Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи мамлакат ба мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон-2019, ки дар Перу аз 5-ум то 27-уми октябр доир мегардад, омодагӣ мегирад.
16-уми январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе футболбозони даста дар доираи чорабиниҳои таълимиву тамринӣ бо дастаи «Истиқлол», ки моҳи феврали соли равон бори аввал дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 ширкат меварзад, бозии санҷишӣ гузарониданд. Он бо ғалабаи дастаи «Истиқлол» ба ҳисоби 5:1 анҷом пазируфт.
Дастовези арзанда аз Амороти Муттаҳидаи Араб
Дастаи варзишгар ва мураббии шинохтаи ҷумҳурӣ оид ба намуди ҷиу-ҷитсу Комил Боймуродов зимни мусобиқаи байналмилалии бонуфуз дар Абу Даби (АМА) –Ab u Dhabi Grand Slam Jiu JitsuWorld-2019 ширкат варзида, соҳиби се медал гардид.
Қобили тазаккур аст, ки дар вазни 56 кг Алишер Исмоилов ва Қосим Сӯфиев рақибонашонро мағлуб сохта, дар муҳорибаи финалӣ муқобили ҳамдигар ба майдон баромаданд. Медали тиллоро А. Исмоилов соҳиб гардид.
Узви дигари даста Ҳамдам Бурҳонов дар вазни 62 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Айни ҳол Комил Боймуродов ва шогирдонаш ба мусобиқаи кушоди Қаҳрамонии ИМА омодагӣ мегиранд.
Таҳияи Н. Низомӣ, «Садои мардум»