Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Маърифати ҳуқуқии аҳолӣ кафили волоияти қонун аст

№23 (3973) 28.02.2019

Дар таърихи давлатдории навин номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳумҳои «волоияти қонун», «ҳокимияти конститутсионӣ» ва «ҳукумати қонунӣ» пайванди ногусастанӣ дорад. Зеро Пешвои миллат аввалин қадамро ба арсаи сиёсати бузург аз барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ оғоз намуда, барои волоияти қонун кӯшишу заҳмати зиёд кардаанд.

Пешвои миллат 26 декабри соли 2018 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад».

Сардори давлат, инчунин, зикр карданд, ки пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад. Аз ин хотир, «Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд», — гуфтанд Пешвои миллат.

Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ се барномаи ислоҳоти судӣ таҳия ва татбиқ карда шуд, ки боиси ташаккули низоми судӣ, таҳкими сохторҳо, мустаҳкамсозии базаи моддию техникии он ва ҳалли бис­ёр масъалаҳои иҷтимоӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2010» қабул гардид. Тавассути роҳандозии нахустин барномаи ислоҳоти судӣ доираи ваколатҳои судҳо васеъ шуд. Иҷозат додан барои ба ҳабс гирифтан, кофтукови манзили истиқоматӣ, гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ба зиммаи судҳо вогузор гардид.

Барномаи дуюми ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ солҳои 2011 — 2013-ро дар бар гирифт. Дар доираи он Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзи иҷтимоии судяҳо музди меҳнати онҳоро зиёд кард ва ҷиҳати фаъолияти густурда дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин давра ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Барномаи сеюми ислоҳот барои солҳои 2015 — 2017 қабул гардид, ки мисли ду барномаи пешин дар рушду такомули сохтору зинаҳои ҳокимияти судии кишвар нақши муҳим бозид.

Яке аз рукнҳои асосии фаъолияти судҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад, зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки ҳар қадар сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бошад, ҳамон андоза дар ҷомеа волоияти қонун бештар таъмин мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки тарафдори барпо кардани давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошанд. Аз ин хотир, Пешвои миллат дар Паём пешниҳод карданд, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2019 — 2021 таҳия карда шавад. Бешубҳа, ин ташаббус иқдоми навбатиест дар роҳи эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд.

Фармон ҲАМРОЕВ,

устоди фанни «Ҳуқуқшиносӣ»-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор