Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Вазъи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ва нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон беҳтар мешавад

№13 (3963) 02.02.2019

DSC_4163Сиюми январи соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе

2. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе

3. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ»

4. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон»

5. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Бохтар, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон»

6. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон»

7. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ»

9. Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Икромӣ С. С.».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Бо дарназардошти он ки масъалаҳои якум ва дуюми рӯзнома ба ҳамдигар вобастагии наздик доранд, пешниҳод аст, ки онҳо якҷоя баррасӣ карда шаванд. Ҳоло сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» 29 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 45,8 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст, ки 41,2 млн. доллари амрикоии он маблағҳои грантӣ ва 4,6 млн. доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маблағҳои грантӣ барои барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунӣ ва санитария, барқарор кардани канализатсияи ҷанубии шаҳри Душанбе ва таҳияи нақшаи тиҷоратӣ барои Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо мақсади баланд бардоштани устувории фаъолияти корхона ҷалб мешаванд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур анҷоми корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

- таъмини шабонарӯзии 75 ҳазор нафар сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ;

- барқароркунӣ ва ивази қубурҳои обрасонӣ ва корезӣ дар мавзеи фарогирифтаи лоиҳа (қубурҳои тақсимотӣ 57 км ва қубурҳои магис­тралӣ 17,2 км);

- таъмини ҳолати хуби беҳдоштӣ барои қариб 350 ҳазор нафар сокини шаҳри Душанбе;

- насби 5200 обҳисобкунаки ҳуҷравӣ;

- васли 42 обҳисобкунаки ­калонҳаҷм;

- барқарор намудани 17 адад чоҳ дар пойгоҳи обтайёркунии Кофарниҳон-1;

- харидорӣ ва насби 22 адад насоси амудӣ;

- пурра барқарор намудани пойгоҳи насосии барориши дуюм дар пойгоҳи обтайёркунии Кофарниҳон-1;

- беҳбуд бахшидани низоми бе­зараргардонии оби нӯшокӣ;

- барқарор намудани ҳудуди санитарию муҳофизатӣ дар пойгоҳи обтайёркунии Кофарниҳон-1;

- сохтмони ду адад обанбори ғунҷоиши ҳар кадомаш 2000 метри мукааб.

Лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки фарогирӣ ва сатҳи хизматрасонии обу канализатсия дар шаҳри Душанбе ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардад. Татбиқи лоиҳа соли 2019 оғоз ва соли 2024 анҷом меёбад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои зикршударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти шаҳри Душанбе дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Файзиддин Саидов дар толор ҳузур доранд. Муҳтарам Саидов, дар ин самт кадом корҳо анҷом ёфтаанд?

Файзиддин САИДОВ: — Муҳтарам Раис!

Дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» гурӯҳи татбиқи лоиҳа ташкил карда шудааст. Ҳоло корҳои пешакӣ оғоз гардида, лоиҳакашӣ ва корҳои иловагӣ идома доранд.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидзода Ҷамшед Ҳамро дода мешавад.

САИДЗОДА Ҷамшед Ҳамро:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!

Оид ба масъалаҳои баррасишаванда мехоҳам ибрози ақида намоям, зеро аз шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб гардидаам ва инчунин, ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе бо пешрафту мушкилоти соҳа аз наздик шинос будам ва ҷонибдории лоиҳаи инвеститсиониро дар бораи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе хеле зарур мешуморам. Беҳтар сохтани таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар пойтахт, дар баробари беҳтарсозии хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, эҳтиёҷ ба сармоягузории калони хориҷӣ дорад

Лозим ба ёдоварист, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастрасӣ ва таъмини сокинони пойтахт бо оби нӯшокии баландсифат аҳамияти ҷиддӣ дода, ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ мусоидат менамоянд. Маҳз бо дастгирӣ ва мусоидати Пешвои миллат сифати оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе беҳтар гардонида шуда буд.

