Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Шаҳритуз. 86 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

№23 (3973) 28.02.2019

IMG_1195Сокинони ноҳияи Шаҳритуз сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолият қарор дода, барои татбиқи он тадбирҳои бетаъхир ва чораҳои мушаххас меандешанд.

Раиси ноҳия Рамазон Оймаҳмадзода иттилоъ дод, ки соли сипаригардида дар ноҳия 86 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз ҷумла, ду муассисаи томактабӣ, 13 бунгоҳи тиббӣ, панҷ таваллудхона, ду толор ва панҷ майдони варзишӣ, чор сартарошхона, ду ҳаммом, як коргоҳи дӯзандагӣ, ду дӯкони ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар масофаи зиёда аз ду километр хатти оби нӯшокӣ кашида, 15 кӯчаву маҳалла чароғон шуд. Дар боғи фароғативу истироҳатии ноҳия фаввораи замонавӣ бунёд ва 20000 метри квадратӣ роҳравҳои пиёдагард сафолакпӯш гардид.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои кориро таъкид менамоянд. Дар ­ноҳияи Шаҳритуз ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Аз ҷумла, соли гузашта ҳашт корхонаи хурди истеҳсолӣ ва як коргоҳи дӯхтани либосҳои мактабӣ ба истифода дода шуд. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, бунёди 360 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То кунун 25 фоизи иншооти нақшавӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар назар аст, ки соли равон ин нишондиҳанда ба 76 фоиз расонда шавад.

- Дар Шаҳритуз, ки гарм­тарин мавзеи ҷумҳурӣ ба шумор меравад, парвариши дарахтон мушкил аст. Бо вуҷуди ин, сол то сол дар ноҳия майдони дарахтони мевадиҳандаю сояафкан меафзояд. Имсол, то 20 — уми феврали соли равон, 17323 ниҳоли дарахтони сояафкан, 4131 ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонидем, — гуфт Рамазон Оймаҳмадзода.

Яке аз ҳодисаҳои фараҳбахши соли сипаришуда эҳёи муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Баҳори соли гузашта гузаргоҳи Шаҳритуз — Гулбаҳор, ки ноҳияро бо вилояти Сурхондарёи кишвари ба мо дӯст мепайвандад, кушода шуда, омадурафти мардумро зиёд намуд. Чунончӣ, соли 2018 ба зиёрати ёдгориҳои таърихии «Хоҷа Машҳад» 284 нафар, «Хоҷа Дурбод» — 109, «Чилучорчашма» — 122, «Кони намак» 13 нафар сайёҳи хориҷӣ омад. Теъдоди сайёҳони ватанӣ дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нисбат ба солҳои қаблӣ афзуд. Танҳо ба «Чилучорчашма» 4803 нафар сайёҳи ватанӣ ташриф оварданд.

Инчунин, соли гузашта дар баробари ба истифода додани ҳаммому кошонаҳои ҳусн, майдончаҳои бозӣ бо таҷҳизоти замонавӣ барои кӯдакон, Маркази ҷавонон дар шафати боғи фарҳангиву истироҳатӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ду моҳи соли равон 18130 бех гули садбарг ва 33430 бех дигар намуди гулҳо шинонида, дар масоҳати 740 метри мураббаъ алафҳои ҳамешасабз кишт карда шуд.

Дар маҷмӯъ, созандагию ободонӣ дар ноҳияи Шаҳритуз ­босуръат идома дорад. Меҳнаткашон тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоиди баҳорӣ нахус­тин шуда, сабзавоту меваҳои пешпазакро пешкаши сокинони мамлакат гардонанд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»