Сокини шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов баъди ба нафақа баромадан эҳсонкорӣ пеша намуд. Тасмим гирифт, ки нуқтаи хайру эҳсон таъсис дода, тавассути он ба аҳолии камбизоат ёрмандӣ намояд.
- Соли 2012, баъди нафақа баромадан, маро раиси кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳр интихоб карданд. Ба ҷуз иҷрои вазифа дар як вақт аробачаҳои маъюбии аз кор баромадаро таъмир карда, ба маъюбон барои истифода ройгон медодам. Соли 2012 қарор додам, ки нуқтаи хайру эҳсонро таъсис диҳам. Шаҳрвандон либосҳои барояшон нодаркорро ба мо месупоранду онҳоро ба муҳтоҷон ройгон тақсим мекунем. Инак, соли дуюм аст, ки коргоҳамон фаъол аст, — гуфт Нуъмон Ҳасанов.
Чун сафи хайрхоҳон зиёд гардид, қаҳрамони матлаб ба роҳбарияти масҷиди ҷомеи «Нури ислом» муроҷиат намуд, то утоқеро барояшон ҷудо намоянд. Алҳол дар яке аз ҳуҷраҳои масҷиди ҷомеъ фаъолиятро ба роҳ мондааст, ки шахси масъул Муҳаббат Амонзода мебошад.
- Вай аз оилаи камбизоат аст, — мегӯяд Н. Ҳасанов, ба ивази меҳнат аз либосҳои воридшуда истифода мебарад.
Бино ба гуфти Муҳаббат Амонзода, соли 2018-ум ба марказ 921 нафар либос супорида, муроҷиаткунандагон 4223 нафарро ташкил дод. Айни замон 76 либоси занона, 42 либоси мардона ва 234 либоси бачагона интизори муҳтоҷон аст. Умед дорем, ки баъд аз мутолиаи матлаб дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат ба ин иқдоми нек пайравӣ хоҳанд кард.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»