Ҳар гоҳ Ҷаббор Саломов аз Душанбе ба деҳаи Нимич биёяд, мардони адабиётдӯсту суханпарвар дар меҳмонхонае ҷамъ мешаванд. Номбурда мутахассиси соҳаи физикаи ядроист. Беш аз панҷоҳ сол аст, ки ба пажӯҳиш машғул асту дар баробари ин, адабиёти гузашта ва имрӯзаро хуб медонад. Асарҳои адибони мамолики гуногуни оламро хондааст. Ӯ ва ҳамкоронаш солҳои охир таҳти сарварии олими маъруфи тоҷик У. Мирсаидов пайи он талош мекунанд, ки комёбиҳои дар соҳаи атом бадастовардаи олимони тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд.
Он бегоҳ низ дар меҳмонхонаи додари Ҷаббор Саломов — Абдураззоқ даври дастархони пур аз нозу неъмат одами зиёд нишаст. Лаҳзае ки ман вориди меҳмонхона шудам, аҳли маҷлис аз рӯзгори шоири маъруфи тоҷик, шодравон Боқӣ Раҳимзода мегуфтанд. Пора-пора ашъорашро мехонданд ва Ҷаббор Саломов чанд шеъри шоирро хонд ва аз он ифтихор кард, ки борҳо дар суҳбати устод нишастааст.
Саидбурҳон Ҷониев, омӯзгори собиқадор, ки беш аз сӣ сол вазифаи директори мактаби миёнаи деҳаро ба дӯш дошт, он шаб хеле болидатабъ буд.
- Акаи Абдуҷаббор, устод Боқӣ борҳо меҳмони мардуми деҳаи Нимич шудааст, — гуфт Саидбурҳон. — Мо ҳам дар суҳбаташ ширкат варзидаем ва хотираҳои зиёд дорем.
- Устод на танҳо шоири бузург, балки инсони комилу боинсоф буд. Пайваста дар сафар буданд, ба ҳама ҷо мерафт ва мардум ӯро мисли фарзанди деҳа ё шаҳри хеш истиқбол мекарданд. Аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ беҳтарин навқаламонро интихоб карда, ба марказ мебурд. Дар тарбияи ҷавонони эҷодкор саҳми арзанда дошт. Роҳбарияти ҷумҳурӣ ӯро қатори устод Турсунзода эҳтиром менамуданд. Дар деҳаи Нимич дӯстони зиёд дошт. Раҳматии Қандилу Қуқанӣ ва падарам Абдусаттор Саломов, Талабшоҳи Мирзову Раҳмати Гадо, Умаралӣ Раҷабу Фозили Шариф, Муҳаммадсолеҳи Абдул, мулло Абдуҷаббор ва боз касони зиёде бо ӯ дӯстӣ доштанд. Ҳар гоҳ, ки ба ноҳияи Рашт меомад, як рӯзро ҳамроҳи дӯстони нимичиаш мегузаронд.
Соли 1971 устод Раҳимзода ҳамроҳи як гурӯҳ адибони рус ба ноҳияи Ғарм омад. Аз нав риштаи суханро ба даст мегирад Саидбурҳон. Дар байни меҳмонон тарҷумон ва шоир Д. Седих низ буд. Иди қурбон буд. Сокинони деҳа дар бар сарулибоси тоза аз намози ид баромада буданд, ки сабукрав дар назди чойхона қарор гирифт. Мардони деҳ меҳмононро бо чеҳраи кушоду табъи болида пешвоз гирифтанд. Устод ба мардуми деҳа рӯй оварду бо лаҳни ширин гуфт:
- Ман ҳамроҳи меҳмонони гиромиқадр, ки аз дили кишвари паҳноварамон омадаанд ба дидорбинии шумо омадам. Агар ба хонаи нафаре меҳмон шавем, дигарҳо меранҷанд. Хуб мешавад, агар дар чойхона суҳбат намоем…
Пешниҳоди шоир ба сокинони деҳа хуш омад ва меҳмонон бо таклифи пирони рӯзгордидаи деҳ вориди чойхона шуданд. Табиист, ки рӯзҳои ид мардум дар меҳмонхонаҳо дастархон густурда, интизори меҳмон мешаванд. Ба хотири меҳмонони олиқадр дар чойхона дастархон густурданд ва пиру барно даври дастархон нишастанд. Барои меҳмонон дар табақҳои чӯбин чанд намуд ғизо кашиданд ва баробари қошуқҳои оҳанин қошуқҳои чӯбин низ оварданд. Меҳмонҳо бо навбат бо тоҷикиву русӣ шеър хонданду бобати масоили гуногун суҳбат карданд. Устод Боқӣ байни гуфтаҳои онҳо зарофатгӯӣ мекарду табъи меҳмонону мизбонон болидатар мегардид. Мардуми деҳа боадабона иҷозати сухан мепурсиданд ва устод Боқиро саволборон мекарданд. Ӯ ба саволҳо ҷавоб мегуфт.