Айни ҳол бо заҳмати шабонарӯзии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, алалхусус, дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба мутахассисони соҳа ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», лоиҳаҳои нави беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе тарҳрезӣ гардидаанд. Лоиҳаи ҳоло баррасишаванда натиҷаи он мебошад.

Дар доираи амалисозии он шоҳқубури корезии қисми ҷанубии шаҳри Душанбе пурра барқарор ва ҳаҷман калон, вазъи санитария дар ноҳияи Шоҳмансур хеле беҳтар хоҳад шуд. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини саривақтии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ду обанбори нав бо ҳаҷми умумии 4000 м3 сохта шуда, обанбори пештараи маҳаллаи «Ховарон» таъмиру таҷдид ва пурра барқарор мегардад. Бар илова, харид ва насби 5200 адад обченкунаки замонавии электронӣ, ки минбаъд талафот ва хароҷоти беҳудаи оби нӯшокиро аз ҷониби истифодабарандагон пешгирӣ хоҳад кард, ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе дарозии қубурҳои оби нӯшокӣ 721 километрро ташкил медиҳад ва муҳлати истифодабарии онҳо то 40 сол муайян гардидааст. То ҳол аз ҳисоби сарчашмаҳои молиявӣ 121 километри он азнавсозӣ шудааст. Дарозии қубурҳои корезӣ зиёда аз 500 километрро ташкил медиҳад ва муҳлати хизматрасонии онҳо то 30 сол пешбинӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки бо дарназардошти камбуди молиявӣ, қубурҳои корезӣ ҳанӯз азнавсозӣ нашудаанд. Айни замон қисми зиёди қубурҳо ниёз ба иваз кардан дошта, бо мақсади дароз намудани муҳлати хизматрасонии онҳо (то 70 сол) зарур аст, ки дар оянда аз қубурҳои нави шишанахӣ (ба истилоҳ — «стекловолоконный») истифода бурда шавад. Мушкилоти дигари соҳа зарурати сохтмони истгоҳи нави замонавии тозакунии обпартовҳо (санитария ва ё бо истилоҳ — «канализатсия») дар пойтахт мебошад, ки бе сармояи хориҷӣ бунёди он душвор аст.

Бо дарназардошти ин, зикр кардан мехоҳам, ки дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории зикршуда ба беҳбудбахшии саломатии мардум ва ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям ба тарафдории қабули қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.

Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудаанд.

Ҳадафи лоиҳа барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи таъмини об ва санитария, барқарор кардани канализатсияи ҷанубии шаҳри Душанбе ва таҳияи нақшаи тиҷоратӣ барои Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо мақсади баланд бардоштани устувории фаъолияти он мебошад. Ҳамчунин, барои мустаҳкамкунии қубурҳои асосӣ, кам намудани талафоти об, харидорӣ ва насби обҳисобкунакҳои ҳуҷравӣ, сохтмони обанбор, барқарор намудани пойгоҳи насосӣ ва дигар чорабиниҳо маблағҳои муайян пешбинӣ шудаанд. Татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки фарогирӣ ва сатҳи хизматрасонии обу корезӣ дар шаҳри Душанбе ба талаботи муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯй гардад.

Созишномаҳои мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 21 январи соли 2019, № 2046 ва №2047, барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буданд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.

Хоҳишмандам лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон: — Муҳтарам Раис!

Созишномаи грантӣ ва Созишномаи лоиҳавии зикршуда лоиқи дастгирӣ мебошанд, зеро дар натиҷаи татбиқи онҳо зиндагии мардум беҳтар мешавад, вале таъкиди як масъаларо зарур мешуморам: Бо татбиқ ва амалӣ гардидани як қатор лоиҳаҳо нархҳо боло мераванд. Аз ҷумла, ҳоло нархи оби ба аҳолӣ расонидашаванда дар пойтахт боло рафтааст ва қиматшавии минбаъдаи он ба сатҳи зиндагии мардум бетаъсир нахоҳад монд. Хоҳиш менамоям, ин масъаларо мутасаддиён ба инобат бигиранд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ дода мешавад.

