Сукути иҷборӣ ё ихтиёрӣ дар кинои тоҷик

№6 (3956) 15.01.2019

Имрӯзҳо холигии фазои кинои кишварро асосан филмҳои истеҳсоли хориҷа ё худии хандахарише чун «Меҳмони нохонда», «Зангирии Мугамбо», «Домод дар иҷора», «Ашк ва рашк»  ва даҳҳо дигар, ки аз мазмун ориву дур аз касбият мебошанд, пур мекунанд. Агарчӣ филмсозони касбии кишвар бо таҳияи филмҳое, аз қабили  «Оинаи беҷило» «Муаллим», «Муҷассамаи ишқ», «Сафари ҳавоӣ», «Хоби ҳамдуна» «Гунҷишки сафед»,  «Тангно», «12 соли интизорӣ», «Сайёра ранг иваз мекунад» ва ғайра кӯшиши пурра намудани фазои холии киноро карда бошанд ҳам, ба натиҷаи чашмрас ноил нагардидаанд.

Мусаллам аст, ки филмҳо инъикосгари фарҳанги мардум мебошанд. Ба андешаи филмноманавис Абдурофеъ Рабизода: «Имрӯз, агар хоҳем фарҳанги худро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кунем, пеш аз ҳама, бояд филмҳое офарем, ки завқи ҳам бинандаи дохилӣ ва ҳам хориҷиро бедор бисозад. Агарчӣ дар миёни ҷомеа ҳама гуна афродро вохӯрдан мумкин аст, вале набояд қаҳрамонони филмҳо шахсони номуваффақу аз марзи ахлоқ берун бошанд». Ба қавли ӯ, кишваре, ки соле даҳ кино намеофарад, онро дар арсаи байналмилалӣ карахтшуда ё сукутзада ном мебаранд.

 Аз ҳамсоякишварҳо чӣ камӣ дорем?

Ӯзбекистон соле то 100, Қирғизистон зиёда аз 50, Қазоқистон зиёдтар филм меофаранд, аммо яксола «даст­ранҷ»-и «Тоҷикфилм», хоса филмҳои комили бадеиву ҳуҷҷатӣ ва ё тасвирӣ, аз 10 адад зиёд нест. Албатта, ба ин агар сюжету лавҳаҳои киномонанд ва нимчафилмҳоро ворид накунем. Шумораи кормандони «Тоҷикфилм» қариб баробари кормандони шабакаҳои телевизионист. Шабакаҳои телевизионӣ 24 соат бо барнома ва рекламаву сюжетҳо пур аст, аммо яксола филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» эфири якрӯзаи шабакаро шояд пур накунад, чаро?

Соли 2017 «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022» қабул шуд, ки бояд самтҳои афзалиятнок, вазифа, механизмҳои амалишавии сиёсати давлатиро дар соҳа муайян менамуд ва барои баланд бардоштани сифати истеҳсол, намоиши филмҳо шароит фароҳам меовард. Яъне, «Тоҷикфилм» дар доираи барномаи мазкур бояд, пеш аз ҳама, бо шумораи бештар ва сифати беҳтар кино истеҳсол кунад, зеро Тоҷикис­тон бе кино, бе санъати аз ҳама муҳим фарҳангашро бо тамоми ҷузъиёт дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда наметавонад.

 Филмсозӣ ва идеологияи миллӣ

Ҳар як филме, ки аз ҷониби коргардон таҳия мегардад, ҳадафи хос дорад, ки ба тамошобин расонида мешавад. Аз ҷумла, киносозони хориҷа тавассути филмҳо низ ҳадафҳои идеологиро дар зеҳну шуури ҷавонону наврасон  ҷо мекунанд. Аз ин хотир, зарур аст, ки филмсозон фаъол бошанд, то ҷавононро ба филмҳои истеҳсоли худӣ бо офаридани образҳои мусбат ба ҷасуриву тавонмандӣ,  ҳақиқатҷӯйиву ростқавлӣ ҳидоят кунанд.

