Нақши об дар устураи халқҳои қадим

№12 (3962) 29.01.2019

Бонги обам ман ба гӯши ташнагон,

Ҳамчу борон мерасам аз осмон.

(Мавлоно)

1495021716123212165Об наҷибтарин унсури ҳастӣ аст, ки дорои асрори табиӣ буда, дар ҳаёти олами мавҷудот, бахусус инсон, аҳамияти азим дорад. Вобаста ба ин аҳамияту асолат об дар аксари ҳавзаҳои фарҳангӣ ва дину оини бостонӣ маънӣ, мазмуни рамзӣ ва асотирӣ касб карда, дар тасаввуроти намояндагони ин фарҳангҳо боиси пайдоиши ривоятҳои зиёде гардидааст. Мисриёни бостон чунин мепиндоштанд, ки пеш аз пайдоиши ҷаҳон кайҳон дар оғӯши уқёнуси бекаронае қарор дошт ва он «Нув ё Нун» номида мешуд. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон, нишонаҳое аз Нув ба сурати «дарёчаи муқаддас, ки намоди «номавҷудӣ» -и пеш аз офариниш аст», дар ёдгориҳои қадима ва парастишгоҳҳои бостонӣ то ҳол мушоҳида мешавад. Мисриёни қадим бовар доштанд, ки об даври кайҳонро печонида, замину хуршеду ситорагонро муҳофизат мекунад. Дар тасаввуроти онҳо об як унсури покизагист, ки саҳнаи офариниш дар пояи он зоҳир мегардад.

Дар фарҳанги бостонии Бобил низ дар бораи устураи офариниш ва нақши об дар он дидгоҳи суннатие ба монанди боварҳои мисриён вуҷуд дорад. Ин матлаб дар китоби «Фарҳанги асотир» чунин баён гардидааст: «Дар лавҳае омадааст, ки кайҳон нахуст тӯдае калонҷусса аз об буд ва дар он ба мурури замон худоён яке аз паси дигаре ба вуҷуд омадаанд ва батад­риҷ корҳое мутобиқи ақлу ҳикмат карданд, то оқибат яке аз он миён, ки аз ҳама нерумандтар буд, бар он шуд, ки заминро биёфаринад. Пас ба амри ӯ тӯфоне пуринқилоб зоҳир шуд ва замини хушк аз дарёи об ҷудо гашт. Он гоҳ корҳо ба сомон шуданд ва ҳадде барои обҳои осмонӣ ва заминӣ муқаррар шуд».

Аҳамият ва асолати об дар фарҳанги асотирии ақвоми сомӣ низ ба хубӣ мушоҳида мешавад. Мувофиқи ахбори дар боби «Пайдоиш»-и китоби муқаддаси сомиҳо омада, нақши об дар саҳнаи офариниш бисёр муҳим арзёбӣ гардидааст: «… ва Худо гуфт: Фалаке бошад дар миёни обҳо ва обҳоро ҷудо кунад ва Худо фалакро бисохт ва обҳои зери фалак­ро аз обҳои болои фалак ҷудо кард ва чунин шуд… ва Худо гуфт: Обҳои зери осмон дар як ҷо ҷамъ шаванд ва хушкӣ зоҳир гардад ва чунин шуд. Ва Худо хушкиро замин ва иҷтимои обҳоро дарё номид».

Об дар фарҳанги исломӣ низ ҳамон хусусияти намодини хешро нигоҳ дошта, дар ҷараёни офариниш ба унвони як унсури арзишманд истифода шудааст. Матолиби аз мафҳуми ояти қуръонӣ расида ба ин маънӣ далолат мекунанд, ки офариниши ҳаёт дар об сурат гирифтааст:

«Осмонҳову замин баста буданд, пас онҳоро во кардем ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем? (Сураи Анбиё, ояти 30).