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Рушди соҳаи энергетика самти муҳимтарини сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад ва ҳамчун соҳаи муҳимтарину афзалиятноки рушди устувори мамлакат, пешбарандаи иқтисодиёт ва яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар муайян шудааст.

Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» чор нишондиҳандаи асосӣ:

- баланд бардоштани иқтидорҳои тавлиди неруи барқ ба 10 ҳазор мегаватт;

- баланд бардоштани ҳаҷми содироти неруи барқ ба 10 миллиард киловат/соат;

- паст намудани талафоти техникии неруи барқ то 10 фоиз;

- таъмини 10 фоизи иқтидорҳои мавҷуда аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ дар ҳаҷми 500 миллион киловат/ соат пешбинӣ гардидааст.

Барои амалисозии воқеии ҳадафҳо, айни замон, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок идома доранд. Аз ҷумла, барои то соли 2030 то 10 миллиард киловат /соат баланд бардоштани содироти неруи барқ ба кишварҳои минтақа, айни замон татбиқи лоиҳаи байниминтақавии интиқоли неруи барқи CASA -1000 идома дорад.

Имрӯзҳо азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии кишварҳои минтақа ё ворид гардидан ба кори параллелии низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хеле муҳим мебошад. Бо ин мақсад, дар доираи ҳамкориҳо бо Бонки Осиёии Рушд аз ҷониби ин созмон дар ҳаҷми 35,0 миллион доллари америкоӣ ба сифати грант маблағ ҷудо гардид ва 21 ноябри соли 2018 Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ» ба имзо расид.

Мувофиқи созишнома, аз маб­лағи умумии лоиҳа 28,5 млн. доллари ИМА барои иҷрои корҳои васлу насби таҷҳизоти муосири ҳимояи релегӣ ва зиддисадамавӣ, 3,0 миллион доллар барои иҷрои хизматрасониҳои мушовирӣ ва 3,5 миллион доллари ИМА ба сифати хароҷоти ғайричашмдошти лоиҳавӣ пешбинӣ гардидааст.

Яке аз афзалиятҳои муҳими лоиҳа васеъ намудани имкониятҳои содиротии неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар ин замина самаранок истифода бурдани иқтидорҳои гидроэнергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, бо дарназардошти бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA — 1000, ки низоми энергетикии кишварро бо низоми энергетикии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пайваст менамояд, оғози татбиқи лоиҳаи «Азнав­пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ» муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур синхронизатсияи шабакаҳои барқии Тоҷикистон бо шабакаҳои барқии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақа тавассути насби низоми муосири ҳимояи релегӣ ва автоматикунонӣ, таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва зиддисадамавӣ барои кори синхронӣ бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дар нуқтаҳои пайвастшавии шиддатҳои 220 ва 500 кв дар қисмати ҷанубӣ ва шимолии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи лоиҳа дар ҷануби кишвар пайвастшавӣ тавассути ду хатти интиқоли барқи 500 киловаттаи Регар — Сурхан, Регар — Гузар ва хатҳои интиқоли барқи 220 киловаттаи Регар — Гулча, Регар — Шерабад ва дар шимоли ҷумҳурӣ бошад, пайвастшавии зеристгоҳи барқии Суғд — 500 ба хатҳои интиқоли барқи 500 киловаттаи Ӯзбекистон ва хатти интиқоли барқи 220 киловата аз зеристгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя пешбинӣ гардидааст.

Илова бар ин, дар доираи лоиҳа баланд бардоштани иқтидори ҳайати кормандони ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба истифодабарии таҷҳизоти нави ҳимояи релегию зиддисадамавӣ ва фаъолияти умумии низоми энергетикӣ пешбинӣ гардидааст.

