори хайре ба ҷо гузоштаанд. Мағмуми Дарвозӣ, Мулло Ёри Ванҷӣ, Абдуллоҳи Хатлонӣ, Парӣ, Ҳасрати Ҳисорӣ, Ҷомии Сонӣ, Зуфархон Ҷавҳаризода, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абдулҳайи Муҷахарфӣ… аз зумраи чеҳраҳои мондагори миллат ҳастанд. Онҳо осори назмиву насрие боқӣ гузоштаанд, ки ба ганҷинаи бузурги адабиёт ва илму ирфон ворид гаштааст.
Абдулҳайи Муҷахарфӣ шоир, олим, ориф ва ҳунарманди нотакрорест, ки бо ҳузури худ оламеро мунаввар гардонидааст. Яке аз муҳаққиқони осори ӯ Назруллоҳи Муҳаммадюсуф пажӯҳиши худро дар бораи рӯзгор, осор ва мартабаи илмию ирфонии ӯ дар китобе бо исми «Гузоре ба рӯзгор ва осори шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ» гирд овардааст. Муҳаққиқ менависад: «Абдулҳайи Муҷахарфӣ дар баробари дигар адибону шоирони ҳамдиёраш дар пайравӣ ба Саноию Аттор, Саъдию Ҳофизу Камол, Румию Ҷомӣ маснавию рубоӣ, ғазалу мухаммасҳои зиёде сурудааст».
Аз рӯзгори Абдулҳайи Муҷахарфӣ маълум мегардад, ки ӯ на танҳо орифу шоири мумтоз, балки дар хаттотӣ моҳир, дар наҷҷориву дуредгарӣ чирадаст низ будааст. Дар китоб аксҳое аз кори хаттотӣ ва дуредгариву наҷҷории шоир оварда шудааст, ки гувоҳи ҳунари волои ӯст.
Нарзуллоҳи Муҳаммадюсуф дар бахши «Мероси адабии Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ» зикр мекунад, ки аз ин шоир ва орифи бузург китобҳои «Муфиз-ул-анвор», «Далел-ус-соликин», «Муфид-ул-муъминин», «Канз-ул-мавоиз», «Девони ашъор», «Гулзори таҳрир», «Маъдан-уҷ-ҷавоҳир», «Оинаи шавқ» ба ёдгор мондааст, ки рӯйхати пурраи осори ӯ нест.
Абдулҳайи Муҷахарфӣ баробари дигар жанрҳои адабӣ дар эҷоди ғазал таваҷҷуҳи бештар доштааст. Ин нуктаро Нарзуллоҳи Муҳаммадюсуф ин гуна зикр мекунад: «Наздик ба 1000 ғазале, ки аз ӯ боқӣ мондааст, далели ин гуфтаҳоянд. Бешубҳа ҳаёти эҷодии ин адиб бо ғазал обутоб ёфта, бо ғазал ба камол расидааст. Ин нуктаро худи ӯ дар осораш ошкору возеҳ баён намудааст:
Абдулҳай аз файзи азал бинвишт девони ғазал,
Авроқи ашъори варо гиранд чун нон дар бағал».
Муаллифи китоб дар бораи ғазалҳои шоир маълумоти муфасал дода, тамоми баҳрҳое, ки Абдулҳайи Муҷахарфӣ истифода бурдааст, дақиқан нишон медиҳад. Масалан, ӯ зикр мекунад, ки шоир дар баҳрҳои ҳазаҷ 351, рамал 421, раҷаз 44, муҷтас 28, мазореъ 30… ғазал навиштааст. Ӯ менависад: «Абдулҳайи Муҷахарфӣ суханвари ба тамоми маънӣ вораста буда, чун аксари адибони покизасиришти гузаштагонамон ҳаргиз сухани ширини форсии тоҷикиро дар пои соҳибони зӯру зар фурӯ нарехта ва ба дунёву матоъу лаззатҳои он алоқамандие нишон надодааст.
Аз масъалаҳои муҳиме, ки шоир ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ин беқадрӣ, қашшоқӣ, хору зор афтодани каломи бадеъ, касодии матои сухан ва аҳли эҷод ба шумор меравад. Ӯ ба ҳасрат мегӯяд:
Нуктасанҷон рафта, Абдулҳай, зи олам, ай дареғ,
Як рафиқи ҳамнафас хоҳам, намедонам куҷост?!».
Бо вуҷуди ҷанбаҳои иҷтимоии ғазалиёти шоир ӯ аслан сарояндаи ишқ аст. Ҳамон ишқе, ки ҷонҳоро сӯхтаву дилҳоро гудохтааст, ҳамон ишқе, ки ба шоир завқу ҳол бахшидааст. Муаллифи китоб ин нуктаро чунин баён менамояд: «Маҳз ишқ бо тасвири румузи ошиқӣ, розу ниёз, сӯзу гудоз, дарду навмедӣ, нокомӣ ва сабурии ошиқ, ҳузури наздикӣ бо маъшуқ, лаззати висолу нигориши ҷамоли маъшуқ ва амсоли инҳо дар ғазалиёти Абдулҳайи Муҷахарфӣ мақоми хос дорад».
Зимни мутолиаи китоб дар пеши назари мо симои шоири тавоно ва орифи бузурге намудор мегардад, ки ҳафт шаҳри ишқро бигзаштаву дар анвори ҷовидонаи Ҳазрати Дӯст ғарқ гаштааст.
Бегуфтугӯ, Нарзуллоҳи Муҳаммадюсуф бо таҳқиқи рӯзгору осори ин шоири дардошно кори бузургеро анҷом додааст. Шоире, ки дар деҳаи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод зиставу кору эҷод намуда, аз ҷониби бадхоҳону душманони илму маориф соли 1931 ба шаҳодат расидааст.
Аҳамияти дигари китоб аз он иборат аст, ки дар бораи мақому ҷойгоҳ ва осори орифе ба мо маълумот медиҳад, ки дар кӯҳистони тоҷик зиста, ба камоли инсониву ирфонӣ расида ва ба ҳадде нубуғаш болост, ки ҳар хонандаеро ба таҳаюр меорад.
Таблиғи ин гуна шахсиятҳо барои худогоҳии мардум муҳим буда, воқеиятро нишон медиҳад, ки кӯҳистони тоҷик танҳо аз сангу об, хасу хор ва гулу гиёҳ иборат нест, балки он макони илму ирфону шеър аст.
ВОРИС, «Садои мардум»