«Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: Масъалаҳои ташаккул ва рушд»

№23 (3973) 28.02.2019

Чанде пеш таҳти ин унвон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону ходимони давлатӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун ҳамоиши илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.

Ректори он Абдухалил Ғафурзода зикр кард, ки ҳадаф анҷом додани таҳқиқи комплексӣ оид ба масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аст.

Қайд гардид, ки лоиҳаи илмӣ — таҳқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ тавсия шудааст, ки мутобиқи он масъалаҳои умдатарини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор мегирад.

Баҳриддин Камолиддинов – профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки барои ҷавонон донистани он, ки гузаштагони бонангу номуси онҳо дар ҳолатҳои вазнин, ҳатто замоне ки таҳти тасарруфи дигар давлату халқият қарор доштанд, волоияти забону фарҳангро пос медош­танд, басо муҳим аст. Омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавононро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои қаҳрамонони миллат, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа бозмедорад ва дар тинати онҳо эҳтирому сипосгузориро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандӯст бедор месозад. Ба ибораи дигар, надонистани таърих инсонро аз аслаш дур месозад ва ӯ наметавонад ба воқеоти рӯзгор мунсифона баҳо диҳад.

Ҳамчунин Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳкам Маҳмудзода — раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ, Абдураҳим Холиқзода — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъахон Давлатов — директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода — раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдусалом Мирализода — директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки ҳар як самти фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд алоҳида мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, дар шакли китоб ба нашр расонда шавад.

Раҳматулло КАРИМОВ,

рӯзноманигор