Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Ҷавоне дари дафтари кории моро боз намуд, ки бонуеро раҳнамоӣ мекард. Бонуи қоматхамида, ки асобағал дар даст дошт, бо азоб ворид мегардад ва бо душворӣ ба курсӣ менишинад.
- Намедонам бародар гӯям ё додар… Бо умед ба хидмате наздатон омадем. То ба ошёнаи шумо баромадан хеле хаста шудам. Ба куҷо рафтанамро намедонам. Гуфтанд, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» корафтодагонро қабул мекунанд. Масъалае, ки муроҷиат карданиам, шояд ба шумо робитае надошта бошад, вале илтимос, маро ба ягон ҷойи дигар нафиристед, — бо садои хаста ва илтиҷоомез арз кард меҳмон.
- Номатон?
- Низора Мирзоева.
- Хизмат, Низорабону.
- 44 — солаам, дар кӯчаи Алишер Навоии ноҳияи Синои пойтахт ҳамроҳи фарзандонам дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Маъюби гурӯҳи якумам. Соли 2008 ба бемории эхиноккоки рони пойи чап гирифтор шуда, ба ин ҳол афтодам. Се фарзанд дорам. Албатта, тарбияи онҳо барои мани маъюб кори осон нест, вале шукри Парвардигор мегӯям, ки маро бо марди саховатпешаву ҳимматбаланд — директори Маркази саломатии №10 Сабзалӣ Муродзода шинос намуд. Ин инсони шариф аз рӯзи аввали шиносоӣ дастгиру мададгори мо шудааст. Ману фарзандонамро ройгон бо доруҳои зарурӣ таъмин мекунад. Сарулибос ва пойафзол мехарад, кумакҳои пулӣ менамояд. Солҳо аз ӯ кумак дидаем, вале ҷавоби некиҳояшро барнагардондаем. Илоҳо Худованд баргардонад! Мехоҳам ақаллан ба воситаи рӯзномаи шумо ба ӯ изҳори миннатдорӣ кунам. Бо ҳамин мақсад омадам.
Воқеан, чанде пеш духтарам Гуландом Мирзоеваро шавҳар доданӣ шудам. Ин хабарро шунида, С. Муродзода хароҷоти хариди либосҳои арӯсиро ба гардан гирифт, боз кумаки пулӣ ҳам кард ва ман бо хурсандӣ духтарамро ба манзили бахташ гусел намудам…
Вақте ин суханонро гуфт, аз чашмони маҳзуни меҳмон қатраҳои ашк ба бари рухсораҳояш шориданд.
Пас аз лаҳзае ӯ худро ба даст гирифта идома медиҳад:
- Агар ҳамин инсони нек намешуд, намедонам мо чӣ кор мекардем… Ман аз даргоҳи Худованди меҳрубон ба Сабзалӣ Муродзода баракати кору зиндагӣ хоста, дуо мекунам, ки Парвардигор аз ӯ розӣ бошад!
Пас аз гусели Низора Мирзоева марди миёнсоле вориди утоқ мегардад. Худро Аҳмадхон Раҷабов — сокини ноҳияи Фархор муаррифӣ мекунад. Мегӯяд, ки ҳамсараш Идигул Аломова — модари 6 фарзанд бо сабаби надоштани шароиту имкони табобат солҳои зиёд аст, ки аз бемории қалб ранҷ мекашад. Соли гузашта дардҳо тоқатнопазир мегарданду А. Раҷабов аз ноилоҷӣ барои дастгирӣ ва кумак ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода муроҷиат менамояд. Чанде нагузашта бо дастгирии вазири муҳтарам ва табибони ҳозиқ — сарвари Муассисаи ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг (маъруф ба Медгородок) Ҷумъахон Раҳмонов, ҷарроҳ, номзади илми тиб Умедҷон Авғонов ва духтури муолиҷавӣ Шуҳрат Назаров, бидуни ҷалби табибони хориҷӣ, ки хароҷоти зиёдро талаб менамуд, ҳамсарашро ҷарроҳӣ кардаанд ва ӯ сиҳату солим ба назди фарзандон баргаштааст.
- Имрӯз дар оилаи мо хурсандиву шодӣ ҳукмфармост ва мо — аҳли оила ба вазири муҳтарам ва табибони ҳозиқ Ҷ. Раҳмонов, У. Авғонов ва Ш.Назаров миннатдории самимӣ баён менамоем. Ба хонадони онҳо саодату хушҳолӣ таманно дорем. Дастатон дардро набинад, табибони ҳозиқ! — мегӯяд А. Раҷабов.
Таҳияи Н. Низомӣ, «Садои мардум»