Дар бисёр навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани садҳо гектар майдони киштбоб шароит ва имконияти зарурӣ мавҷуд аст. Аҳли заҳмат бовар доранд, ки дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даштҳо ва мавзеъҳои киштбоби зиёде тахту ҳамвор ва обёрӣ мегарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2017 дар ноҳияи Дарвоз зимни мулоқот бо сокинон қайд намуданд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки замин, бо об таъмин кардани заминҳои бекорхобида, махсусан, дар мавзеъҳои Дашти луч ва Ёвон, таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ ва зиёд намудани саршумори чорво масъулин бояд чораҷӯйӣ намоянд. Дашти луч, ки дар дувоздаҳкилометрии маркази ноҳия — шаҳраки Қалъаихумб воқеъ гардидааст, қариб 300 гектар замини муносиб барои истеҳсоли ғалла, картошкаву сабзавот ва бунёди боғро дорад. Солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузашта масъулини соҳа кӯшиш ба харҷ дода буданд, ки Дашти лучро обёрӣ намоянд, вале ин амалашон бенатиҷа анҷом ёфт. Ҳоло чунин шароит ва имконияте фароҳам омадааст, ки ин макони ҳанӯз ҳам бекорхобида ба тариқи қубурҳои полиэтиленӣ обёрӣ карда шавад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки: «Мо бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор кунем, то ин ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем».
Ҳамин гуна замин, ки як вақтҳо дар Дарвоз кишт мешуд, Дашти Ёвон аст, ки ба деҳоти «Нулванд» дохил мешавад. Ин мавзеъ дар баландии шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе- Кӯлоб- Дарвоз- Хоруғ- Мурғоб- Қулма ҷойгир аст. Ба ин музофоти баландкӯҳ, ки зиёда аз 260 гектар замини тахту ҳамвор дорад, роҳи мошин мавҷуд аст. Майдонҳои ғаллазори минтақа, ки бе санг аст, як вақтҳо бо комбайн даравида мешуданд. Ҳоло тавассути ҷӯйбор майдонҳои кишт қисман аз оби аз зери пиряхҳои силсилакӯҳҳои Дарвоз ҷоришаванда обёрӣ мешаванд. Алҳол танҳо сохтмони каналу азнавсозии ҷӯйҳоро ба ҷо овардан зарур асту халос. Он гоҳ ба таври илова дар Дашти Ёвон боз қариб 140 гектар замини нав кушодан ва зиёда аз 40 гектар боғи мевадор бунёд кардан мумкин аст.
Ҳамчунин, дар дигар ноҳияҳои вилоят низ садҳо гектар замин мавҷуд аст ва умед дорем, ки дар оянда обёрӣ шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд. Чунин мавзеъ дар дукилометрии маркази ноҳияи Ванҷ — Дашти Бовуд низ мавҷуд буда, қариб 100 гектар майдони киштбоб дорад. Дар солҳои истиқлолият аз дарёчаи Рохарвоб хатти обгузар сохтанд ва қариб 40 гектари ин мавзеъ обёрӣ гашт ва сокинони маркази ноҳия зироатҳои гуногун кошта, боғҳои мевадор бунёд карда буданд. Ба қавли мутахассисони соҳа, барои саросар обёрӣ намудани Дашти Бовуд бо қубурҳо обро аз рӯдхонаи Бунайоб аз масофаи 8 километр овардан фоидаовартар аст, зеро ба воситаи ин хатти обгузар ба таври илова боз қариб 60 гектар замину боғоти деҳаҳои Одешт, Ҷангали Зуго ва Бовуд низ шодоб мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки дар наздикии деҳаи Рошорви деҳоти «Савноб» дашти Рошорв доман паҳн кардааст, ки калонтарин захираи то ҳанӯз азхудкарданашуда дар ноҳияи Рӯшон ба шумор меравад. Ба гуфти коршиноси соҳаи кишоварзӣ Мизроб Амирбеков, дар сурати обёрӣ гаштани ин мавзеи тахту ҳамвори баландиҳои водии Бартанг зиёда аз 200 гектар заминро ба гардиши кишоварзӣ ворид сохтан ва боғҳои мевадор бунёд кардан имконпазир мебошад. Ҳамчунин, дар ин ҷойи хушобу ҳавои кӯҳистон тухмии аълосифати аз ҷиҳати экологӣ тозаи гандум ва картошкаву сабзавотро парвариш намудан ва хоҷагиҳои вилоятро бо тухмӣ таъмин кардан мумкин аст.
Дастур ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардиданд, масъулинро ба масъалаи азхудкунӣ ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи кишвар, аз ҷумла, Бадахшон, раҳнамун месозанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор