Чанде пеш иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шарафи ҷангӣ», сокини шаҳри Истаравшан Абдуназар Фармонқулов дар синни 97 даргузашт.
Тавре дар китоби «Ёдбоди қаҳрамонон»-и муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев зикр шудааст, номбурда 22 марти соли 1922 дар деҳаи Нофароҷи шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. То даъват шудан ба Армияи Советӣ (сентябри соли 1939) узви колхоз буд. Хизмати ҳарбиро дар полки 175-уми тирандозӣ ба сифати артиллерист дар шаҳри Гроднои Беларус оғоз карда, ба майдони ҷанг соли 1941 ворид шуд. Дар муҳорибаҳои шаҳри Сталинград ширкат варзида, нахустин ордени «Шарафи ҷангӣ»-и дараҷаи сеюмро барои корнамоӣ дар озод кардани деҳаи Вулковои шаҳри Ковали вилояти Волынск 14 апрели соли 1944 гирифт.
Бо ордени «Шарафи ҷангӣ» -и дараҷаи дуюм 28 августи ҳамон сол барои озод кардани деҳаи Синдини ноҳияи Моисеевски вилояти Волынск сарфароз шуда, ордени дараҷаи якумро барои озод кардани сарзамини Полша сазовор гардид.
Абдуназар Фармонқулов байни тоҷикистониён нахустин ва байни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 10-умин нафар буд, ки бо ҳар се дараҷаи ордени «Шарафи ҷангӣ» сарфароз гардидааст.
Ин родмарди Ватан то ба Берлин расида, 24 июни соли 1945 дар Паради Ғалаба ширкат варзид.
Соли 1947 ба зодгоҳ баргашт. Пеши синаи ӯро, ба ҷузъ се дараҷаи ордени «Шарафи ҷангӣ», ҳамчунин, ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи якум, медалҳои «Барои ҷасорати ҷангӣ», «Барои ҳифзи Москва», «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Барои озод кардани Варшава», «Барои Ғалаба аз болои Германия дар солҳои 1941-1945» ва ғайра зеб медод.
Минбаъд дар совхози «Шаҳристон» ба ҳайси коргари қаторӣ то ба нафақа баромадан (1982) заҳмат кашид. Дар бораи ӯ бори нахуст ҳамдиёрон нимаи аввали солҳои 70-ум маълумот пайдо намуданд:
- Он солҳо дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» кор мекардам, — мегӯяд собиқадори матбуоти тоҷик, Файзуллохоҷа Атохоҷаеви 72-сола. — Журналист Мулло Боқӣ — хабарнигори минтақавӣ дар водии Зарафшон гуфтанд, ки «дар Истаравшан як нафарро ёфтааст, ки дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шарафи ҷангӣ» аст». Дере нагузашта, дар яке аз шумораҳои рӯзнома очерки калони номбурда чоп шуд, ки баъди он қаҳрамони Ватан «рӯи об баромада», ӯро ба вохӯриву чорабиниҳо даъват мекардагӣ шуданд. Аз ин баъд дар борааш очерку мақолаҳо паи ҳам чоп шуданд…
Соли 2006 роҳбарияти Федератсияи Россия Абдуназар Фармонқуловро бо мошини сабукрави тамғаи «ОКА» сарфароз гардонид.
Мутаассифона, дар ҳаёти ин номбардори Ватан ҳаводиси ғамангез кам набуданд. Соли 2015 қаллобон бо баҳонаи «иншои китоби қаҳрамонони Ватан» ҳар се ордени «Шарафи ҷангӣ»-и ӯро ба яғмо бурданд.
- Қаҳрамон он шабу рӯз басо ғамгину дилозурда буд, — мегӯяд раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан Абдуваҳҳоб Қайюмов. — Умед дошт, ки яғмогарон орденҳоро бармегардонанд. Афсӯс…
Соли 2017 қаллобон ба даст афтоданд, аммо орденҳоро кайҳо фурӯхта буданд. Ба қаллобон мувофиқи кирдорашон ҷазо таъин гардид.
Баъди бо қарори суд расман гумшуда эълон гардидани орденҳо Абдуназар Фармонқулов ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин нома навишта, хоҳиш кард, ки барои барқарор кардани орденҳои дуздида ба ӯ ёрӣ расонанд. Бо қарори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ҳар се дараҷаи ордени «Шарафи ҷангӣ» бо рақамҳои қаблиаш дар коргоҳи махсусгардонидашуда аз нав рехта шуд.
- Ҳабдаҳуми июли соли 2018 собиқ консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд В. А. Бондаренко ба аёдати Абдуназар Фармонқулов омада, ҳар се дараҷаи ордени «Шарафи ҷангӣ»-ро барояш аз номи Президенти Федератсияи Россия тақдим намуд, — мегӯяд Абдуваҳҳоб Қайюмов. — Он вақт дидам, ки мӯйсафед орденҳоро ба дидагони ашкбор молида, бӯсиду гуфт: «Акнун беормон мемирам…»
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»