Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъати корҳои созандагӣ дар Рӯшон

№17 (3967) 12.02.2019

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла, дар ноҳияи Рӯшон, ба хотири сазовор истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд. Ба ин хотир, аз маркази ноҳия то водии Бартангу мавзеъҳои дигар корҳои ободонӣ ҷараён доранд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар навбати аввал, ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ эътибор дода мешавад. Тибқи нақша, дар деҳаи Баррӯшон бунёди корхонаи коркарди тут, дар деҳаҳои Шуҷанд ва Деҳ — фермаи мурғпарварӣ, дар  Дерзуд, Басид, Рошорв, Пастхуф ва маркази деҳоти «Бартанг» корхонаҳои дӯзандагӣ ва дар деҳаи Хуф корхонаи коркарди шир дар назар аст.

Ҳамчунин, дар деҳаҳои Баррӯшон, Шидз ва маркази ноҳия бунгоҳҳои таъмири пойафзол, дар деҳаҳои Қалот, Шоҳзагӣ ва Дерзуд бунгоҳҳои таъмири нақлиёт, дар маҷмӯъ 18 ҳаммом бунёд карда мешавад. Дар беморхонаи маркази ноҳия, табобатхонаҳои минтақавии деҳоти «Савноб», «Басид», «Бартанг», дар марказҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ утоқҳои хатнаи кӯдакон, дар деҳаи Басид  табобатхонаи минтақавӣ, дар маркази ноҳия  бинои маъмурии ҷамоати деҳот, меҳмонхона, дар деҳаи Пастхуф тарабхона, кошонаи ҳусн, хонаи фарҳанг бунёд мегардад. Дар деҳаҳои Бардара, Разуҷ, Даржомч ва Равмед дастгоҳи алоқаи Тcell-ро васл мекунанд. Ҳоло сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ оғоз гардидааст.

Бар замми ин, андешидани тадбирҳои  муассир доир ба таъсиси корхонаи муштарак дар заминаи кони «Икар», омӯзиши кони Волфрам, густариш додани саноати маъдан дар чанд мавзеъ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои ботлоқшуда дар назар аст.

Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, 2 толор  ва 16 майдончаи варзишӣ бунёд хоҳад ёфт.

Дар деҳаи Рошорв, мавзеи Бадруди деҳоти «Басид» ва Бопасори деҳоти «Савноб» неругоҳҳои хурди барқи обӣ бунёд мегарданд. Роҳи мошингарди Рӯшон-Савноб-Ғудара таҷдид ва иқтидори вазнбардории пулҳои роҳи водии Бартанг ва Баррӯшон низ зиёд карда хоҳад шуд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,

«Садои мардум»