Хоҳишмандам созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Азнав­пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ» 23 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Татбиқи лоиҳа имкон фароҳам меорад, ки низоми энергетикии кишвар ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст гардида, иқтидори содиротӣ баланд ва иқтидорҳои мавҷудаи гидроэнергетикии мамлакат самаранок истифода карда шаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо тасдиқ намудани Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавпайваст­шавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 22 январи соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба вакил Оқилзода Нурулло дода мешавад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА: - Ман ба вазири энергетика ва захираҳои об се савол дорам: 1. Оё дар сурати барқарор шудани ин ҳалқа хатти баландшиддати барқи байни шаҳрҳои Самарқанд ва Панҷакент аз нав мавриди истифода қарор мегиранд ё не?

2. То он даме ки мо ба ин занҷир пайваст будем, ноҳияи Мастчоҳ аз заводи металлургии Бекобод барқ мегирифт. Дар ноҳия беш аз 80 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст, ки аҳолиро бо оби полезӣ таъмин менамоянд. Ҳоло хатти барқе, ки аз ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Мастчоҳ меояд, талаботи аҳолиро қонеъ гардонида наметавонад. Бинобар ин, пурсиданиям, ки хатти пештараи барқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба самти ноҳияи Мастчоҳ барқарор мегардад?

3. Деҳоти «Зарнисор» — и шаҳри Гулистон аз шаҳри Алмалиқи Ӯзбекистон барқ мегирифт. Оё дар доираи созишномаи мазкур хатти барқ аз нав ба истифода дода мешавад?

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: - Созишнома марҳалаи аввали азнав­пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Дар навбати аввал иқдом пеш гирифта шудааст, ки хатҳои интиқоли барқи 500 — киловаттаро пайванд диҳем. То ин ки имконияти содиротии он афзун гардонида шавад. Шумо огоҳ ҳастед, ки як қисмати хатти барқи ҷумҳурӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст гардид ва зиёда аз 1 миллиарду 480 миллион киловатт барқ интиқол додем.

Ба воситаи хатти барқи 500 — киловатта шимоли кишварро бо барқ таъмин менамоем ва шиддати норасоии барқ дар фаслҳои сол ба танзим дароварда шудааст. Ҳоло масъалаи бунёди зеристгоҳи 220 — киловатта дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дорад. Бо бунёди онҳо таъминоти барқ дар ин минтақаҳо беҳтар мешавад.

РАИС: - Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Саволи ман дар робита ба лоиҳаи CASA — 1000 аст. Имрӯз он дар кадом марҳала қарор дорад?

Саволи дигар: Чаро ШСХК «Барқи Тоҷик» аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» як миллиард сомонӣ қарздор аст?

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: - Амалишавии лоиҳаи CASA — 1000 имкон медиҳад, ки дар фасли тобистон се миллиард киловатт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду миллиард киловатт неруи барқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон интиқол дода шавад. Дар доираи ин лоиҳа ду хатти барқи 500 киловатта аз шаҳри Турсунзода то Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» ва аз он ҷо то марзи Афғонистон бунёд карда мешавад. Корҳо дар самти татбиқи лоиҳа оғоз ёфтаанд ва соли 2021 ба анҷом мерасанд.

Воқеан ҳам ШСХК «Барқи Тоҷик» аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» беш аз як миллиард сомонӣ қарздор аст. Соли гузашта, вақте ки интиқоли барқ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёд шуд, истифодабарии барқ аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» бештар гардида, маблағи он зиёда аз 600 миллион сомониро ташкил намуд. Соли гузашта бо дастгирии Вазорати молия, ҳисоббаробаркунӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳбудӣ ёфт.

Солҳои 2014 — 2015 сатҳи ҷамъоварии маблағҳои барқи ин неругоҳ 27- 30 фоизро ташкил медод. Ҳоло он аз 80 фоиз бештар буда, вазъро хеле тағйир додааст. Имрӯз ҷамъоварии маблағи барқ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 88 фоизро ташкил менамояд. Ба ибораи дигар, назар ба як соли пеш беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ зиёд ҷамъ шудааст.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Асозода Маҳмадумар дода мешавад.