Дар ояи дигар бошад, ба маънии аз об офарида шудани одам ишора мешавад:

«Ва ӯ он Худо аст, ки аз об одамӣ офарид. … Ва Парвардигори ту тавоно аст». (Сураи Фурқон, ояти 54).

Абулфазли Балъамӣ устураи офаринишро чунин шарҳ додааст: «Худои таъоло пас аз офаридани Лавҳу Аршу Курсӣ оламро яксар аз об офарид. Он гоҳ бо ҳайбат як назар ба об нигарист. Он об аз ҳайбати Худои таъоло барҷӯшид ва дуде аз миёни об баромад ва аз он дуд осмонҳоро офарид. Дар «Қуръон»-и маҷид шасту се бор калимаи «моъ» (об) ба кор рафтаву аз ҷиҳати мухталиф мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст».

Мардуми Ҳинд, ки дар ҷаҳон, бешак, соҳиби пурасрортарин устураҳо мебошанд, дар дидгоҳи асотирӣ чунин тасаввур мекарданд, ки ин унсури намодин – об пеш аз хилқати ҷаҳон дар ҳама ҷо мавҷуд буда ва дар оғози офариниш ҳамчун сарчашмаи пайдоиши худоён ва кайҳон истифода шудааст. Дар ҳамосаи «Рамаяна» саҳнаи офариниш чунин ривоят шудааст: «Ҳама ҷо об буд ва замин дар об ташкил шуд ва Бараҳман қоим ба зот буд ва дигар худоён дар об ба вуҷуд омаданд. Сипас, Бараҳман ба сурати гуроз даромад ва заминро аз даруни об ба боло овард ва ҷаҳонро офарид ва муқаддасинро, ки писаронаш ҳастанд, ба вуҷуд овард». Ҳамчунин, навиштаанд, ки «Вишну яке аз се эзади бисёр неруманди Ҳиндро ба об, ки пеш аз хилқати ин ҷаҳон дар ҳама ҷо ҷорӣ будааст, мансуб доштаанд ва ба ин ҷиҳат ӯро Нараяна, яъне мутаҳаррик дар обҳо хондаанд». Дар ин замина, гузоришҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки тибқи ривояти онҳо «яке аз фирқаҳои Ҳинди бостон обпарастон будаанд ва чунин гӯянд, ки барои об фариштаест ва об асли ҳамаи наботот ва ҷонварон аст ва асли зиндагонӣ он аст».

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ниёкон барои чор унсури бунёдии табиӣ – обу оташу хоку бод эҳтирому эътиқод қоил буданд. Замину обро аз ҳар гуна палидӣ пок медоштанд ва оташро ҳамчун унсури поккунанда муқаддас мешумурданд. Муаррихони юнонӣ ориёиёни қадим (яъне ниёкон)-ро ситоишгарони об меномиданд ва дар ин бора навиштаанд, ки мардуми ориёӣ «…дар миёни об бавл намекунанд, оби даҳон ба он намеандозанд ва дар он даст намешӯянд, ки бояд аз ҳар гуна касофат ба дур бимонад. Ҳамчунин, тайи маросиме барои об қурбонӣ ва фидя мекарданд. Дар ривоёт ҳаст, ки як аср қабл аз мелод эрониён ҳангоми қурбонӣ барои фариштаи об дар канори рӯд ё сарчашма ва каронаи дарё чоҳе меканданд ва дар канори об қурбонӣ мекарданд, ба тавре ки об ба хуни қурбонӣ олуда намешудааст».

Мардуми ориёинажод тавассути хирад ва фазилати фитрӣ аҳамияти ин унсури табииро дар зиндагии мавҷудоти зинда дарк карда, дар ҷаҳонбинии асотирӣ ба мафҳум ва моҳияти табиии об ҷанбаи фарозеҳнӣ ё минуӣ низ афзудаанд. Бинобар ин, об дар фарҳанги асотирии ин халқ ҳамчун як унсури муқаддас ва эзадӣ ба шумор мерафт. Ин мазмун дар ривоятҳои таърихӣ чунин баён гардидааст: «Дар «Авасто» бар аҳамияти об борҳо ишора шуда, дар «Обон-яшт» ва «Тир-яшт» дар бораи он сухан рафта ва Оноҳито (ба маънии пок ва беолоиш) ё Ноҳид ҳамчун эзадбонуи бузурги об ва борварӣ ситоиш шудааст».