Ходими илмии Академияи илмҳои кишвар  Назрӣ Асадзода перомуни худшиносии миллӣ навишта буд: «Айни замон мо дар шароите қарор дорем, ки технологияи идеологияи миллиро бояд коркард кунем. Ҳоло дар шакли ниҳоӣ идеологияи миллӣ дар кишвари мо қолабрезӣ нашудааст, аммо, новобаста ба ин, мушаххас аст, ки меҳвари идеологияи миллиро дар ҷомеаи мо муқаддасот ва арзишҳову манофеи миллӣ ташкил медиҳанд. Ҳифзи муқаддасот ва арзишҳову манофеи миллӣ бояд мароми ҷомеаи мо бошад. Абзорҳои ҷомеасозӣ, аз ҷумла соҳаи синамо низ, дар ҷомеаи мо аслан бояд ба хотири амалӣ кардани ин ҳадаф мавриди корбурд қарор дода шаванд. Феълан дар синамои ватании мо теъдоди филмҳое, ки ба ин талабот ҷавобгӯ бошанд, хеле кам аст,  мутаассифона, филмҳое, ки мухолифи ин талабот мебошанд, зиёд аст».

Бояд гуфт, ки барои офаридани сенарияҳое, ки дар онҳо қаҳрамониву ватандӯстӣ тарғиб бояд шаванд, чандон мушкил нахоҳем дошт. Агар таърихи халқи тоҷикро варақгардон кунем, бо қаҳрамонҳои зиёд чун Рустаму Исфандиёр, Сӯҳробу Сиёвуши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ то Темурмалику Спитамену Исмоили Сомонӣ ва даҳҳои дигар рӯ ба рӯ мешавем, ки мояи ифтихори мардум мебошанд. Инчунин, метавонем аз ҳаёти созандагони НБО-и «Роғун», аз рӯзгори паҳлавонону варзишгарони маъруф — Азалшоҳ Олимов, Иброҳим Ҳасанов, Зебунисо Рустамова, Саймӯъмин Раҳимов, Расул Боқиев, Комроншоҳи Устопириён, Беҳрӯз Хоҷазода, Дилшод Назаров, Хушқадам Хусравов, Мавзуна Чориева ва ғайра филмҳои диданиеро ба навор гирем.

Донишҷӯйи курси сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Азимҷон Аслонов пайваста ба тамошои филмҳои хориҷӣ машғул аст. Ба андешаи ӯ, филмҳои истеҳсоли дохилӣ наметавонанд завқи ӯро бедор кунанд ва персонаже ҳам надоранд, ки тавон ба он тақлид карда шавад ё барои худ идеал сохт.

- Дар аксари филмҳое, ки ман тамошо мекунам, образҳои қаҳрамонӣ ва нотарсиву шуҷоатмандӣ таҷассум ёфтаанд. Аз тамошои онҳо дар баробари фароғати маънавӣ бардоштан, дарси мардонагӣ меомӯзам. Ба образҳои Бонд аз филми «Агент 007», Паланг аз «Паланг зинда аст», Игор Соколовский аз филми «Мажор», Пӯлод аз филми «Водии гургон» ва садҳои дигар наметавон нигоҳи сатҳӣ кард. Корномаи қаҳрамонони онҳо дарвоқеъ сутуданист, — иброз дошт ӯ.

Монанди Азимҷон ҳазорон ҷавони дигар филмҳои хориҷиро аз худӣ авло  мешуморанд, ба андешаи онҳо, қаҳрамонсозӣ дар филмҳои истеҳсоли дохилӣ дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Сабаби дар фазои кинои кишвар то имрӯз зуҳур накардани чеҳраҳое мисли Ҷеки Чан, Арнолд Швартсенеггер, Жан Клод Ван Дамм, Амитабҳ Баччан, Шоҳрух Хон ва ғайраро дар сатҳи зарурӣ рушд накардани соҳаи киносозӣ медонанд. Баъзе ба ин боваранд, ки дар кишвар ҳунарпешаҳо дар нақшҳое ҳунарнамоӣ ва дар мавзеъҳое филмбардорӣ мекунанд, ки ҳатто ба имиҷи миллату давлат латма ворид месозанд. Филмҳои «Меҳмони нохонда», «Пушаймонӣ» ва «Овораи ишқ» ба ин гуфтаҳо далел шуда метавонанд.

