Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёкон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.
Бо ин дубайтии шоир Гулназар оғоз шудааст рисолаи наве, ки «Сада муждагонӣ аз Наврӯзи оламафрӯз аст» ном дорад. Онро Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нашриёти «Дониш» ба чоп расонидааст, ки ба қалами профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов тааллуқ дошта, аз таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва вобастагии он бо ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва дигар идҳои суннатӣ нақл мекунад.
Ба андешаи муҳаққиқ, агар ҷашни Наврӯз бо маросиму ташрифот ҳар сол такрор гашта, моҳиятан таҷлили бозофаринии оламро таҷассум кунад, зинаҳои офариниши олам (ҳоҳуд, лоҳут, ҷабарут, малакут ва мулк) мутобиқ бо дигар ҷашнҳои дар давоми сол такроршаванда, ба мисли Сездабадар (рӯзи сенздаҳуми фарвардин, ки наҳс маҳсуб мешавад), Тиргон (рӯзи дарозтарини сол), Меҳргон (иди ҳосилғундорӣ), Дайгон (шаби дарозтарини сол ё Шаби Ялдо), Сада (50 шабу 50 рӯзи монда ба Наврӯз) инъикос мегардад. Ин идҳо давоми мантиқии якдигар буда, мухолифат ба ҳамдигар надоранд.
Муаллиф бар он ақида аст, ки Сада охирин ҷашни мавсимии сол қабл аз Наврӯз аст ва онро муҳаққиқон паёмовари Наврӯз медонанд. Ин ҷашн баъди чиллаи зимистон фаро мерасад ва онро маъмулан ҷашни оташафрӯзӣ меноманд.
Деҳқонон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани каналу заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, олоти кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳибини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ машғул гардида, барои аз зимистон солим баровардини онҳо чора меандешанд.
Муаллиф барои мушаххас кардани ном, рӯзи баргузорӣ ва хусусиятҳои ҷашни Сада аз «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ, осори Дабири Саёқӣ, ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, қасидаҳои Фаррухиву Унсурӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ҳаким Хайёми Нишопурӣ, нависандаи машҳури Эрон Содиқ Ҳидоят ва «Бурҳони қотеъ» истифода бурдааст.
М. Ҳазратқулов менависад, ки «Одати асосӣ дар ҷашни Сада оташ афрӯхтан аст. Ин ҷашн бегоҳии рӯзи 31 январ (10 баҳманмоҳ)-и ҳар сол дар Осиёи Миёнаю Эрону Афғонистон бо шодмонӣ баргузор мегардид». Эҳё гардидани ҷашнро муаллиф муҳим ва муфид арзёбӣ карда, нигоштааст: «Хушбахтона, мо ҳоло соҳибистиқлолем ва вақте ҷашнҳои калидию миллӣ ва суннатии хеш, ба монанди Наврӯзу Меҳргон ва Садаро эҳё мекунем, пуле барои гузаштаи дур ва ҳаёти муосир бунёд хоҳем кард. Ба ҳамин восита, аз як тараф, маънавиёти ба фаромӯшӣ рафтаро эҳё кунем, аз тарафи дигар, фарҳанги волову таърихи тамаддуни худро зинда менамоем».
Таҳияи Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»