Тибқи ривоёти расида ва маъмул, «исми комили ин фаришта «Ардависури Аноҳито» ба маънии рӯд ё чашмаи пуроб ва неруманду зулол аст. … ва он тавре ки дар «Авасто» ин рӯд таъриф шуда, бояд онро оби минавӣ тасаввур кард, зеро рӯдест ба бузургии тамоми обҳои рӯи замин, ки ба дарёи Фарохкирт мерезад ва ҳафт кишвари рӯи заминро сероб мекунад. Ба фармони эзади Ноҳид аз фарози осмон борону барфу жола фурӯ меборад, ки ба галлаву рама меафзояд ва саросари кишварро хушиву неъмат фаро мегирад. Дар яшти панҷуми «Авасто» ин рӯд (чашма) ба унвони афзояндаи ҳаёт ва чорпоёну гиёҳон ва чашмае, ки ба ҳамаи кишварҳо равнақу ҳаракат мебахшад, ниёиш мешавад».

Ҳамчунин, дар фарҳанги асотирии мардуми ориёӣ симои минуии об дар устураи Обон ошкор мегардад: «Обон номи фариштаи «Об» аст, ки нигаҳбонии моҳи ҳаштуми сол ва рӯзи даҳуми ҳар моҳро бар уҳдаи ӯ мегузоштанд. Дар вожаномаи «Бундаҳишн» яке аз амшоспандон (фариштагон) муаррифӣ шуда ва «Обон фарра» ба маънии дорандаи фарраи обҳо (неру ё шукӯҳи обҳо) ва лақаби Ноҳид дониста шудааст. Бинобар ин, Обон ё Ноҳид бо «об» ва «нилуфар», ки рамзи офариниш ва дунёи маънавианд, пайванд дорад».

Дар Чини қадим пайравони мактаби Дою, ки яке аз куҳантарин мактаби ирфонии ҷаҳон ба шумор меравад, обро тимсоли инсони огоҳ медонис­танд: «Об сахттарин чизҳоро бо худ мебарад ва амвоҷи он дар сукун ҳама чизро мешӯяд ва сайқал медиҳад». Калимаи «шиногар» (оббоз, шиновар) дар забони чинӣ ба маънии касе аст, ки сиришти обро медонад. Ҳар касе огоҳ аст, ки сиришти неруи эҳсоси зиндагиро медонад ва агар иродаи худро бо он ҳамоҳанг созад ва дар ошубу изтироб фурӯ наравад ва бо он неру ҳамоҳанг шавад, ба оромӣ дар масири он ҳаракат хоҳад кард.

Дар мактаби ирфонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки ҳама абъоди иҷтимоӣ аз доираи назари ин мадраса берун намонда, мавриди шарҳу баррасӣ қарор гирифтааст, назари мушобеҳ ба равиши фикрии ҳакимони чиниро метавон мушоҳида кард. Мавлоно дар қолаби тимсол ҳолати равонии орифон (ҷони авлиё)-ро ба об (ба сифати созанда ва поккунандагии об) ташбеҳ карда, ҳамчунин, дар сайру сулуки маънавии ориф ва сайри табиии об (тағйири ҳолатҳои физикӣ – аз ҳолати ҷамодӣ ба моеъ ва аз моеъ ба бухор табдил ёфтани он) ҳамоҳангӣ мушоҳида мекунад. Дар нигоҳи шоир, об олудагиҳои муҳитро шуста, дубора ба сӯи покибахши Арш — Худо суъуд карда, таҳорат ёфта, дигарбора ҳолати аслии хешро дарёфта ба сӯи халақа бармегардад, то ки кафили сарсабзӣ ва покии муҳити зист – ҳарами ҳастии мавҷудот бошад.

