Ҳафтаи равон зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Панҷакент муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Хисрав Абдуназар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро шарҳу тавзеҳ дода, доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки Маҷлиси Олии мамлакат қабул кардааст ва фараҳбахштарин рӯйдоди соли гузашта — ба кор даромадани чархаи якуми НБО-и «Роғун» ибрози назар карданд.
Хайринисо Юсуфӣ мазмуну моҳияти Паёми Сарвари давлатро шарҳ дода, аз пешравии дар солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадастомада ёдовар шуд.
- Ба касе пӯшида нест, ки Пешвои миллат давра ба давра дар бахшҳои маънавиёт, ҳуқуқ, иқтисод ва сиёсат кори зиёдеро ба анҷом расонданд. Барои мисол, мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ибтикороти арзандаи Пешвои миллат маҳсуб мешаванд. Шоҳиди ҳол будем, ки вақте қонунҳо таҳия шуданд, назарҳо гуногун буданд. Вале вақт дурустии иқдомҳои Пешвои миллатро исбот намуд, — гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагон.
Вакили Маҷлиси намояндагон Хисрав Абдуназар бо изҳори қаноатмандӣ зикр кард, ки ташаббусҳои Пешвои миллат барои кишварҳои дигар ҷиҳати ҳалли мушкилоти норасоии об, дар роҳи расидан ба сулҳу оштии миллӣ, таҳияи қонунҳои миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ намунаи ибрат аст. Роҳбари мамлакат зимни амалисозии иқдомот тарзе масъалагузорӣ менамоянд, ки дар навбати аввал ҳимояи манфиати мардум ва ҳуқуқи инсон қарор гирад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки ин хислат хоси шахсиятҳои бузурги таърихӣ, ки дар давраҳои гуногун ба манфиати халқу миллатҳо хизмати арзанда кардаанд, мебошад.
- Аз ин хотир қарзи инсонӣ ва рисолати виҷдонии ҳар фарди ҷомеа аст, ки ба қадри заҳмату хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расад ва барои ободии кишвар беш аз пеш фаъол бошад, — гуфт Хисрав Абдуназар.
Дар вохӯриҳо, аз ҷумла, дар Маркази ҷавонони шаҳри Панҷакент ба номи Лоиқ Шералӣ, ки бо иштироки зиёда аз 500 нафар баргузор шуд, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент Шафиён Ислом Зиёзода низ суханронӣ кард.
Вохӯрии вакилон, ҳамчунин дар деҳоти «Фароб», «Моғиён», «Шинг», «Косатарош», «Суҷина», «Чинор», «Хурмӣ», «Халифа Ҳасан», «Ёрӣ» ва «Амондара» низ хотирмон доир шуд.
Далер Мерганов, «Садои мардум»
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Спитамен, №25» Аҳматҷон Қобилов дар мулоқот бо сокинони шаҳраки Навкат, деҳоти ноҳияҳои Спитамен, Деваштич ва Зафаробод нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода, зикр кард, ки он самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва оянда муайян сохта, пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҷавонон, варзиш ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқро таъмин менамояд ва раҳнамо барои ояндаи мамлакат, ноил шудани сокинони кишвар ба зиндагии ободу шоиста мебошад.
Тамоми дастоварду комёбии соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар ин санади сарнавиштсоз мавриди таҳлили ҷиддӣ ва баррасии амиқ қарор гирифта, нуқсонҳои ҷойдошта бо далелҳои эътимоднок нишон дода шуданд ва барои рафъу ислоҳи онҳо дар соли 2019 ва давраҳои минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардиданд.
- Хусусан, пешниҳоди Сарвари давлат дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» қобили дастгирию ҳамовозии гарму ҷӯшони аҳли ҷомеа қарор гирифт, зеро деҳоти обод аз ободии кишвар дарак медиҳад, — иброз дошт Аҳматҷон Қобилов дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф, ки дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод доир гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон диққати иштирокдоронро бештар ба масъалаҳои рушди маориф, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани савияи касбии устодон, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардидааст, ҷалб намуд.
- Сарвари давлат, — гуфт ӯ, — дар Паём кормандони соҳаи маорифро вазифадор мекунанд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ чораю тадбирҳои амалӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Ӯ ба ҷавонону донишҷӯён муроҷиат намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат ба неруи пешбарандаи ҷомеа боварии калон доранд ва барои кору таълиму зиндагии онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё намудаанд.
Дар охир Аҳматҷон Қобилов ба саволҳои аҳли маориф ва ҷавонон ҷавоб дода, ба онҳо дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат барори кор хост.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»
14 январ мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева бо интихобкунандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид.
Гулнора Бобоева зикр намуд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи кишвар соли воқеан таърихӣ буд. Бо ташаббус ва иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (22 март) расман оғоз гардид, агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор даромад, ки аз ояндаи дурахшони мамлакат дарак медиҳад.
Вакили Маҷлиси намояндагон дар робита ба нуктаҳои дигари Паём, аз ҷумла ба пешрафти соҳаи фарҳанг дахл намуда, гуфт, ки дар даврони истиқлолият ҷашну оини миллӣ, амсоли Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак ва монанди инҳо, аз нав эҳё гардиданд. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат Шашмақом, Наврӯз ва яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ — Чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии Юнеско ворид шуданд.
Номбурда, ҳамчунин, зикр намуд, ки дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра минтақаҳои дигари кишварро низ фаро мегирад.
Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»