Маҳмадумар АСОЗОДА: — Муҳтарам Раис!

Қарздории ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» асосан аз пурра пардохт нашудани маблағи истифодаи неруи барқ ба вуҷуд омадааст. Ин қарздорӣ ҳам ба аҳолӣ ва ҳам ба муштариёни саноатию ғайрисаноатӣ марбут мебошад.

РАИС: — Ин гуна ҳолат дер давом нахоҳад ёфт. Давоми ду- се соли оянда дигар бе пардохти неруи барқ онро гирифта истифода кардан ғайримумкин мешавад. Дар мавсими киштукор ва ҷамъоварии ҳосил ба кишоварзон барқи ­хостаашон дода мешавад, вале дар ҷамъбаст пардохти маблағи неруи барқ ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад.

Сухан ба вакил Раҳимзода Шариф дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА: - Пештар сабаби асосии қарздорӣ аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» фарқи байни нархи харид ва фурӯш буд. Ҳоло магар ин фарқ аз байн рафтааст?

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: - Ҳоло ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳар як киловатт неруи барқро аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» бо нархи 2,3 сент харидорӣ намуда, бо қимати 2 сент ба аҳолӣ мефурӯшад. Дар баробари ин, неруи барқе, ки ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мефурӯшем, 4,3 сент арзиш дорад.

Аз аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ тақрибан 90 фоизи маблағро ҷамъ меорем. Мушкили асосӣ Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мебошад, ки пардохти маблағ аз ҷониби сохторҳои он дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Дар фасли тобистон 50 фоизи неруи барқро Агентии мазкур мегирад.

РАИС: — Нархи неруи барқ назар ба кишварҳои ҳамсоя баланд аст?

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: - Назар ба ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ арзон мебошад.

РАИС: - Ба як чизи дигар мехоҳам шумо равшанӣ андозед. Ҳамон нияте, ки Ӯзбекистон дар бораи бунёди ду неругоҳ дар қисмати шимоли кишвар иброз дошта буданд, то чӣ андоза амалишаванда аст?

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: - Намояндагони кишвари ҳамсоя ба ҷумҳурӣ омада буданд. Гурӯҳҳои корӣ дар назди муовини Сарвазири ҷумҳурӣ якчанд ҷаласа доир намуданд. Гурӯҳи кории кишвари дӯст аз минтақаҳое, ки дар он ҷо неругоҳҳо бояд бунёд карда шаванд, дидан карданд. Ҳоло масъалаҳои марбут ба бунёди неругоҳҳо баррасӣ шуда истодаанд.

РАИС: — Сухан ба вакил Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

ЛАТИФЗОДА Рустам Барот: - Муҳтарам вазир, аз ҳалқаи низоми энергетикии Осиёи Марказӣ кадом кишварҳо берун монда буданд? Баъди азнавпайвастшавӣ тақсимоти неруи барқ чӣ гуна сурат мегирад?

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: - Аз ҳалқаи низоми энергетикии Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон берун шуда буданд. Бо азнавпайвастшавии ин низом тақсимоти неруи барқ дар асоси шартномаҳои нави иштирокчиёни ҳалқа сурат хоҳад гирифт.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавпайваст­шавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» оғоз менамоем. Азбаски якчанд масъалаи дигари рӯзнома бо ­масъалаи мазкур вобастагӣ доранд, пешниҳод менамоям, ки онҳо якҷо баррасӣ карда шаванд. Ҳоло сухан аз рӯи ин ­масъала ва масъалаҳо – «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Бохтар, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, дар баробари сохтмони роҳҳо, нақбу пулҳо, инчунин иншооти дигари ҳаётан муҳими инфрасохторӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад.