Чунин равиши андеша дар адабиёти ирфонӣ бесобиқа нест… Муаллифи китоби «Муноҷоти ботинӣ» оби дарёро ба нафси инсон монанд мекунад: «Оби дарё киноя аз нафси инсон дорад. Зеро нафс, аз як тараф, монанди об дар ҳаракату талотум аст ва аз тарафи дигар, мисли об, ки ба хок пайваст аст, дар асорати бадани физикӣ мебошад ва мисли об, ки тасовири атрофашро дар худ мунъакис мекунад, нафс низ ҷалоли пуршукӯҳи илоҳиро мунъакис месозад».

Мавлоно ҷойи дигар аз хусусияти софу зулолгунагии об баҳра ҷуста, махлуқотро ба он сифот мавсуф медонад. Муроди муршиди Балх дар ин тасвир ин аст, ки агар мо — инсонҳо аз даричаи дидгоҳи ирфонӣ ба ашё бингарем, дармеёбем, ки ҳар шайъ оинадори оини офариниш мебошад:

Халқро чун об дон софу зулол,

Андар он тобон сифоти Зулҷалол.

Илмашону адлашону лутфашон,

Чун ситора (й) чарх дар оби равон.

Мавлои Балх бо такя ба сифат ва хусусиятҳои табиии об дар қолаби тимсол шабакаи густурдаи маъниҳои истиоравӣ ва намодинро падид овардааст. Дидгоҳеро, ки барои растагории инсон ва ҷаҳон пешниҳод менамояд, бисёр саҳлу сода ба назар мерасад. Аз нигоҳи Пири Балх сулҳу оромиши кулл дар ҷаҳон замоне фаро мерасад, ки зеҳни инсон чун сиришти об поку ором бошад. То замоне ки зеҳни одамӣ табиати оби софро пайдо накардааст, зери фишору лагадкӯби афзунталабиҳои нафсонӣ қарор мегирад ва табиист, ки чунин зеҳн авзои замину замонро ноором нигоҳ медорад.

Мавлоно дар тамсиле тани одамиро ба кӯза ва оби даруни онро ба ҳавос ё маҷмӯи донишу таҷрибаҳо ё ин ки дидгоҳи инсон монанд мекунад. Тани одамӣ зарфест, ки муҳтавояшро аз баҳр, ки дар нигоҳи муршиди Балх намоди донишҳои куллӣ ё ҳақиқати асил мебошад, ҷудо нигаҳ медорад.

Зеҳнҳои софу ором кафили сулҳу сафои ҷомеа мебошанд. То замоне ки «бод каҳро з-оби ҷӯ» пок накардааст, об ҳолати якрангии худро пайдо намекунад. Яъне, то замоне ки фазои зеҳнро абри ибҳоми фикр пӯшонидааст, зеҳн ҳолати якрангӣ, сулҳу оромиши худро намеёбад. Ин ҳолат вақте даст медиҳад, ки дар соҳати зеҳн кайфияти ҳассосият ва таваҷҷуҳи комил ҳукмрон ва зеҳн ба ҳар амали худ огоҳӣ дошта бошад.

Донишманди ҷопонӣ Масару Эмото, ки дар замони муосир зиста, дар зиндагӣ ба омӯхтани об машғул гардида ва беш аз дигарон рамзу рози обро омӯхтааст, дар китоби «Тайная жизнь воды» (Ҳастии асроролудаи об) менигорад, ки «об аз неруи хотира (ҳофиза) бархӯрдор буда, фикру дуои моро мепазирад» Бояд гуфт, ки матолиби китоби мазкур дар заминаи ҳушмандии ашё, бахусус  об, бо афкори Мавлоно шабоҳати зиёд дорад.

Абдухолиқ Мирзозода, Олимҷон Бухоризода