Аз нишастҳои матбуотӣ

Матнҳои навиштаҷоту овезаҳо мувофиқа мегарданд

№20 (3970) 19.02.2019

2-2Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳарбону Шарофова зимни нишасти матбуотие, ки 13 феврали соли равон баргузор гардид, зикр намуд, ки дар ҳамкорӣ бо Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шиору овезаҳо, номгузории марказҳои савдо ва ташкилоту муассисаҳоро санҷида, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлати муайян муқаррар намуданд.

Дар робита ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки нашрияҳои давлатӣ ва хусусӣ, марказҳои хизматрасонӣ, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияҳои ҷумҳурӣ, донишгоҳҳою коллеҷҳои касбӣ ва ташкилоту ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдудро мавриди санҷиш қарор доданд.

То ба ҳол 480 матни навиштаҷоту овезаҳои ташкилоту муассисаҳои реклама истеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷиҳати забонӣ баррасӣ ва мувофиқа гардидааст.

- Соли 2018 зиёда аз 143 мавод аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот ташхис ва ба даҳ парвандаи судӣ хулосаи забоншиносӣ пешниҳод шуд, — гуфт Гавҳарбону Шарофова ва афзуд:

- Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба 501 номгузории фарзанд хулоса пешниҳод гардид, ки 196 — тои он манфӣ ҳисобида мешавад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»