Ба мо менависанд

Беадолатӣ то ба кай?

№20 (3970) 19.02.2019

7 январи соли равон дар муассисаи МВБН №1-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавии футбол барои ба даст овардани ҷоизаи «Бойчечак» байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз гардид. 8 январ бозӣ байни дастаҳои гимназияи № 24 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 байни наврасони соли таваллудашон 2006-2007 баргузор гашт, ки дар он дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №  22 пирӯз шуд, аммо бо вориди майдон намудани бозингарон аз синфҳои болоӣ, ки хилофи низомномаи мусобиқа аст.

 Аз ин рӯ, мураббии дастаи гимназияи № 24 ба доварону намояндаи маориф оид ба риоя нашудани талаботи низомнома эътироз баён намуд. Аз ин ҳақиқат димоғи намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Камолов сӯхт:

- Ту фақат проблема мекунӣ, бозӣ тамом! Мактаби рақами 22 ғолиб омад, — гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки чунин қонуншиканиҳо дар мусобиқаҳои шаҳрӣ бори аввал нест, аммо, аз чӣ бошад, ки намояндагони шуъбаи  маорифи шаҳр ҳамеша муҳри хомӯшӣ ба лаб мезананд.

Эҳсос карда истодаем, ки ин амалҳои нораво танҳо дар ҳаққи бозингарони гимназияи №24 раво дида мешавад, вале бо вуҷуди саддҳои сунъӣ гузоштан, адолат ва ҳақиқат доимо ғалаба мекунад. Масалан, дар охирин мусобиқа байни футболбоздухтарони шаҳр дастаи гимназияи №24 ғолиб омад.

Баъди дидани ин гуна беадолатиҳо дили кас аз иштирок дар мусобиқаҳо хунук мешавад, хусусан, дили бачагон.

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд шояд фаромӯш кардаанд, ки мусоидат дар тантанаи адолат камоли ҷавонмардист.

Мирзобаҳром МАҚСУДОВ,

омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии гимназияи №24

Дадобой ТОШБОЕВ,

мураббӣ