Чаро мубориза алайҳи истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ авҷ мегирад?

№18 (3968) 14.02.2019

0c0643fb2531138c82ba9d825b4МОЛДОВА. Аз 1 январи соли 2019 дар Ҷумҳурии Молдова Қонун «Дар бораи манъ намудани халтаҳои истифодаашон яккарата дар соҳаи савдо» амал менамояд. Тибқи он аз мағозаҳо, дар навбати аввал, халтаҳое бояд нест карда шаванд, ки ғафсиашон 50 микрон аст. Давлат истеҳсол ва воридоти чунин маҳсулотро комилан манъ намуд, вале то рӯзи ба охир расидани халтаҳои боқимонда дар мағозаҳо истифодаи онҳо иҷозат дода мешавад.

Баъд аз як сол халтаҳои ғафсиашон 15 микрон низ аз гардиш бароварда мешаванд. Зеро бо сабаби сабук будани вазнашон коркарди онҳо мушкил эҷод хоҳад намуд.

Аз соли 2021 дар Молдова истифодаи ҳама намуди халтаҳои полиэтиленӣ манъ мегардад. Ба истиснои пластике, ки дар корхонаҳо истифода бурда мешавад.

Барои фурӯши ғайриқонунии халтаҳои истифодаашон яккаратаи селофанӣ аз 50 то 150 воҳиди шартӣ (аз 120 то 360 евро) — ба шахсони воқеӣ ва аз 100 то 200 воҳиди шартӣ (аз 250 то 500 евро) — ба шахсони ҳуқуқӣ ҷарима муқаррар гардидааст.

УКРАИНА. Вакилони Радаи Украина қонунеро ба тасвиб расониданд, ки истифодаи халтаҳои полиэтилениро дар мамлакат маҳдуд месозад. Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани партовҳои ҷудогона аз полиэтилен дар гардиши шаҳрвандӣ», ки тибқи дастури №94/64 — и Иттиҳоди Аврупо қабул гардидааст, дар сомонаи Радаи Олӣ ҷой дода шудааст.

Мутобиқи он аз 1 январи соли 2021 истифодаи танҳо халтаҳое иҷозат дода мешавад, ки ғафсии онҳо аз 15 микрон зиёд нест, вале истифодаи халтаҳои полимерии биологӣ, ки таҷзия мешаванд, иҷозат дода шудааст. Муаллифони қонун пешниҳод менамоянд, ки дар чунин маҳсулот ҳатман тамғаи истеҳсолкунанда ­гузошта шавад. То ба ҳукми қонун даромадани санад фурӯши маҳсулоти полиэтиленӣ манъ мегардад. Дар мамолики узви Иттиҳоди Аврупо низ ин талабот ҷорӣ шудааст.

Тибқи қарори Шӯрои вакилони шаҳри Лвов бошад, соҳибони мағоза ва супермаркетҳо муваззафанд ба ҷойи халтаҳои полиэтиленӣ ба харидорон халтаҳои коғазӣ ва истифодаашон чандкарата пешниҳод намоянд. Илова бар ин, ҷиҳати ҳавасманд­гардонии истифодаи халта ва борҷомаҳои алтернативӣ тадбир андешанд.

ГУРҶИСТОН. Дар Ҷумҳурии Гурҷистон ҳанӯз аз 1 октябри соли 2018 Қонун «Дар бораи манъи истеҳсол, воридот ва фурӯши халтаҳои истифодаашон яккаратаи полиэтиленӣ» мавриди амал қарор гирифт. Тибқи он халтаҳои полиэтиление дар назар дошта мешаванд, ки ғафсиашон 15 микрон аст. Қонун истеҳсолкунандагони халтаҳои ғафсиашон дигарро муваззаф менамояд, ки дар ҳар як халта рамз ва номи ширкатро ҷой диҳанд. Аз моҳи апрели соли равон бошад, дар кишвар истеҳсол ва фурӯши ҳама намуди халтаҳои селофанӣ манъ хоҳад шуд. Қонуншиканон то 200 доллар ҷарима мешаванд. Дар ҳолати такрор шудани истеҳсол ва фурӯши ғайриқонунии халтаҳои полиэтиленӣ ҳаҷми ҷарима то 380 доллар зиёд мешавад.

Тибқи қонун шаҳрвандони Гурҷистон бояд ба истеҳсол ва истифодаи халтаҳое гузаранд, ки дар хок тӯли 2 сол таҷзия мешаванд. Тавре маълум аст, муҳлати таҷзияи халтаҳои селофанӣ аз 100 то ба 200 сол аст.

ГЕРМАНИЯ. Дар шаҳри Тюбинген барои истифодаи зарфҳои истифодаашон яккаратаи қаҳванӯшӣ, қуттиҳо барои питса ва зарфҳои дигари хӯроккашонии полиэтиленӣ андоз ҷорӣ гардид.

24 декабри соли 2018 мири шаҳр Борис Палмер дар бораи қабули қарор дар ин бора дар нашрияи Deutsche Welle хабар дода буд.

- Нархи борҷома ва зарфҳои истифодаашон яккарата аз бисёркарата набояд арзонтар бошад, — таъкид менамояд Б. Палмер.

Минбаъд, тибқи қарор, соҳибони муассисаҳо барои ҳар як зарфи истифодааш яккарата бояд андоз супоранд.

Ҳукумати шаҳр ба ин восита соҳибони ошхонаву тарабхонаҳоро водор менамояд, ки аз истифодаи маҳсулоти полиэтиленӣ, ки барои муҳити атроф зараровар аст, даст кашанд.

Алҳол гирду гӯшаи кишвар ва ҳатто дарёҳо аз партовҳои полиэтиленӣ пур шудаанд. Шояд вақти он расидааст, ки икдомҳои шоистаи болоиро дастгирӣ намоем?

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»