Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Восеъ. Сохтмони 230 иншоот дар нақша

№22 (3972) 26.02.2019

Дар ноҳияи Восеъ, дар маҷмӯъ, сохтмони беш аз 230 иншооти соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2018-ум 25 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тибқи иттилои Отабек Муқумов — мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия, соли 2019 бунёди 73 иншооти дигар дар назар аст.

Соли 2018 сохтмони корхонаи асфалтбарорӣ, майдончаи варзишӣ, боғчаи бачагона, бунгоҳи тиббӣ, маркази тиҷоратӣ, азнавсозии тарабхонаи «Бунафша», ба воситаи панелҳои офтобӣ бо барқ таъмин намудани беморхонаи №3, бунёди бинои сартарошхона ва кошонаи ҳусн, таъмиру ободонии бинои осоишгоҳи ба номи А. Сино ба итмом расонда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Айни ҳол, корҳои сохтмонӣ дар қасри фарҳанг барои 500 ҷойи нишаст, 10 синфхона дар муассисаи таълимии №53-и шаҳраки «Ҳулбук» барои 240 ҷойи нишаст, бинои чорошёнаи корхонаи адрасу атласбофӣ барои 150 ҷойи корӣ, боғчаи замонавии кӯдакона барои 210 тарбиятгиранда, маркази хизматрасонӣ ва истеҳсоли хиштҳои сементӣ бо 10 ҷойи корӣ, корхонаи тайёр намудани дару тирезаҳои пластикӣ бо 5 ҷойи корӣ ва МТМУ №6 барои 240 хонанда бомаром идома дорад. Тибқи нақша, иншооти мазкур соли равон бояд ба истифода дода шаванд.

Фаромӯз БОБОЕВ,

Рӯзноманигор