Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Қурбон

№130-131 (3115-3116) 15.10.2013

1275032_544881875582003_1169193493_o

14 октябри соли 2013

Ҳамватанони азиз!

Пагоҳ Иди саиди Қурбон, ки яке аз рўзҳои муҳим ва муқаддаси дини мубини ислом мебошад, фаро мерасад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон ин идро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии ин рўзи муборак самимона табрик гуфта, ба шумо имону эътиқоди комил, иҷобати дуоҳо ва саодати рўзгорро орзу менамоям.

Воқеан, ин иди саид таҷассумгари эътиқод, имон, ғояҳои олии некию адолату инсондўстӣ, рамзи раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад. Зикр бояд кард, ки ҳаҷ, яъне зиёрати Хонаи Худо, рукни панҷуми дини ислом буда, дар доираи Иди Қурбон ҳусни анҷом меёбад. Ва дар навбати худ қурбонӣ рамзи садоқату вафодорӣ ва имону тақво ба Худои таъоло мебошад.

Дар Қуръони Карим дар бораи қурбонӣ фармудаҳои зиёде мавҷуданд, ки барои баланд гардидани ахлоқу маънавиёти ҷомеаи муосири мо аз аҳамият холӣ нестанд.

Масалан, дар ояти дуюми сураи Моида чунин омадааст: «Ва бар накўкорӣ ва парҳезгорӣ ба якдигар мадад кунед». Ин аст, ки фарҳанги бузурги исломӣ ғояҳои эҳсону накукорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дўстон, дилсўзию ғамхорӣ ба беморону нотавонон ва ёди хайр аз гузаштагонро талқин мекунад.

Тибқи таълимоти ислом, қурбонӣ кардан ҳамчун суннат барои ҳама ҳатмӣ нест. Ин амалро касе бояд иҷро кунад, ки аз лиҳози иқтисодӣ тавонманд бошад ва молу сарваташ ба ин чиз имконият диҳад.

Дуюм, нафаре, ки масъулияти худро дар назди аҳли байт ва хешовандони наздик, ки онҳо ба ў ҳаққи зиёд доранд, иҷро карда бошад.

Яъне, ҳаққи фарзанд ба таълиму тарбия, сару либос, ахлоқи нек, ҳаққи хоҳару бародар, падару модар, ҳамсояҳо ва амсоли инҳо иҷро шуда бошад.

Сеюм, касе бояд қурбонӣ кунад, ки нияти дигар содир намудани гуноҳро дар дилаш надошта бошад ва барои ислоҳи ахлоқу рафтораш кўшиш намояд.

Яке аз фазилатҳои асосии Иди Қурбон дасти ёрӣ дароз кардан ба мискинону ниёзмандон аст. Дар ин маврид Расули Акрам дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: «Беҳтарин садақа он аст, ки ба ниёзманд расонида шавад».

Хушбахтона, дастгирии моддӣ ва кўмак ба эҳтиёҷмандон дар рўзҳои ид дар кишварамон тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст. Бахусус аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд чунин амали неку савоб бештар сурат мегирад ва мо умедворем, ки имсол кўмаки онҳо нисбат ба солҳои гузашта боз ҳам зиёд мегардад.

Ҳар кори хайре, ки муъмин мекунад, набояд барои худнамоӣ, балки барои дилеро шод кардану дасти афтодаеро гирифтан аст.

Ба ҷо овардани фаризаҳои динӣ ва русуму одоби мазҳабӣ бояд танҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда ва суннатҳои гузаштагонамон сурат гирифта, ба рушди ҷомеа ва пешрафти зеҳнии мардум мусоидат намояд.

Дар рўзҳои иди мубораки Қурбон мардуми мо одати нек доранд, ки бо дили поку нияти холис ба хонаи якдигар мераванд ва ҳамдигарро табрик мегўянд.

