Шодравон падарам Анвар Муллочаев дар ноҳияи Комсомолобод (Нурободи ҳозира) ба ҳайси котиби комитети ҳизбӣ кор мекард. Соли 1970 як гурӯҳ меҳмонон аз шаҳри Маскав барои тарҳрезии НБО-и «Роғун» ба Тоҷикистон омаданду он кас, ки донандаи хуби забони русӣ ва шахси фаъоли ҷомеа буд, ба онҳо роҳбалад шуданд. Он бегоҳӣ омаданашон ғайримуқаррарӣ буду аз чеҳраашон нур меборид ва бо лаби пурхандаву табъи болида ҳарф мезаданд: «Дар Роғун ГЭС мешавад! Медонед, барои Тоҷикистон ин чӣ қадар хуб аст». Расмҳои гирифтаашонро ба мо нишон доданд. Дар акс намояндагони Дастгоҳи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, ки НБО-и «Роғун»- ро тарҳрезӣ намуданд. Борҳо дар сари дастархон оид ба ин мавзӯъ суҳбати гарму самимӣ баргузор шуд. Сохтмони неругоҳ солҳои 1980 — 1982 оғоз ёфт. Кор дар ҷӯшу хурӯш буд, коргарони он ба ноҳияи Нуробод омада мерафтанд. Аз ноҳия ҳам баъзе русзабонҳо ба Роғун кӯч бастанд. Аммо дар арафаи барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ эътирозу пойкӯбии ҳамдиёрони «гандумнамои ҷавфурӯш»-и падарам афзуд. Ҳатто барои насохтани НБО онҳо масофаи зиёдеро тай намуда, ба қабули мири Маскав ва баъдан Президенти Федератсияи Россия Борис Елтсин рафтанд. Даъво карданд, ки НБО сохта нашавад. Падарам дар маъракаву ҷаласаҳо ба халқ мефаҳмонданд: «Ҳой мардум, ношукрӣ накунед, ин неъматест, ки онро ба мо Худо додааст. Дар минтақаҳои кӯҳистон ҷавонон аз бекорӣ рӯҳафтода ҳастанд, халқ ба қувваи барқ ҳамеша ниёз дорад. НБО-и «Норак» муҳлати зиёдест, ки кор карда истодааст ва рӯзе мешавад, ки он ҳам фарсуда мегардад.
Охирон суханҳои бо эҳсосот гуфтаи падарам дар вохӯрии мардуми ноҳия бо сарвари онвақтаи Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ҳеҷ аз ёдам намеравад. Ӯ гуфт: «Шумо аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ натарсед, ҳар давлат соҳиби худашро меёбад. Аз мустақилият наҳаросед. Тоҷикистон давлати ободу гулгулшукуфон хоҳад шуд, ба шарте ки якҷоя онро обод намоем, иншооти азим, неругоҳҳои пурқудрат созем». Давоми суханҳо муаллақ монданд. Аз толор се — чор нафар, ки пешакӣ ба «ҷанг» омода шуда буданд, бо шурӯ валвала мегуфтанд, ки «ба мо НБО лозим нест, аз зодгоҳи падарӣ ба ҳеҷ куҷо намеравем». Падарам аз маҷлисгоҳ бо табъи хира ба хона рафтанд. Он вақт дар нафақа буданд. Ӯро дилбардорӣ кардем. Ҳамеша мегуфтанд: «Ҳатман неругоҳ сохта мешавад, давлат соҳибашро меёбад». Падарам аз дарди қалб аз олам чашм пӯшиданд.
Шукри Худо, ки орзуи он кас амалӣ шуд. Дарёи Сурхоб (Вахш) сари таъзим фуруд овард, маҷрояшро дигар кард, ранги тираи худро рӯшан сохт. Имрӯз оби он чун осмони каб — кабуд ҷило медиҳад, рӯшаниаш бо ҷилои офтоб дар баҳс аст. Ба хонаҳои мардуми Тоҷикистон барқи НБО-и «Роғун» ворид гашт. Умед дорем, ки водиҳои сарсабзу хуррами диёр зеботар ва корхонаҳои нав сохта мешаванду бекорон соҳиби кор мегарданд.
Сайригул АНВАРОВА