Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи вохӯриҳои якҷояи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагонро дар шаҳру ноҳияҳо тасдиқ намуд.
Тавре раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, қонунгузор муайян кардааст, ки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудан ҳуқуқ доранд, ки ба ташвиқу тарғиби барномаҳои пешазинтихоботии худ шуруъ намоянд.
Мутобиқи нақшаи чорабиниҳо мо ба қароре омадем, ки тақрибан дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ вохӯриҳои якҷояи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо интихобкунандагон доир намоем.
Тавре огаҳӣ доред, вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президентӣ бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Чунин вохӯриҳо дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор, шаҳри Турсунзода низ гузаронида шуданд. Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо зимни вохӯриҳо шаҳрвандонро бо барномаҳои пешазинтихоботии худ муфассал шинос намуданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо интихобкунандагон ба як қатор масъалаҳои вобаста ба раванди интихобот-таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот дар ҷомеа назари худро иброз доштанд.
Мувофиқи қисми 3 моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», номзад ба мансаби Президентӣ ҳуқуқ дорад бо интихобкунандагон чӣ дар маҷлисҳо ва чӣ дар шакли барои интихобкунандагон муносиб вохӯриҳо гузаронад.
Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони корхонаву муассиса ва ташкилотҳо вазифадоранд, ки ба номзадҳо ба мансаби президентӣ дар ташкили вохӯриҳо бо интихобкунандагон, гирифтани маводи зарурии маълумотӣ ва ахборотӣ мусоидат намоянд.
Вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо идома дорад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»