Аз нишастҳои матбуотӣ

Малакаи кории фермерон баланд бардошта мешавад

№21 (3971) 21.02.2019

ХАБИБУЛЛОДиректори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Ҳабибулло Саъдуллозода 14 феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд бо мақсади дастгирии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таҳия гардидааст. Ба доираи дастгирии чорабиниҳои гурӯҳи «Занҷираҳои асосии арзиши иловашуда» вобаста ба зардолу, себу нок, лимӯ ва шир 42 шаҳру ноҳияи мамлакат фаро гирифта шудаанд.

- Дар доираи лоиҳа соли сипаришуда ширкатҳои ватанӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии «Gulfood», ки дар шаҳри Дубайи АМА баргузор гардид, ширкат варзиданд. Бори аввал дар павилони алоҳида бо ороиши миллӣ меваҳои хушки корхонаҳои коркарди ватанӣ, аз қабили ширкатҳои «Оро Исфара», «Абрикос ва Компания», «Таҷпродакт» ва «Исфарафрут» ба тамошо гузошта шуд, — гуфт ҳамоҳангсози лоиҳа Боймурод Қурбонов.

Мушовир — ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба омӯзиш Қурбоналӣ Меликов зикр намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани дониши фермерон машғулият гузаронида мешавад. Барои онҳо дар бораи истифодаи дурусти поруи чорво, тарзи компостхобонӣ, муҳлати мусоиди кишти зироат, киштгардон, мубориза бо усули биологӣ бо зараррасонҳо, бартарии обёрии қатрагӣ ва ғайра семинарҳои омӯзишӣ баргузор мегардад. Муҳимтар аз ҳама, фермерон дар баробари омӯхтани роҳҳои баланд бардоштани ҳосил, инчунин, бо усулҳои гирифтани маҳсулоти хушсифат, тарзи дурусти нигоҳдорӣ ва коркарду фурӯши маҳсулот ошно мешаванд. Амалишавии лоиҳа то моҳи июни соли 2022 идома меёбад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»