Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари ҷаҳон баҳри мубориза бо он талош меварзад. Бо ин ҳадаф, дар мамлакат санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм (2001) ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгаройӣ) (2006) ба тасвиб расидаанд, ки барои муборизаи оштинопазир бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.
Зуҳури терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷинояткориҳои муташаккил, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқу аслиҳа, гаравгонгирии одамон ва хариду фурӯши онҳо бо мақсадҳои гуногун зарурати ҳамкории кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба вуҷуд овард. Вале, ҳамкориҳо ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудаанд, зеро барои расидан ба ҳадаф заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили ниҳодҳои махсус лозим аст. Ин масъала ба бештари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дахл дорад. Барои пурра решакан кардани зуҳуроти номатлуб, пеш аз ҳама, омилҳои бавуҷудоварандаи онро мушаххас намуда, баъд тадбирҳои муассир бояд андешид. Масалан, дар ибтидои солҳои истиқлолияти кишвар ба гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва инкишофи ҷиноятҳои муташаккил омилҳои зерин мусоидат карданд:
1. Вазъи мураккаби сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистони тозаистиқлол баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ.
2. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар натиҷаи он ҳокимияти марказӣ қариб 30 дарсади ҷумҳуриро назорат карда наметавонист.
3. Набудани заминаҳои муосири ҳуқуқӣ баъди ба даст овардани истиқлолият.
4. Хушунатҳои маҳаллӣ-этникӣ барои ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ.
5. Сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ғайра.
Дар шинохти таърихӣ ва ташаккули ватандӯстӣ дар муқобили бегонапарастӣ ва ифротгаройии миллӣ асари бисёрҷилдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» нақши созанда дорад, ки ба забонҳои англисӣ, арабӣ, форсӣ ва ғайра тарҷума ва бо теъдоди зиёд нашр гардидааст.
Бояд гуфт, ки бехатарии мамлакат бехатарии ҳар як шаҳрванду узви оилаи он ва дар навбати худ, омили муҳими фароҳам сохтани самаранокии таълиму тарбия ва инкишофи наслҳои солими ояндасоз ҷомеа аст. Аз ин рӯ, масъулияти пешгирии терроризм ва экстремизм на танҳо ба зиммаи Ҳукумати мамлакат, балки бар дӯши тамоми аҳли ҷомеа мебошад.
Шароити буҳронии иқтисоди миллӣ, ки боиси шиддати мушкилоти иҷтимоӣ ва мушкилоти дигари дохилии ба ҳам алоқаманд мегардад, ба деградатсия (коҳиши зеҳнӣ)-и ҷавонон, афзудани ҷинояткорӣ дар байни наврасон, ташаккули терроризми байналмилалӣ ва таҷовузи қудратҳо ба давлатҳои мустақил мусоидат мекунад. Бо истифода аз шароит абарқудратҳо барои амалӣ кардани манфиатҳо ҳаракату созмонҳои террористиро таҳти ҳимоя мегиранд, маблағгузорӣ менамоянд (Инро дар мисоли Афғонистон, Ироқ, Сурия, Яман ва ғайра метавон мушоҳида кард). Бинобар ин, омили асосии пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳу амният мебошад. Аз ин рӯ:
1. Пешгирии терроризм бояд дар сатҳи ақлонӣ, бо роҳи густариши таълимоти солими исломи суннатӣ дар муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии динӣ, кафедраҳои донишгоҳ, донишкадаҳо ва мактабҳо) ба роҳ монда шавад.
2. Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, роҳандозии барномаҳое, ки гароиши ҷавононро ба гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ менамоянд, хеле зарур аст.
3. Барои пешгирии низоъ ва хотима гузоштан ба баҳсу талошҳои низоъбарангез ва ҳаракатҳои ифротгаройӣ тавсеа бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа муассир хоҳад буд.
4. Алайҳи терроризм ва экстремизм, пеш аз ҳама, дар сатҳи зеҳнӣ (ақлонӣ) муқовимат бояд кард, зеро сабаби асосии терроризми динӣ тангназарии ақлонӣ ва ҷаҳолат мебошад.
Мутаассифона, шабакаи ҷаҳонии интернет баъзан бо мақсади кибертерроризм (терроризми компютерӣ, интернетӣ) истифода мешавад, ки чораҳои пешгирии онро пурзӯр кардан лозим аст.
Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон, ки низ аз он дар канор нест, мубориза бар зидди терроризмро яке аз ҳадафҳои асосӣ қарор дода, тадбирҳои зиёд меандешад.
Мақомоти қудратии кишвар дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм то андозае муваффақ ҳам гардидаанд. Вале ин набояд моро фориғбол гардонад. Дар баробари мақомоти дахлдор аҳли ҷомеа бояд муташаккилона ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза барад.
Наргис РАҲМОНОВА,
вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