Дар ин замина, Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, инчунин, Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Бохтар, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар ­назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» 7 сентябри соли 2018 дар ҳаҷми 10,8 млн.доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудаанд, ки аз он 6,0 млн. доллари амрикоӣ маблағи қарзӣ, 3,2 млн. доллари амрикоӣ грант ва 1,6 млн. доллари амрикоиро кумаки техникӣ ташкил медиҳад.

Маблағи қарзӣ ба муҳлати 13 сол, аз ҷумла 3 сол муҳлати имтиёзӣ ҷалб карда, хизматрасонии он бо меъёри LIBOR+1 фоизи солона анҷом дода мешавад.

Дар доираи татбиқи он анҷоми корҳои зерин дар назар аст:

- харидории 39 адад автобус бо ғунҷоиши умумиашон на кам аз 80 нафар (аз он ҷойи нишаст на кам аз 30) ба маблағи 6,5 млн. доллари амрикоӣ;

- сохтмони терминали мусофиркашонӣ ва хариди таҷҳизот ба маблағи 2,2 млн. доллари амрикоӣ;

- хариди таҷҳизот барои ҷорӣ намудани низоми электронии чиптаҳо ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ.

Дар натиҷаи амалӣ шудан аҳолии шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд, инчунин ноҳияҳои Вахшу Кушониёни вилояти Хатлон бо хизматрасонии босифату бехатари нақлиёти ҷамъиятӣ таъмин карда мешаванд.

Татбиқи созишномаҳо соли 2019 оғоз гардида, соли 2021 анҷом мепазирад.

Аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­лаҳо ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дода мешавад.

ШАРИФӢ Фирӯза Бурихонзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Маблағи умумии лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» 9,2 млн. доллари амрикоиро (бе ҳисоби маблағи машваратчиёни байналмилалӣ) ташкил медиҳад, аз ҷумла, 6,00 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва 3,2 млн. доллари амрикоӣ гранти Фонди Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд. Инчунин, 1,6 млн. доллари амрикоӣ барои кирояи машваратчиёни байналмилалӣ ҳамчун грант пешбинӣ гардидааст.

Он аз қисматҳои асосии зерин иборат аст:

- таҳвили автобусҳои наздишаҳрӣ, ғунҷоиши умумиаш на кам аз 80 нафар (аз он ҷойи нишаст на кам аз 30), ҳамагӣ 39 адад (6,5 млн. доллари ИМА);

- сохтмони терминали мусофиркашонӣ ва хариди таҷҳизот (2,2 млн. доллари ИМА);

- хариди таҷҳизот барои ҷорӣ намудани низоми электронии чиптаҳо (500 ҳазор доллари ИМА).

Дар натиҷаи амалӣ шудан аҳолии шаҳрҳои Бохтару Леваканд, ноҳияҳои Вахш ва Кушониён бо хизматрасонии босифату бехатари нақлиёти ҷамъиятӣ бо истифодаи автобусҳо таъмин карда мешаванд, ки ба паст шудани нархи хизматрасонӣ оварда мерасонад. Айни замон нархи хизматрасонӣ аз 3 то 5 сомониро, вобаста аз нақлиёти истифодашуда ташкил медиҳад.

Оид ба қисмати қарзии лоиҳаи мазкур қайд карданиям, ки шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он (бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа) 45 фоизро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур то соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Роҳбари Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон Шуҳрат Розиқов дар толор ҳузур доранд. Муҳтарам Розиқов, омодагӣ ба татбиқи лоиҳа чӣ гуна аст?

Шуҳрат РОЗИҚОВ: — Муҳтарам Раис!

Татбиқи лоиҳаи мазкур вазъи хизматрасонии ҷамъиятиро дар вилояти Хатлон тағйир медиҳад. Ҳоло дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар зиёда аз 100 ҳазор нафар истиқомат мекунанд. Сокинони шаҳру навоҳии атрофи он низ аз набудани нақлиёти ҷамъиятии калонҳаҷм, аз қабили автобусҳо, чанд сол аст, ки танқисӣ мекашанд. Бинобар ин, татбиқи лоиҳа вазъро на танҳо дар шаҳри Бохтар, балки дар навоҳии атрофи он низ, бамаротиб беҳтар менамояд.

