Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки 4 феврали соли 2019 доир гардид, ректори он – Шукрулло Хайрзода зикр кард, ки муассиса, бо вуҷуди навтаъсис будан, соли 2018-ум 262 шаҳрванди хориҷиро ба таҳсил фаро гирифта, забони давлатӣ ба онҳо ройгон омӯзонида шуд.
- 17 ноябри соли 2018 дар саҳни донишгоҳ аввалин шуда, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар Парчами давлатӣ қад афрохт, ки баландиаш 21 метр аст.
Теъдоди умумии донишҷӯён 7 ҳазору 637 нафарро ташкил медиҳад, ки 792 нафар идрорпулӣ мегиранд. 11 донишҷӯ гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, — гуфт ӯ.
- Навгонӣ ва дастовардҳо дар самти корҳои илмӣ — тадқиқотӣ, тарбиявӣ, иҷтимоӣ ва робитаҳои байналмилалӣ зиёд ва назаррасанд. Соли 2018 бо 20 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, бо Донишкадаи муҳандисӣ – иқтисодии Қаршӣ, Донишкадаи политехникии Фарғона, Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 5 омӯзгор бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардида, 13 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд, — афзуд Шукрулло Хайрзода.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»