Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Қонуни нав барои рушди соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон шароити беҳтар фароҳам меорад

№28 (3013) 08.03.2013

6 марти соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

DSC_1415

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

2. Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳбари Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳақдодов М. М.».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сухан ба муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадов Суҳроб Талбакович дода мешавад.

DSC_1442Суҳроб МАҲМАДОВ: — Муҳтарам Раис ва Раёсат, муҳтарам вакилон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пешниҳод мегардад.

Созишномаи мазкур 6 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар як нусха бо забони русӣ ба имзо расидааст.

Созишнома аз 9 модда иборат буда, аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо мақсади тақвият бахшидани муносибатҳо дар соҳаи ҳамкорӣ дар фаъолияти таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ, вусъати ҳамкориҳо байни иштирокчиёни ҳамкориҳои ҳарбию иқтисодӣ, муассисаву корхонаҳои Тарафҳо дар соҳаи фаъолияти таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ ба имзо расонида шудааст.

Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодиро дар шароити мавҷуда иттиҳодияи навташкили илмӣ-техникии муассисаҳои соҳаи саноати мудофиавӣ, таъмини меъёрҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва маълумотҳои паҳншавиашон маҳдуд оид ба маҳсулоти аҳамияти ҳарбидошта, дар чаҳорчӯбаи шартномаҳои байналмилалӣ, ташкили майдончаи ягонаи таблиғию намоишгоҳии соҳаи ҳарбӣ-иқтисодӣ ва ба вуҷуд овардани реҷаи беҳтар барои ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатҳои аъзои ин Созмон дар бар мегиранд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур бо вазоратҳои адлия, молия, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда, ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқакунонӣ ва барои пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона кардааст.

Созишнома ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Қабули қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур зарур аст.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Иномов Абдузафар дода мешавад.

DSC_1444Абдузафар ИНОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар баррасии мо Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қарор дорад, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 феврали соли 2013 таҳти №1733 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳо ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишнома аз муқаддима ва 9 модда иборат буда, дар муқаддима мақсад ва мароми ба имзо расидани ин Созишнома, ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарбӣ-иқтисодӣ дар шароити кооператсияи бавуҷудомада ва навташкили илмию техникии корхонаҳои соҳаи саноати мудофиа шарҳ дода шудаанд.

Дар моддаҳои 1- 5-уми Созишнома масъалаҳои ҳамкории мутақобила, мақомоти ваколатдори Тарафҳо, ҳамкории ҳарбию иқтисодии корхонаҳо ва ташкилотҳои Тарафҳо дар соҳаи таблиғотию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ, ташкил намудани кумитаҳои тадорукот, гурӯҳҳои кории дуҷониба ва бисёрҷониба зикр карда шуда, дар моддаҳои 6-9 муносибатҳо оид ба баҳсҳо ва ихтилофоти назар вобаста ба Созишномаи мазкур, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ва эътибор пайдо намудани он муқаррар гардидаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, доир ба он хулосаҳои хешро пешниҳод кардаанд.

Кумитаи масъул масъалаи мазкурро дар таърихи 7 феврали соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод ва он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сухан ба муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадов Суҳроб Талбакович дода мешавад.

Суҳроб МАҲМАДОВ: — Муҳтарам Раис ва Раёсат, муҳтарам вакилон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пешниҳод мегардад.

Протоколи мазкур 23 июни соли 2006 дар шаҳри Минск дар як нусхаи аслӣ бо забони русӣ ба имзо расидааст. Протокол аз 3 модда иборат буда, аз ҷониби намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо мақсади тақвият бахшидани муносибатҳо дар соҳаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳан, масъалаҳои техникӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият ҳангоми гузаронидани тадқиқоти илмӣ, тарҳрезӣ, коркард ва ба даст овардани воситаҳои таъминоти техникии роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расонида шудааст.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро бо вазоратҳои адлия, молия, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда, ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқакунонӣ ва пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона кардааст.

Протокол ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Қабули қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътибор пайдо намудани расмиёти дохилидавлатӣ зарур аст.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Протоколи мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амиршоева Саодат дода мешавад.

DSC_1455Саодат АМИРШОЕВА: Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Протоколи номбурда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 феврали соли 2013 таҳти №1734 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳо ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Протокол аз муқаддима, 3 модда иборат буда, дар муқаддима мақсад ва мароми ба имзо расидани Созишнома баён шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи тағйироти моддаҳои 1 ва 2-юми Созишнома калимаҳои «ба Хадамоти федералии Қӯшунҳои роҳи оҳани Федератсияи Россия (ХФҚРО Россия)» ва «ХФҚРО Россия» ба калимаҳои «Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия (Фармондеҳии Қӯшунҳои роҳи оҳан)» иваз карда шудаанд. Дар моддаи 3 тартиби мавриди амал қарор гирифтани Протоколи мазкур муқаррар гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, доир ба он хулосаҳои хешро пешниҳод кардаанд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро дар таърихи 27 феврали соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод ва он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ ёфт..

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Протоколи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

(Идома дар шумораи оянда)

 

Ҷумъахон НАБОТОВ,

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