Заиф нишон додани қаҳрамонҳо дар филмҳои тоҷикӣ имрӯз анъана шудааст. Новобаста ба ҷинсият аксари онҳо нотавонанд, чорае барои раҳоӣ аз мушкилотро наметавонанд пайдо кунанд. Дар баъзе ҳолат ҳатто ба худкушӣ даст мезананд (ба мисоли филми «Ман шаҳиди ишқи покам»). Ин омил аз ҳар нигоҳ нотавонии коргардонро нишон медиҳад. Ба ҳар сурат, нишон додан ва фароҳам овардани фазои фикрӣ оид ба зиллати миллат нохушоянд аст ва рӯҳияи миллиро заиф карда, ифтихори миллии аҳли ҷомеаро коҳиш медиҳад. Дар ин самт масъулинро андеша мебояд.

 «Филмҳои аз ҳама ҷиҳат коста…»

Зимни Кинофестивали байналхалқии «Дидор», ки мутахассисони шинохта ҳузур доштанд, дар суҳбати гирди миз оид ба филмҳои тоҷикӣ ба як хулоса расиданд: «филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» хеле коста шудаанд, аз як ҷиҳат не, балки аз ҳама ҷиҳат…».

Киношиносон дар ин ҳол қарор доштани кинои тоҷикро ба набудани  сенария ва сенариянависони касбӣ рабт медиҳанд. Имрӯз бояд иқрор шуд, ки қаҳрамонсозӣ дар филмҳои кишвар ба буҳрон мувоҷеҳ аст. Барои бартараф кардани он мебояд аввал сенарияҳои хуб таҳия кард, зеро мушкили рақами як набудани сенарияҳои хуб аст. Вақте сенария вуҷуд надорад, чӣ гуна метавон қаҳрамон пайдо кард ва қаҳрамон сохт?

Тибқи маълумот, дар Шӯрои филмноманависон ва филмшиносии «Тоҷикфилм» мутахассиси киношинос ва донандаи соҳа нест, зеро онҳо аз «Тоҷикфилм» дур шудаанд. Дар театр ягон ҳунарпешаро бо баҳонаи нафақа ё ғайра дур намекунанд, зеро ҳунарпеша дорои истеъдод аст ва истеъдод на ба ҳар кас дода мешавад. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон фаррош, посбон, техник, мутахассисони соҳаи хоҷагӣ ва ронандаву ину онро ба нафақа гусел мекунанд, аммо ҳаргиз олими унвондорро ба нафақа намефиристанд, зеро дар бузургсолӣ таҷрибаю малакаи олим афзуда мешавад ва аз он истифода бояд бурд.

Пас, чаро режиссёрон, операторон, рассомон, пардоздиҳандагон ва муҳаррирон — донандагони ин соҳаро, ки камшуморанд ва хоса, муҳаррирон, тарҷумонҳо ва филмноманависонро, пеш аз вақт бояд барканор кард? Ҳол он ки бо истифода аз таҷрибаи онҳо мутахассисони ҷавонро тарбия додан мумкин аст.

Чун дар «Тоҷикфилм» мунаққиди кино ё киношинос ва донандаи филмнома нест, сусттарин сенарияҳо қабул ва аз рӯи онҳо филм офарида мешавад. Ба қавли мутахассисони кинои ҷаҳонӣ, ки дар «Дидор» изҳори андеша карданд, «аз ин боис ҳама маҳсулоти «Тоҷикфилм» ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Агар баъзе филмҳои истеҳсолии берун аз «Тоҷикфилм»-ро сарфи назар бикунем, қариб филми арзандае офарида нашудааст»…

«Филмномаҳои таърихӣ ҳам нест», — гуфтан, даъвои дурӯғин барои худро ҳақ баровардани филмофарон аст. Филмномаҳои бисёр шоистае дар бораи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо номи «Духтари Бухорхудот ва писарони амири Самарқанд», доир ба  қаҳрамонону эҷодгарон бо номи «Достони ватандорӣ»,   дар бораи  Темурмалик ва ғайра солҳо боз хоб аст, ки дар асоси онҳо филм гирифтан шоиставу арзанда мебошад.  Инчунин, аз рӯи асарҳои «Ривояти суғдӣ» (Сотим Улуғзода), «Бозгашт ба Панҷрӯд» (Андрей Волос) филмномаҳои тамошобоберо таҳия кардан мумкин аст.

