Дар ҳама давру замон таҳқиқоти илмӣ барои беҳтар омӯхтани олами атроф, муолиҷаи бемориҳо, пешравии истеҳсолот ва ғайра ба аҳли ҷомеа кумак мерасонад. Иқтидори ҳар як кишварро на танҳо аз рӯйи захираи канданиҳои фоиданок, балки аз рӯйи миқдор ва маҳсули олимон низ муайян мекунанд.
Дар кишваре, ки ба пешрафти илму технология диққати ҷиддӣ медиҳад, бе доштани захираи зиёди канданиҳои фоиданок ҳам иқтисодиёт ғанӣ гардида, некуаҳволии мардум таъмин мешавад. Ба ин Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Германия, Сингапур мисол шуда метавонанд.
Моҳиятан олимон хазинаи тиллоии ҳар як кишвар ба шумор мераванд. Бахусус олимоне, ки дар баробари собиқаи зиёди корӣ доштан таҷрибаи тарбия намудани олимони ҷавонро низ доранд. Яке аз онҳо доктори илмҳои биология, профессор Намоз Бердиев мебошад. Ӯ зодаи ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Самарқанд аст. Солҳои 1962 -1964 дар хоҷагии «Кангурт»- ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ҳамчун сарбайтор фаъолият намуда, ҳаёти минбаъдаашро ба илм бахшид. Аввал ба ҳайси аспирант (солҳои 1964 — 1966), сипас ходими хурд ( солҳои 1966 — 1967) ва баъдан (солҳои 1967 — 1969) ходими калони илмии Институти илмӣ — тадқиқотии ветеринарии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон фаъолият кард. Сипас, ба Донишкада (ҳоло Донишгоҳ)-и давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба кор омад. Чанд сол мудирии кафедраи биология бо асосҳои генетикаи донишгоҳи мазкурро ба уҳда дошт.
Соли 1982 дар мавзӯи «Мутобиқат ва муқовимати ҳайвонот дар шароити баландкӯҳ» рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, борҳо дар симпозиуму конфронсҳои илмӣ дар Фаронса, Япония, Германия, Испания, Венгрия, Чехославакия, Голландия, Миср, Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Италия, Португалия, Эрон, ИМА, Федератсияи Россия кишварро намояндагӣ кардааст.
Муаллифи зиёда аз 270 мақола, 70 тезис, 8 ихтироот, 26 пешниҳоди ратсионализаторӣ, 12 дастури таълимӣ, як қатор монографияю тавсияҳои методӣ ва 7 китоби дарсию васоити таълимӣ мебошад. Китоби дарсии омодакардаи ӯ «Биология» солҳои 2006 ва 2008 бо теъдоди зиёд нашр гардид. Таҳти роҳбариаш чанд унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя карданд.
- Биология илмест, ки қонунияти пайдоиш ва такомули табиати зиндаро меомӯзад. Онро «илми ҳаёт» ё «ҳаётшиносӣ» низ меноманд, — мегӯяд Намоз Бердиев. — Дар тӯли таърих надонистани қонуну қоидаҳои ҳаёт боиси фалокатҳои экологӣ гаштааст. Илми биология онҳоро меомӯзад. Биология мафҳуми хеле васеъ буда, ба чанд соҳа, аз қабили ботаника, зоология, анатомия, микология, физиология, гистология, генетика, экология ва ғайра ҷудо мешавад. Дар маҷмӯъ, доираи омӯзиши ин илмҳо бекарон аст.
Ҳар як соҳаи биология дар назди олимон вазифаҳои мушаххас мегузорад. Масалан, бо истифода аз нозукии илмҳои ботаника ва генетика ҳосилнокии зироату дарахтонро баланд бурда, роҳҳои ба муҳит камзарари мубориза бо зараррасонҳоро ёфтан ва навъҳои серҳосилу ба хушкӣ ё бемориҳо тобоварро ихтироъ кардан мумкин аст.
Хизмати генетика дар соҳаи тиб низ бузург мебошад. Бо ёрии он бисёр бемориҳоро, ки дар гузашта табобатнашаванда меҳисобиданд, табобат мекунанд. Ҳатто дар давраи дар батни модар будани тифл табибон амалиёти пешгирикунандаи ин ё он навъ бемориро мегузаронанд. Бо ёрии илми микробиология олимон бар зидди вирус ё бактериҳои мушаххас ваксина тайёр мекунанд. Аз ин рӯ, нақши биология дар ҳаёти одамон сол то сол меафзояд.
Одамизод майли фатҳ кардани сайёраҳоро дорад. Барои ин бояд роҳу усулҳои зистан дар шароити ғайримуқаррариро донад. Рушди соҳаи селексия (илми навъшиносӣ) имкон медиҳад, ки дар шароити душвору ғайримуқаррарӣ ҳам наботот рӯяд. Бо ҳамин сабаб биологияро илми ояндадор мегӯянд.
Профессор Намоз Бердиев иброз медорад, ки рушди соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, дорусозӣ ва тандурустӣ ба биология алоқамандии зич дорад. Инсон ба табиат таъсир расонида, самараи дахолаташро «мечашад».
- Сол то сол дар ҷаҳон масоҳати шаҳрҳо ва шумораи аҳолии шаҳрнишин афзуда истодааст, — мегӯяд Намоз Бердиев. — Ин маънои онро дорад, ки замини кишт кам шуда, теъдоди аҳолии ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғулнабуда зиёд мегардад. Дар чунин шароит бо истифода аз илмҳои биологӣ навъҳои серҳосили зироат ва зотҳои сермаҳсули чорвою парандаро ихтироъ кардан лозим меояд.
Намоз Бердиев аз соли 1992 муовини раиси шуъбаи ҷумҳуриявии Анҷумани иммунологҳо ва аллергологҳо, узви ихтисосии олимони Донишгоҳи тиббии Қирғизистон дар заминаи додани унвони номзади илм (аз соли 2005) ва узви раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ (аз соли 2005) мебошад.
Барои саҳми арзанда дар пешрафти илму истеҳсолот бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1985) мукофотонида шудааст. Минбаъд низ (23 январи соли равон 80- сола мешавад) боварӣ дорем, дар пешрафти илми биология ва тарбияи олимони варзидаву ватандӯст саҳми босазо мегузорад.
С. АМИНИЁН, «Садои мардум»