Харидории автобусҳо ва таҷҳизот дар асоси меъёрҳои тендери байналмилалӣ сурат мегирад ва ғолибон дар заминаи қарордод кори базиммагирифтаашонро анҷом медиҳанд.

РАИС: — Масъала хеле муҳим буда, беҳтар кардани вазъи нақлиёти ҷамъиятиро дар маркази калонтарин вилояти ҷумҳурӣ фаро мегирад. Шумо бояд татбиқи онро дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳри Хуҷанд хуб омӯхта, таҷрибаи ҳосилнамудаи онҳоро истифода намоед.

Кӣ доир ба ин масъала савол дорад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар созишнома омадааст, ки 31 декабри соли 2019 шартнома қабул карда мешавад. Оё то ин муддат омиле пайдо шуда метавонад, ки ин кор сурат нагирад?

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Умуман, низоми кори созмонҳои молиявӣ ҳаминро тақозо менамояд, ки маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудошуда сари вақт пардохт ва аз худ карда шаванд. Ҳоло ҷумҳурӣ дар назди ягон ташкилоти молиявии байналмилалӣ мушкили пардохти қарз надорад. Буданд ҳолатҳое, ки дар пардохти маблағҳо як — ду рӯз таъхир мешуд, вале он ислоҳ гардид. Бовар дорем, ки лоиҳа бе ягон мушкилӣ татбиқ хоҳад шуд.

РАИС: — Кӣ боз савол дорад ё сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба вакил Тағоймуродов Анвар дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ: — Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Сокинони шаҳри Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он солҳои тӯлонӣ аз набудани нақлиёти ҷамъиятӣ танқисӣ дошта, сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шуда наметавонистанд, бегоҳ дер ба хона бармегаштанд. Бинобар ин, созишномаҳои мазкур айни муддаост. Аз ин рӯ, аз шумо – вакилони арҷманд хоҳиш менамоям ба ҷонибдории онҳо овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Бохтар, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Садриддинзода Талбак дода мешавад.

САДРИДДИНЗОДА Бадриддин Талбак:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов, Баҳром Абдуалимов, Мирзоанвар Ахмедов, Аҳматҷон Қобилов ва Мирзодавлат Сабурзода пешниҳод шуда, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 18 июни соли 2018, №1827 барои хулоса ба Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Он бо мақсади мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукаммал гардонидани ваколатҳои мақомоти вақолатдори давлатӣ дар самти таъмини бехатарии озуқа таҳия шудааст.

Дар лоиҳа мафҳумҳои «озуқаи ҳаётан муҳим» ва «захираи давлатии озуқа» дар таҳрири нав оварда шудаанд. Инчунин, тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 3, 7 ва 16 пешбинишуда мазмуни матни моддаҳои мазкурро саҳеҳ ва самтҳои таъмини амният ва истиқлолияти озуқаворӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташаккули захираи давлатии озуқаро мушаххас гардонидаанд.

Лоиҳаи қонун аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ёфта, барои такмили он 27 таклифу пешниҳод ворид гардид. Аз онҳо дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, 23 пешниҳод пурра ва се пешниҳод қисман қабул шуд.

Дар заминаи таклифу пешниҳодҳо, сархатҳои якум, ёздаҳум, дувоздаҳум ва сенздаҳуми қисми 3, сархати нуҳуми қисми 6 ва қисми 9 аз матни лоиҳаи қонун хориҷ ва қисмҳои алоҳидаи он таҳрир карда шуданд.

Кумитаи масъул лоиҳаи қонунро 19 декабри соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А. Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Он аз тарафи иштирокдорон ҷонибдорӣ ёфт. Аз шумо хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Икромӣ Сироҷиддин Салом» мегузарем. Оид ба ин масъала чӣ пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Икромӣ Сироҷиддин Салом» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