Аз нишастҳои матбуотӣ

Мирзо ИСМОИЛЗОДА: «Қарз аз истифодаи неруи барқ ба 2 млрд. 308 млн. сомонӣ расид»

№20 (3970) 19.02.2019

DSC_5415- Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ соли 2018 нисбат ба соли 2017-ум 860,4 млн. кВт/соат зиёд гардида, 16 млрд. 219,3 млн. кВт/соатро ташкил дод, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода.

Зикр гардид, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар НБО-ҳо дар ҳаҷми 490, 5 млн. кВт/соат, дар МБГ-ҳо 367, 1 млн. кВт/соат ва дар НБО-ҳои хурд 2,8 млн. кВт/соат таъмин карда шуд.

ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли неруи барқ соли 2018 таъмиру барқарорсозии таҷҳизоти гидротехникии НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум», «Сарбанд» ва МБГ «Душанбе -1»-ро амалӣ намуд. Дар натиҷа, содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар афзун гардид.

Мирзо Исмоилзода афзуд, ки пардохти маблағи истифодаи неруи барқ соли гузашта, аз ҷониби муштариёни дохилӣ ва неруи барқи содиротшуда 2 млрд. 720,6 млн. сомониро ташкил дод, ки 2 млрд. 122,9 млн. сомонии онро маблағи супоридаи муштариёни дохилӣ ташкил медиҳад. Қарзи истифодаи неруи барқ бошад, ба 2 млрд. 308,1 млн. сомонӣ расид. Инчунин, ба 2332 қарздор ба маблағи 172,6 млн. сомонӣ иддао пешниҳод ва аз ин маблағ 67,1 млн. сомонӣ ба суратҳисоби ширкат ворид карда шуд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»