Кӯмаки Президент ба ятимони вилояти Суғд

№130-131 (3115-3116) 15.10.2013

Дар Маркази истироҳатӣ ва солимгардонии кўдаконаи «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум 14 октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кўдакону наврасони вилояти Суғд, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кўмаки моддӣ расонид.

Тавре зикр гардид, ин кўдакону наврасон, ки бо амри тақдир аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, барои мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омаданд.
Шумораи умумии ин дўстрўякон 700 нафар аст. Ба ҳар яки онҳо аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кўмаки яквақтаи моддӣ расонида шуд. Кўмаки Президентӣ аз маҷмуи пурраи либоси мактабӣ, варзишӣ, пойафзолу либосҳои болопўши зимистона, як миқдор маблағи амонатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ иборат аст.
Кўдакону наврасони ятим аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, суҳбати бевосита бо ў ва кўмаки моддӣ хушҳолу сарфароз гардида, арзи сипос намуданд.
Тавре иттилоъ доданд, ин кўдакону наврасон бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як ҳафта аст, ки дар ин мавзеи хушобу ҳаво бо истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.

www.president.tj