- Дар робита ба беҳтар гардонидани сифати баррасии парвандаҳо, ки самти муҳими фаъолияти суди болоӣ мебошад, сабабҳои бекоршавии қарорҳои судӣ мунтазам мавриди таҳлил қарор мегиранд. Аз ҷумла, амали чор нафар судя дар назди роҳбарият муҳокима шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода.
Инчунин, ҳашт нафар судя ба таҷрибаомӯзии 10 — рӯза ҷалб гардида, малакаю дониши касбиро тақвият бахшиданд.
Мавлуда Қаландарзода, инчунин, иброз намуд, ки соли сипаришуда аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ 1026 нафар ва раисони судҳои поёнӣ 575 нафар шаҳрванд қабул карда, арзу шикоятҳояшон шунида, ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо тадбирҳо андешида шуд. Ба судҳои иқтисодӣ 3398 аризаи даъвоӣ ва шикояту дархост ворид ва аз ин шумора дар марҳилаи якум 2629 парванда баррасӣ, 1705 парванда моҳиятан баррасӣ ва ҳалнома қабул гардид.
- Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон судҳои иқтисодӣ 257 парвандаро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карданд. Зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ 5 362 115 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт ва ба Буҷети давлатӣ ворид гардид. Ба манфиати давлат аз 304 225 162 сомонӣ зарари расида, 261 609 698 сомонӣ барқарор карда шуд, — афзуд раиси Суди Олии иқтисодӣ.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»