 Таваҷҷуҳ ба кинотеатрҳо ба мисли варзишгоҳҳо шавад

Солҳои охир режиссёрон — истеъдодҳои ҷавоне чун Далер Раҳматов, Муҳиддин Музаффар, Румӣ Шоазимов, Фирдавс Ниёзов, Файзулло Файзов, Диловар Сафаров, Шарофат Арабова, Аниса Собирӣ ва Далери Имомалӣ ба майдони филмсозӣ ворид шуданд, ки тавонистанд дар кинофестивалҳои сатҳи ҷаҳону минтақа кинои тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ кунанд, аммо онҳо имрӯз ба мушкили зиёд рӯ ба рӯянд. Коргардон Муҳиддини Музаффар дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки «мо айни замон бештар аз ҳама ба омӯзиш ниёз дорем… Имрӯз киностудияи «Тоҷикфилм» техникаҳои сатҳи Голливудро дорад, аммо аз онҳо истифода бурда наметавонанд. Барои ба навор гирифтани филми дараҷаи олӣ маблағ ва мутахассис лозим».

Масъалаи дигар, ки эҷодкорони ҷавонро ба ташвиш овардааст, тарз ва усули паҳн кардани кино мебошад.

- Дар Тоҷикистон системаи паҳн кардани кино вуҷуд надорад. Мо шаҳр ба шаҳр, ноҳия ба ноҳия гашта, онро дар кинотеатрҳо нишон медиҳем. Барои ин роҳкиро сарф мешавад, кормандонро хӯрок додан лозим, пули кинотеатр, маблағи овоз ва проэкторро ҳам бояд худамон пардохт намоем. Яъне, қариб 50 — 60%-и маблағ барои ин корҳо мас­раф мешавад, — мегӯяд Муҳиддини Музаффар.

Коргардони ҷавон Далери Имомалӣ ақида дорад, ки яке аз роҳҳои беҳбуд бахшидани кинои тоҷик таъсиси студияҳое чун «Суғдсинамо» ва «Хатлонсинамо» аст. Бигзор «Помирфилм», «Зарафшонфилм», «Ҳисори Шодмон» ва «Раштонфилм» ва боз даҳҳо студияи дигар таъсис ёбанд. Дар он ҳол рақобати эҷодӣ ба миён меояд ва боиси пешрафт мешавад.

- Вазъи толорҳои намоиши филмҳо низ хароб аст. Филармония толори консертист, барои филм нест. Як кинотеатри «Зебунисо» мондааст, ки он ҳам берун аз шаҳр аст. Мизу курсиҳои кинотеатри «Ватан» фарсуда ва толораш сард мебошад. Имрӯз аз кинотеатрҳои «Ҷомӣ», ба номи «8 март», «Зарафшон», «Помир», «Тошканд», «Тоҷикис­тон», «Хроника», «Ғалаба», «Фестивал», «Орлёнок», ки як вақтҳо ҷойи дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе буданд, ному нишон намондааст. Дигар кинотеатрҳо хусусианду бо маблағи ҳангуфт филм пахш мекунанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки кинотеатрҳо мисли майдонҳои варзишӣ дар кишвар фаъол шаванд, зеро воситаи ба роҳ мондани бозори ягонаи фурӯш ва пахши филмҳо маҳсуб меёбанд. Инчунин, тарзе бояд кард, ки  коргардон филмашро аввал дар 20-30 шаҳру ноҳия намоиш диҳад ва баъди як соли намоиш дискҳоро ба савдо барорад. Бигузор филмҳо ба дасти қаллобон нарасад, ҳаққи муаллиф ҳимоя шавад, — иброз дошт ӯ.

Соли 2019 кинои тоҷик  90-сола мешавад. Бовар дорем, ки масъулин монеаҳоро дар роҳи рушди он бартараф хоҳанд кард.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»