Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷидду ҷаҳд баҳри корҳои созандагӣ

№22 (3972) 26.02.2019

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёду таъмири 181 иншооти таъиноташон гуногун дар назар аст.

- Соли 2018 дар ноҳия 12 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Азнавсозии бинои шуъбаи таваллудхонаи деҳаи Меҳнатобод, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ, толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ дар назди мактаби варзишии ноҳия, 12 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ № 30-и деҳаи Меҳрвар аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, бинои маъмурии шабакаҳои барқи ноҳия бо маблағгузории ҶСК «Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб», қубури оби нӯшокӣ дар масофаи 1,2 км дар деҳаи Чорбоғи деҳоти «Панҷоб», маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷумлаи корҳои анҷомёфта мебошанд, — иттилоъ дод Ш. Латифӣ — мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия.

Соли 2019 бунёду азнавсозии 78 иншооти дигар дар назар дошта шудааст. Айни ҳол сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 дар деҳаи Ҳуснобод, таъмири асосии шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказиву КАТС-и ноҳия, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар деҳоти «Панҷоб», «Меҳнатобод», «Қаҳрамон», корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳаи Обшорон, корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти ба номи С.Турдиев, азнавсозии роҳи автомобилгарди деҳоти «Меҳнатобод», шинондани зеристгоҳи барқӣ дар маҳаллаи навбунёди деҳоти «Чубек» оғоз гардидааст, ки аксари онҳо дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Фаромӯз БОБОЕВ,

Рӯзноманигор