Инчунин, тарк кардани буғзу кина, дастгирӣ ва меҳрубонӣ кардан ба ятимону маъюбон, мискинону бенавоён, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу табор, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои ин иди саид аст.

Рукни асосии Иди Қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад.

Бояд зикр кард, ки имсол беш аз шаш ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон бо нияти ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи акбар ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара рафтаанд. Дар арафаи ин иди шариф онҳо дар қатори миллионҳо нафар мусулмонони ҷаҳон ба зиёрати Байтуллоҳ мушарраф хоҳанд шуд.

Итминон дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас дар ҳаққи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дасти дуо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таъоло барои кишвари азизи худ суботу оромӣ ва пешрафту ободиро талаб менамоянд.

Дар баробари ин, дар хотир бояд дошт, ки ҳоҷӣ шудан маънои танҳо ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданро надорад, балки таваллуди дуюмбораи маънавӣ, таҳкими ахлоқи ҳасана, ба даст овардани покии рўҳониву ахлоқӣ ва намунаи инсони комил шудан аст.

Аз ин лиҳоз, бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо саҳми арзандаи хешро дар тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардани онҳо, инчунин дар корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дареғ нахоҳанд дошт.

Имрўз сиёсати пешгирифтаи давлат барои ҳар як фарди ҷомеа имконият фароҳам овардааст, ки ба хотири рўз ба рўз беҳтар сохтани зиндагии худ ва рушду ободии Ватани азизамон бо заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми муносиби худро гузорад.

Дар айни замон, тафаккури мазҳабӣ бояд ба таъмини пойдории истиқлоли кишвар, рушди босуръати иҷтимоиву иқтисодӣ ва суботи сиёсии мамлакат мусоидат намояд. Муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо, дар шароити ҷаҳони муосир на танҳо макони ибодат бошанд, балки ба маркази фарҳангу одоб, мактаби одамият ва тарбияи ахлоқиву маънавии мусулмонон табдил ёбанд.

Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омўзиши илму маърифат, покизагиву накукорӣ, меҳнати ҳалол, дўстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Илму дониш омўхтан, ба касбу кор ва меҳнати ҳалол машғул шудан дар аҳкоми шариат ва усули таълимоти исломӣ аз фаризаҳои аслӣ ба ҳисоб рафта, бо ибодат кардан баробар мебошад. Хусусан дар шароити пешрафти бесобиқаи ҷаҳон бе тарбияи насли ҷавони дорои ахлоқи ҳамида, донишҳои касбии замонавӣ ва соҳибмаърифату забондон эъмори ҷомеаи мутамаддин ва давлати пешрафта ғайриимкон аст. Аз ин рў, аз ҳар як падару модар талаб карда мешавад, ки масъулият ва қарзи худро дар назди фарзандонашон амиқан дарк карда, ба хотири фароҳам овардани шароит барои донишандўзӣ ва тарбияи солими онҳо ҳамеша кўшиш намоянд.

Ҳамчунин ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоду соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем. Мо бояд шукрона кунем, ки имрўз мусулмонони кишварамон тамоми рукнҳои дини мубини исломро озодона иҷро менамоянд, зеро қонунгузории давлати демократиамон озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун ҷузъи таркибии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.

Бинобар ин, ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту меҳанпарвари ҷомеа бояд кўшиш намояд, ки барои ҳифзи сулҳу осоиши кишварамон, тарбияи наврасону ҷавонон ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо фаъолона саҳм гузорад.

Изҳори итминон менамоям, ки мардуми мусулмони мо ҳангоми адои намози ид барои сулҳу суботи кишварамон, ободиву осоиши мулкамон, то абад пойдор мондани ваҳдати миллиямон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ба даргоҳи Худо дуо мекунанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Иди Қурбонро ба тамоми ҳамватанони азиз самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик ризқи фаровон, оромиву осоиш, меҳру муҳаббат ва файзу баракат орзу менамоям.

Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!