Дар омади гап устод ба мардони деҳа рӯй оварду гуфт:
- Дар зиндагии инсон ҳар кор шуданаш мумкин. Лаҳзаҳое мешавад, ки байни зану шавҳар нофаҳмие пайдо мегардад. Баъзе ноҷавонмардон дар ин ҳолат ҳамсари хешро зулм мекунанд. Мабодо дар байни шумо ҳам чунин мардон бошанд? Зан муъҷиза аст, зан муқаддас аст ва занро як нависандаи бузурги дунё «чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт» гуфтааст.
Мардони деҳа ба ҳарфҳои ширини устод гӯш дода, садо баланд намекарданд. Аз нав овози ширини ӯ фазои чойхонаро пур кард:
- Ман ҳам барои янгаатон як ғазал навиштам. Устод айнакашро дуруст кард ва аз киса дафтареро баровард ва ин ғазалро хонд:
Ҳамеша дар вафоят пойдорам, як табассум кун,
Ба аҳди хеш доим устуворам, як табассум кун.
Дили шоир талотумгоҳи эҳсос аст, медонӣ.
Агар хоҳӣ, ки хомӯшаш надорам, як табассум кун.
Гаҳе чун қатраи шабнам ба ҷавфи ғунча меғунҷад,
Намегунҷад ба дунёе нигорам, як табассум кун.
Умедам ин, ки эъҷози диламро хубтар донӣ,
Бигир, онро ба дастат месупорам, як табассум кун.
Ба ҳифзи он табассум хасмро аз пой андозам,
Замон додаст ин сон иқтидорам, як табассум кун.
Фалакро баҳри лабханди ту таъмири дигар кардам,
Қамарро зери поят мегузорам, як табассум кун.
Табассум, то ки дар гирди лабат маъво кунад умре,
Димор аз рӯзгори ғам барорам, як табассум кун.
Муҳаббат бо ҷунун ҳамранг гардад, рашк мемирад,
Дар ин раҳ Боқии овозадорам, як табассум кун.
Мардум ба эҳтироми сухани волои шоир аз ҷо бархостанд ва мавҷи қарсак дару девори чойхонаи барҳаворо ларзонд…
- Мабодо агар янгаҳо аз ягон сухани беҷои шумо гиреҳ ба чеҳраву абрӯ зада қаҳр кунанд, ҳамин ғазалро барояшон қироат кунед, бовар дорам, ки аз аспи ҷаҳл мефуроянду дар чеҳраашон ханда гул мекунад.
Дар хатми маҳфил яке аз меҳмонони рус даст ба рӯи сина ҷониби мардум таъзим кард ва баъд ба кӯҳҳои сарбафалаккашидаи рӯ ба рӯи деҳа, ки он замон қуллаи баландтаринашро «қуллаи Пётри як» меномиданд, ишора карду гуфт: «Дили шумо мисли он қулла сафеду покиза аст. Шумо дар ҳақиқат, мардуми бузургед. Имрӯз қадри шоирро миёни мардуми тоҷик дидаму сарам ба осмон расид. Ба назди шумо — миллати бузурги соҳибтамаддун ва фарҳангпарвар сари таъзим фуруд меорам».
Он рӯз мардуми деҳа ба меҳмонон ҷомаву тоқии гулдӯзӣ туҳфа карданд. Дар он соат чеҳраи устод Боқӣ аз шодӣ гул кард. Ба андешаи ман, хушбахттарин марди дунё буд…
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»